СИЁСАТИ ФАРҲАНГӢ – КАФИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Муҳаммад Иқбол
Китоб чун падидаи муҳими фарҳангӣ ва созанда дар таърихи башарият шинохта шудааст, ки мавҷудияти он дар асоси пайдоиши хат ва намудҳои он арзёбӣ мешавад. Дар партави зуҳури навиштан ва нигоштан, ки ба забони арабӣ онро «китобат» гӯянд, мафҳумҳои дигаре монанди «китобдорӣ», «китоба», «китобӣ», «китобсозӣ», «китобнависӣ», «китобороӣ» ва «китобдӯстӣ» ва ғ. ба вуҷуд омадаанд, ки ҳама бозгӯи фарогирии китоб чун муҳимтарини арзиши тамаддуни башарӣ мебошанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки тафаккури китобӣ доштан, аҳли китоб будани ин ё он халқу миллат ҳамоно ба маънии дорои тамаддун ва фарҳанг, олами пурғановати маънавият будани он аст.
Пешвои миллат дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» унсурҳои таҳкими истиқлолият ва ҳувияти миллиро тавзеҳ дода чунин менигоранд: «Таърихи тамаддуни башарӣ гувоҳ аст, ки худшиносӣ ва ифтихори миллӣ пойдевори баҷои миллати соҳибэҳтиром ва бофарҳанг аст. Миллате, ки забон, тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро қадр намекунад, пояҳои истиқлолияташаро низ чандон дер пуштибонӣ карда наметавонад». Пас, суоле матраҳ хоҳад шуд, ки: «Китоб ва фарҳанги китобдориву китобхонӣ то чӣ ҳадде бо ҳувият ва ифтихори миллӣ, бо худшиносии мо пайванд ва робита хоҳад дошт? Посух ин хоҳад буд, ки наметавон бе донистани гузаштаи таърихии худ, бе огоҳӣ аз дирӯз тафакку ри имрӯзин ва фардосозро бо худ дошт. Ин гуна огоҳӣ бошад қабл аз ҳама бо хондани китоб ба даст меояд. Зеро китоб ҳофизаи таърихии ҳар қавму миллат аст. Вақте ба таърихи ташаккули илм, забон, фарҳанг, дин, санъат, ахлоқ ва зерсистемаҳои дигари ҷамъият бингарем, шоҳиди он хоҳем буд, ки ин ҳама дар китоб шакл гирифт ва тавассути китоб ҳамчун дастоварди инсоният аз насл ба насл омад. Пас, китоб хотираву ҳофизаи таърихи инсоният аст. Яъне китобро оинаи таърих ва таърихро инъикосгари дастёбии инсоният дар тӯли мавҷудияти ӯ донистан бамаврид хоҳад буд. Беҳуда намегӯянд, ки хонаи бекитоб монанди ҷисми берӯҳ аст. Мусаллам аст, ки ҷисми берӯҳ маъно ва арзиш надорад. Ин аст, ки арзиш ва ҷойгоҳи хонавода низ аз китоб вобаста хоҳад буд. Чаро ки хонавода ба ҳайси яке аз ниҳодҳои пуриқтидори ҷомеа эътироф мешавад ва берӯҳу беқадр мондани ин ниҳод бешубҳа, дар фаъолияти системаи ҷомеа бетаъсир нахоҳад монд.
Маҳз бо назардошти ҳамин матлаб аз ҷониби Пешвои миллат амр гардидани ҳадяи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров дар остонаи 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва тақдими «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар арафаи 35-умин солгарди он ба ҳар як хонаводаи кишвар бисёр нуктаи арзандаи ситоиш хоҳад буд. Чаро маҳз китоби «Тоҷикон» ва «Шоҳнома»? Зеро ин китобҳо ба ҳайси таърихномаи миллати тоҷик ва гузаштаи мардуми ориёитабор эътироф гардидаанд ва мутолиаи ин китобҳо барои ҳар як тоҷики бонангу ор амри зарурист. Дар муқаддимаи китоби «Тоҷикон» (Душанбе: Дониш – 2008), ки мутааллиқ ба қалами Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, зикр мешавад: «Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем. Дар ин роҳи пуршараф чопи осори гаронбаҳои академик Бобоҷон Ғафуров барои барафрӯхтани эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ мадад хоҳад расонд». Ин матлабро Пешвои миллат дар масири давлатдории навини тоҷикон собит намуда, кулли самтҳои давлат ва ҷомеаро дар пайвандии ногусастанӣ бо китоб ва такя ба фарҳанги китобдории миллати шарифи тоҷик пеш мебаранд.
Дар таҷрибаи масири рӯзгори инсоният собит гардида, ки неъмате гаронқадртар аз сулҳу иттиҳод нест. Кулли абнои башар низ муттафиқ бар онанд, ки ҳамин СУЛҲ ва ИТТИҲОД сарчашмаи саодати зиндагонист. Ва чун ин ҳар ду набудӣ, неъматҳову дастовардҳои дигари инсонӣ низ ҳаргиз наметавонистанд қимат ва арзиши хешро рӯнамо созанд. Аммо он ки на танҳо бар худу хонаводаи худ, балки барои миллату Ватани хеш ин неъматҳоро арзонӣ медорад, бешак, дар саргаҳи ободиву созандагӣ қарор дорад ва мафҳумҳои Ватан, Миллат, Халқ барояш қиматтар аз умру ҷони ваянд.
Мардуми тоҷикро ҷои қадршиносӣ ва сарбаландист, ки чунин Садри кишвар дорад ва ӯро Пешвои хеш хондааст. Пешвое, ки дар ҳар зинаву сулули роҳбарияш гароиш ба маънавият, хираду хирадпарварӣ, ҳунари офарандагиву созандагӣ ҳар чӣ бештар эҳсос мешавад ва дар ин ҳама тулӯи ҳақиқат пайдост. Ҳамон ҳақиқате, ки алайҳи бутлон муборизаи беамон ва ҳақгӯёну ҳақҷӯёнро дар амону паноҳ дорад.
Муҳаққиқону мудаққиқон аз китоби корномаҳои бузургони сулҳофару сулҳовари миллат навиштаанду гуфтаанд, перомуни осори ҳақиқатнигоронаи эшон низ саманди андеша ба майдони сухан тохтаанд. Аммо таъкиди ин нукта ба такрор муҳим аст ва сиёсати китобдориву арҷгузорӣ ба оини китобдорӣ дар ҳар давру замон далели он, ки китоб ҳамоно самараи андеша аст ва адами китобдориву китобхонӣ адами тафаккур ва маърифат, билохира хатари нобудии ҷомеаи маънавӣ хоҳад буд.
Мухлиса Нуруллоева,
номзади илмҳои филология, дотсенти
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»