ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИК
Истиқлоли давлатӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои халқи тоҷик ба шумор меравад. 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлоли давлатии худро эълон намуд. Барои Тоҷикистон марҳилаи нави эҳё ва созандагӣ оғоз гардид. Бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ фазои сиёсии Тоҷикистон солҳои 90-ум тағйир ёфт. Дар ҳамон давра Тоҷикистонро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта буд ва масъалаи асосии сиёсати ҳамон давра ҳисобида мешуд. Маҳз дар ҳамин давраи ҳассос ба майдон омадани фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон фазои баамаломадаро дигаргун кард. Бо кӯшишу талошҳои шабонарӯзии Сарвари мамлакат, гуфтушунидҳои зиёд гузаронида шуданд ва Тоҷикистон ба Ваҳдати миллӣ (27 июни соли 1997, Москва) расид.
Тоҷикистон баъди расидан ба Ваҳдати миллӣ чун давлати мустақил сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян мекунад.
Яке аз самтҳои муҳимми ташаккули давлати соҳибистиқлол рушди муносибатҳои байналмиллалӣ (дипломатия) мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ сиёсати сулҳҷӯёнаро бо номи «дарҳои кушод» эълон намудааст, ки бо давлатҳои ҷаҳон муносибати дӯстонаву ҳамкории судманд, бо як қатор мамлакатҳо робитаҳои шарикии стратегиро барқарор намудааст. Мақсади асосӣ ин пеш аз ҳама фазои орому осуда дар минтақа ва устувории амнияту сулҳ байни мамлакатҳои хамсоя маҳсуб меёбад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле баланд шуд. Имрӯз давлати моро мамлакатҳои зиёд ба таври расмӣ мешиносанд. Тоҷикистон бо 183 давлат робитаҳои зичи дипломатиро барқарор кардааст. Тоҷикистон узви зиёда аз 60 ташкилоти байналхалқӣ, минтақавӣ буда, аъзои баробарҳуқуқи СММ, СҲШ, СААД, ИДМ ва дигар ташкилотҳои бонуфуз мебошад.
Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо собит намудааст, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар миқёси ҷаҳон дар ҳалли проблемаҳои глобалӣ ва инчунин, дар рушди амнияти минтақавӣ нақши муҳим дорад. Дар рафти суханронии худ роҳбарияти мамлакат дар иҷлосияи XVIII Шурои Олии ҷумҳурӣ 28 декабри соли 1993 қисмати муҳимми суханронии худро ба роҳу усулҳои пешбурди сиёсати хориҷӣ бахшида, зарурати таҳияи консепсияро махсус таъкид намуд. Ӯ гуфт, ки тавассути чунин консепсия «мо бояд равшан тасаввур карда тавонем, ки фаъолияти давлатамон дар арсаи байналмилалӣ ба кадом тарафҳо ва ба чӣ тарзе ҷараён гирад». Зимни ин роҳбари давлат панҷ ҳавзаеро дақиқ намуд, ки дар он вақт Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҳалли ҷуғрофӣ, мавқеи геополитикӣ ва манофеи иқтисодиаш дохил мешуд ва ин ҷиҳат бояд ҳангоми таҳияи консепсия ба назар гирифта мешуд, ки кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, кишварҳои Осиёи Марказӣ, кишварҳои ҳамсояи форсизабон, давлатҳои мусалмоннишини Шарқ ва ҷомеаи байналмиллӣ ба шумор рафта, дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон худро ҳамчун давлати сулҳофар ва ташаббускор нишон дод.
Чуноне ки қайд карда шуд, дипломатияи тоҷик дар ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷаҳонӣ аз ҷумла сулҳу амният ва ҳифзи захираҳои об саҳми арзанда мегузорад.
Кӯшишҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои ӯро роҷеъ ба ҳалли мушкилоти об махсусан таъкид кардан лозим аст, ки дар ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба масъалаҳои ҷойдошта нақши муҳим доранд. Зеро истифодаи самараноки захираҳои об метавонад яке аз омилҳои муҳимми мустаҳкамии сулҳ, амният, ҳамкорию робитаҳои дӯстонаи байни халкҳо ва кишварҳо гардад. Дар доираи ду ташаббуси аввал – Соли байналмилалии оби тоза эълон гардидани соли 2003 ва Даҳсолаи амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015 дар ҷаҳон ибтикороти зиёд роҳандозӣ шуданд, дар Тоҷикистон бошад чун дар кишвари ташаббускор конфронсҳои байналмилалӣ баргузор гардиданд, ки зимни онҳо барои ҳаллу фасли проблемаҳои ҷойдошта табодули назар ва таклифу пешниҳодоти зиёд ба миён омад. Ташаббусҳои дигари Тоҷикистон, ки аз ҷониби СММ қабул гардид – «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об-2013», солҳои 2018-2028 «Об барои рушди устувор» ва эълон шудани соли 2025 «Соли ҳифзи пиряхҳо» ба шумор меравад.
Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи бисёр ташкилотҳои байналмиллаливу минтақавӣ мебошад ва дар доираи он бо давлатҳои гуногун муносибати бисёрҷонибаро ба роҳ мондааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони конфронси Исломӣ ва ғайраҳо ҳамкории зич дорад.
Ҳадафи асосии иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавӣ таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, робитаҳои боэътимод ва дӯстона байни давлатҳои аъзо ва нозирон дар доираи ин созмонҳо, инчунин таъмини амнияту субот ва рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа мебошад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки терроризм ва ифродгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад, ки имрӯз ин зуҳуроти номатлуб боиси ташвишу нигарониҳои кишварҳои олам гардидааст.
Ҷоиз ба қайд аст, ки маҳз ҳамкории бисёрҷонибаи давлатҳо, аз ҷумла кишварҳои минтақа, ки аъзои чунин созмонҳо ба монанди Созмони ҳамкории Шанхай ҳастанд, дар ҷаҳони муосир ташкилдиҳандагони асосии муоширати байнидавлатӣ ҷиҳати ҳаллу фасли проблемаҳои байналмиллалӣ мебошанд. Аз давраи таъсис ёфтани Созмон сохторҳое ташкил шуданд, ки тақозои воқеияти замони муосир буданд. Масалан, таъсис дода шудани Котиботи СҲШ ва Кумитаи ичроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ (ММЗТ), ки аз моҳи январи соли 2004 фаъолият мекунанд, ҳамчун мақомот ва сохторҳои доимоамалкунанда муайян карда шуданд. Қароргоҳи Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Пекин ва Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ дар шаҳри Тошканд мебошанд.
Ⱪайд кардан бамаврид аст, ки санаи 6-уми августи соли 2021 дар асоси Ⱪарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ нахустин мукофоти олӣ - «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмиллалӣ сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин боиси зикр аст, ки 21-уми декабри соли 2025 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шарикони стратегии минтақа Президенти Қирғизистон Содир Жапаров ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои саҳми арзанда дар танзими сулҳомези масъалаҳои сарҳадӣ ва таҳкими сулҳу субот дар минтақа бо Ҷоизаи байналмиллалии сулҳи ба номи Лев Толстой қадрдонӣ карда шуданд, ки ин нишондиҳандаи ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ва идомаи ҳамкориҳои судманд ба шумор меравад.
Масъалаҳои таҳкиму густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо шарикони стратегии дуру наздик ин ҳама самараи неки Истиқлоли давлатӣ ва рушди сиёсати сулҳҷӯёнаи Сарвари мамлакат дар заминаи тақвияти сиёсати «дарҳои кушод» баҳри пешрафту ободӣ ва ояндаи дурахшони кишвари азизамон ба шумор меравад.
Абдуллоева Азиза,
сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ