ТОЗАНАШР: ПРОБЛЕМЫ РАЗВИТИЯ УСЛУГ ЦИФРОВОГО ТЕЛЕВИДЕНИЯ В УСЛОВИЯХ ТРАНСФОРМАЦИОННЫХ ИЗМЕНЕНИЙ В ТАДЖИКИСТАНЕ
Монографияи илмии Сайдуллоев Умедҷон - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи технологияҳои рақамӣ-коммуникатсионии факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотии Донишгоҳ таҳти унвони Проблемы развития услуг цифрового телевидения в условиях трансформационных изменений в Таджикистане (бо забони русӣ) дар нашриёти «Кова» ба табъ расид.
Асари илмӣ дар ҳаҷми 267 саҳифа ва 16,5 ҷузъи чопӣ таҳия гардида, зери назари доктори илмҳои иқтисодӣ Хусаинов Маннон омода шудааст. Муқарризони монография докторони илмҳои иқтисодӣ Ҷабборов Абдусаттор ва Исмоилов Мамараҳим мебошанд, ки ба сатҳи баланди илмӣ, навоварӣ ва аҳаммияти амалии таҳқиқот баҳои мусбат додаанд.
Дар монография масъалаҳои мубрами рушди хизматрасониҳои телевизиони рақамӣ дар шароити дигаргуниҳои табдилотии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва технологӣ мавриди омӯзиши амиқ қарор гирифтаанд. Муаллиф равандҳои ташаккул ва рушди телевизиони рақамиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил намуда, омилҳои таъсиррасон ба бозори хизматрасониҳои телевизионӣ, сатҳи рақобат, инфрасохтори техникӣ ва заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаро баррасӣ кардааст.
Ҳамзамон дар асар вазъи кунунии хизматрасониҳои телевизиони рақамӣ, мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла маҳдудиятҳои техникӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ таҳлил гардида, дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ пешниҳодҳои мушаххас оид ба такмили механизмҳои рушди соҳа ироа шудаанд. Муаллиф самтҳои афзалиятноки рушди хизматрасониҳои телевизиони рақамиро дар Тоҷикистон муайян намуда, роҳҳои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва дастрасии аҳолӣ ба технологияҳои муосири иттилоотиро пешниҳод мекунад.
Монография дорои аҳаммияти назариявӣ ва амалӣ буда, метавонад барои таҳияи стратегияҳо ва барномаҳои рушди соҳаи телевизион ва радио, инчунин барои таҳкими инфрасохтори рақамии кишвар истифода шавад.
Ин асари илмӣ пеш аз ҳама барои ходимони илмӣ, аспирантон ва докторантон, кормандони соҳаи телевизион ва радио, мутахассисони ташкилотҳои соҳаи хизматрасонӣ ва ҳамаи нафароне, ки ба масъалаҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотӣ таваҷҷуҳ доранд, пешбинӣ шудааст.
Маркази иттилоот ва таҳлил