ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР»
Омӯзгор роҳнамо ва мураббии наслҳои оянда аст. Пешрафти ҷомеа ва давлат аз донишу садоқати омӯзгор вобаста мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
31-уми июли соли 2025 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Ин санади муҳимми ҳуқуқӣ дар асоси моддаи 58-иКонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ба ҳифзи ҳуқуқ, таъминоти иҷтимоӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа равона шудааст. Боиси ифтихору фараҳмандист, ки санаи 15-уми октябри соли 2025 қонуни мазкур қабул гардид.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» арҷгузорӣ ба заҳмати омӯзгор ва нишонаи эҳтироми давлат ба ҳодию роҳнамову равшангари роҳи маърифат аст. Қонун аз 6 боб ва 16 модда иборат буда, ҳуқуқу уҳдадориҳои омӯзгорон, омодакунӣ, такмили ихтисос, аттестатсия ва кафолатҳои иҷтимоии омӯзгорро фаро мегирад. Тибқи моддаи якум, омӯзгор шахсе дониста мешавад, ки дорои таҳсилоти миёна ё олии касбӣ буда, дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, миёна, олӣ ва иловагӣ ба таълиму тарбия машғул аст. Мафҳуми «мақоми омӯзгор» дар қонун на танҳо ҳолати ҳуқуқӣ, балки шаъну шараф, таъминоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дахлнопазирии фаъолияти касбии омӯзгорро дарбар мегирад.
Қонун аз нуҳ принсипи асосӣ иборат аст, ки онҳо зинаи нави муносибатро миёни давлат ва омӯзгор муайян мекунанд:
- қонуният;
- инсондӯстӣ;
- ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои омӯзгор;
- баланд бардоштани доимии маҳорати касбӣ;
- таъминоти иҷтимоии омӯзгор;
- ҳамкорӣ бо падару модар дар раванди таълиму тарбия;
- дахолат накардан ба фаъолияти касбӣ;
- манъи ҷалби омӯзгор ба корҳои ғайритаълимӣ;
- манъи санҷишҳои ғайрисоҳавӣ нисбат ба фаъолияти омӯзгор.
Ин принсипҳо ба ҳадафи асосӣ — боло бурдани эътибори омӯзгор ва фароҳам овардани муҳити ором барои фаъолияти ӯ нигаронда шудаанд.
Моддаи 4-и лоиҳаи қонун шаъну шарафи омӯзгорро «дахлнопазир» эълон мекунад. Эҳтироми омӯзгор на танҳо аз ҷониби давлат, балки аз ҷониби ҷомеа низ таъмин мегардад. Ҳар гуна амале, ки боиси паст задани обрӯи омӯзгор гардад, манъ шудааст. Ин меъёр нишон медиҳад, ки омӯзгор бояд зери ҳимояи қонун ва афкори ҷамъият бошад.
Қонун ба омӯзгор як қатор ҳуқуқҳои муҳим медиҳад, аз ҷумла:
- талаб кардани шароити зарурӣ барои таълим;
- интихоби усул ва шаклҳои таълим тибқи стандартҳои давлатӣ;
- иштирок дар таҳияи барномаҳо ва китобҳои дарсӣ;
- истифодаи технологияҳои нав ва гузаронидани озмоишҳои педагогӣ;
-баҳодиҳии воқеъбинона ба донишҷӯён;
- гузаштан аз аттестатсияи ғайринақшавӣ;
- гирифтани рухсатии меҳнатӣ тибқи қонун;
- таъхир додани хизмати ҳарбии муҳлатнок дар давраи фаъолияти омӯзгорӣ;
- машғул шудан ба фаъолияти инфиродии таълимӣ, аз ҷумла дар хона;
- ҳавасмандгардонӣ барои ихтироъ ва навовариҳои эҷодӣ.
Ин ҳуқуқҳо ба омӯзгор имконият медиҳанд, ки бо озодӣ ва эътимод фаъолият намуда, нақши худро дар рушди насли нав беҳтар иҷро намояд.
Тибқи моддаи 5, банди 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» омӯзгор метавонад:
«Дар давраи фаъолияти омӯзгорӣ хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъхир гузорад».
Яъне, агар шахс дар муассисаи таълимӣ ба сифати омӯзгор фаъолият дошта бошад, ӯ метавонад аз хизмати ҳарбӣ муваққатан озод гардад. Ин имтиёз махсус барои ҳифзи омӯзгорон аз қатъ шудани фаъолияти касбиашон пешбинӣ шудааст. Он ба ҷавонон имкон медиҳад, ки ба ҷойи хидмат дар артиш, дар соҳаи маориф ба Ватан хизмат кунанд.
Дар моддаи 3-и Қонуни «Дар бораи мақоми омӯзгор» гуфта шудааст:
«Омӯзгор ба корҳои ғайритаълимӣ ҷалб карда намешавад. Манъ аст ҷалби омӯзгор ба фаъолиятҳое, ки бо раванди таълиму тарбия алоқаманд нестанд.
Яъне, омӯзгор дигар ба ҷамъоварии пахта, обуна ба рӯзнома, ҷамъоварии маблағ ва корҳои беруна маҷбур карда намешавад. Ин меъёр бори аввал ба таври расмӣ омӯзгорро аз ҳама гуна фишори маъмурӣ ва вазифаҳои ғайрисоҳавӣ озод мекунад, ки аз ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат дарак медиҳад.
Ҳамчунин, боиси фараҳмандист, ки бо дастуру назорати бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон:
- дар солҳои охир маоши омӯзгорон якчанд маротиба баланд гардид;
- барои омӯзгорони деҳот ва кӯҳистон имтиёзҳои иловагӣ ҷорӣ шуд;
- имкони соҳиби манзили истиқоматӣ шудан ба қарзҳои имтиёзноки манзилӣ фароҳам оварда шудааст.
Илова бар ин, омӯзгорон ҳангоми фаъолият аз рухсатии пулакӣ, муоинаи тиббӣ ва бозомӯзии ройгон баҳра мебаранд.
Имтиёзҳои мазкур нишон медиҳанд, ки давлат ба омӯзгор на танҳо ҳамчун корманд, балки ҳамчун сарчашмаи хирад ва пойдевори миллат менигарад. Яъне, метавон гуфт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки изҳори эҳтиром ба меҳнати омӯзгор мебошад.
Бо қабули ин қонун, давлати Тоҷикистон як қадами муҳим ба сӯи баланд бардоштани сатҳи зиндагии омӯзгорон, ҳифзи ҳуқуқи онҳо ва устувор намудани мавқеи мактабу маориф мегузорад.
Назира Шамсиддинова,
дотсенти кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқи
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»