ҲИФЗИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ХУДШИНОСИИ ТОҶИКОН ДАР ШАРОИТИ МУОСИР
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, вазъи ноором ва зуд тағйирёбандаи ҷаҳони муосир баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ масъалаи муҳимму тақдирсоз ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ изҳор доштанд, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.
Воқеан ҳам, имрӯз бояд мо аз тоҷик будан ва соҳиби давлати миллии таъриху фарҳанги куҳандошта ҳамарӯза ифтихор намоем. Ин ифтихор сатҳиву забонӣ набуда, он натиҷаи заҳмату талошҳо, муборизаву ҷоннисориҳои аҷдодонамон баҳри ҳифзи фарҳангу хирад, давлатдорӣ ва мероси пурғановати таърихиест, ки миллати ориётабори тоҷик ба оламиён эҳдо намудааст, бо забони ноби тоҷикӣ эҷоду офаридаҳо кардааст, ки имрӯз низ таваҷҷуҳи олимони ватанӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Ин ҳама нишонаи ҳувияти миллӣ ҳамчун эҳсоси баланди меҳанпарастиву ватандорӣ мебошад.
Ҳувияти миллӣ яке аз унсурҳои муҳим ва асоситарини устувориву пойдории ҳар миллату давлат мебошад. Барои миллати тоҷик, ки дорои таърихи шашҳазорсолаи давлатдорӣ мебошад, онро на танҳо муҳаққиқони ватанӣ, балки хориҷӣ тавассути бозёфтҳои бостоншиносӣ омӯхтаву исбот намудаанд ва имрӯз соҳиби давлати мустақилу миллӣ бо номи Тоҷикистон мебошад, боиси ифтихору сарфарозист. Мавҷудияти давлат бо номи Тоҷикистон на танҳо ба шаҳрвандони кишвар, балки барои тоҷикони бурунмарзӣ, ки садҳо баробар аз шумораи шаҳрвандони мо зиёд ҳастанд, ба мақсади ҳифзи ҳувият ва арзишу анъанаҳои миллӣ зарур мебошад. Фарҳанги эҷодкорӣ, забони пурғановати классикӣ ва осору адабиёти дар асрҳои гузашта бо забони ноби тоҷикӣ офаридашударо имрӯз низ бе ягон мушкилот мехонему дарк менамоем. Дар таърих баъди пошхӯрии давлати миллии Сомониён, новобаста ба зери тасарруф ва ҳукмронии аҷнабиён қарор гирифтан халқи тоҷик, аҷдодони мо забону фарҳанги худро аз даст надодаанд, ки ин нишонаи баланди ҳувияти миллии онҳо мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки баъди таназзули давлати миллии тоҷикон – Сомониён тули асрҳо забони тоҷикӣ ба сифати забони расмии давлатдорӣ хизмат намудааст ва пойтахту шаҳрҳои азим (ба монанди Самарқанд, Бухоро, Тирмиз, Шаҳрисабз, Китоб, Ҳирот, Мазори Шариф, Панҷшер, Ош, Машҳад, Теҳрон ва ғайра) аксар тоҷикнишин буданд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархӯрду таҳдидҳои фарҳанги бегона, динситезӣ, хурофоту кӯшишҳои беасоси азони худкунии таърих ва шахсиятҳои таърихӣ, мероси моддию маънавӣ ва анъанаҳои миллиамон моро ба андешаронӣ намудан атрофи суханҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - «ман аввал тоҷик, баъд мусулмонам» водор месозад. Масъалаи ҳифз, таҳким ва рушди ҳувияти тоҷикона вазифаи аввалиндараҷаи давлату миллати мо мебошад, ки мардуми он ҷабри зиёди таърихро кашидааст. Барои ҳифзу баланд бардоштани ғурур ва ҳуввияти миллӣ нақши зиёиёни кишвар, махсусан соҳаҳои илму маориф, қишрҳои фаъол, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як тоҷики бо нангу номусмуҳимму ҳалкунанда ба шумор меравад.
Дар шароити муосир ифтихори миллӣ - манбаи нерӯи созандагӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳифзи озодиву Истиқлол, таъмини осоиштагии мардум ва суботу оромии кишвар маҳсуб меёбад.
Ифтихори миллӣ танҳо ифтихору шодмонӣ аз корнамоиву қаҳрамониҳои гузаштагонамон иборат набуда, балки ин нерӯи равонӣ ва иҷтимоист, ки миллати моро дар ҳама давраҳо устувор нигоҳ доштааст. Имрӯз низ ин эҳсоси гарм аз ҳарвақта бояд моро муттаҳиду қавӣ нигоҳ дорад.
Мо бояд, дар баробари ифтихор кардан аз гузашта, имрӯз таҷрибаи таърихиро хуб омӯзем, сабақ гирем ва ояндаи дурахшонро барои наслҳои ояндасози миллат боқӣ гузорем.
Барои баланд бардоштани ифтихори миллӣ бояд шаҳрвандонро ба арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, омӯзиши таърихи давлатдории тоҷикон, эҳтироми забони тоҷикӣ ҳамчун рамзи ҳастии миллат, фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои кадимии халқи тоҷик равона созем.
Барои эҳёи ҳувияти миллии тоҷикона Истиқлоли давлатӣ нақши муҳим ва калидӣ дорад. Истиқлолияти давлатӣ барои тоҷикон на танҳо як воқеаи таърихиву сиёсӣ, балки бозгашти пурра ба худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад.
Ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ арзиш ва аҳаммияти хоса пайдо намудааст, ки шаҳрвандони кишвар бояд онро хуб эҳсос намоянд. Замони муосир, ки пур аз таззоду манфиатҷӯиҳо ва паҳн намудани ғояву андешаҳои муғризонаву бегона аст моро водор месозад, ки ҳувияти миллиро баланд бардорем ва дар ақидаву андешаи миллии худ устувор бошем. Гуруҳҳои тундраву манфиатҷӯ бо таблиғи фарҳанг, урфу одат, сару либоси бегона, инкори таърих, азони худ кардани муттафаккирону шахсиятҳои таърихии тоҷик мехоҳанд, мардумро ба гумроҳӣ, ҷудоиандозӣ, бегонапарастӣ, ҷангу ҷидол, мухолифат ба давлатдории милливу демократӣ ва дигар бадбахтиҳо раҳнамун созанд. Танҳо дар ҳолати ҳисси баланди ватандӯстӣ, ҳувияти тоҷикона, дониши хуби замонавӣ, ихтирооту навсозӣ, омӯзиши техникаву технологияи муосир, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва беолоиш нигоҳ доштани мафкураи шаҳрвандон мо метавонем пеши роҳи ин амалҳои нопокро гирем.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ояндаи давлату миллат муаррифӣ мекунанд, ки ин бесабаб набуда, дар ҳар давру замон насли ҷавон нигаҳдорандаи ҳувияти миллӣ буданду ҳастанд. Чи қадаре, ки ҷавонон ба забон, таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ бо эҳтирому арҷгузорӣ муносибат намоянд, пояҳои давлатдорӣ ва истиқлолу ваҳдати миллӣ низ устувор мегардад.
Ҳамин тариқ, тоҷик будан дар баробари ифтихору шарафмандӣ, ҳамчунин масъулияти баланд доир ба ҳифзи забон, таърих, фарҳанг, суботу амният ва саҳмгузорӣ ба пешрафт ва муҳофизати Ватани азизамон маҳсуб меёбад.
Ҷабборзода Иброҳим,
дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии
факултети таърих ва ҳуқуқ