АРЗИШИ ТАЪРИХӢ, СИЁСӢ ВА ФАРҲАНГИИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурии азизамон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирифта мешавад. Парчам яке аз рамзҳои давлатӣ буда, нишонаи ҳастии кишвари соҳибистиқлол мебошад.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254 аз 12-уми майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад. Дар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11-уми декабри соли 1999 бо Қарори №892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Парчам яке аз муҳимтарин рамзҳои давлатӣ ва нишонаи истиқлолияти ҳар як миллат ба ҳисоб меравад. Он дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ, таҷассумгари ваҳдати миллӣ, худшиносии таърихӣ ва мақому манзалати давлат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ (9 сентябри соли 1991), Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати доштани рамзҳои миллии худро эҳсос намуд. Дар ҷаласаи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24 ноябри соли 1992, Парчами нави давлатӣ қабул гардид. Ин сана ҳамчун рӯзе ба таърих ворид шуд, ки Тоҷикистон расман соҳиби рамзи давлатӣ гардид, ки аз ҳувият, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ сарчашма мегирад.
Парчами давлатии Тоҷикистон аз се рахи уфуқӣ иборат аст:
- Ранги сурх — рамзи шуҷоат, истиқлолият ва мубориза барои озодӣ мебошад. Он ҳамчунин нишонаи қаҳрамониҳои таърихии ниёгон аст.
- Ранги сафед — рамзи покизагӣ, сулҳ, адолат ва ваҳдати миллӣ буда, инчунин ба кӯҳҳои барфпӯши кишвар ва нияти поки мардуми тоҷик ишора мекунад.
- Ранги сабз — рамзи ҳаёт, табиат, зироаткорӣ ва эҳёи миллӣ мебошад.
Дар миёнаи парчам тоҷ ва ҳафт ситора ҷой доранд. Тоҷ рамзи соҳибдавлатӣ ва шоҳона аст, ки аз решаҳои таърихии фарҳанги тоҷикон (аз замони Сомониён) сарчашма мегирад. Ҳафт ситора бошад, аз рӯи анъанаҳои зардуштӣ ва исломӣ рамзи комилӣ, саодат ва бахт шумурда мешавад.
Маънии рангҳои парчами Тоҷикистонро шарҳҳои мухталиф кардаанд, аммо ба ақидаи мо аз нигоҳи таърихӣ шарҳи илмии рангҳои парчам бояд чунин бошад: Рангҳои миллии тоҷикон чун дигар мардуми ориёнажод сурху сафеду сабз ҳастанд, ки аз гаҳи бостон то замони кунун расидаанд.
Дар ҳамагуна давлату давлатдории ҷаҳон парчам яке аз рамзҳои давлатӣ ба ҳисоб рафта дар байни мардум бо номҳои алам ва байрақ низ машҳур будааст. Калимаи байрақ туркӣ буда, маънояш – роят, парчам, ливо, дирафш мебошад ва дар байни халқ солҳои дароз маъмулу мақбул гаштааст.
Дар ҷомеаҳои ориёӣ (ҳиндуэронӣ) табақаҳои сегонаи аслӣ бо ранги вижаи худ таъбир ва шинохта мешудаанд. Дар забони ҳиндии бостон varna- (аз решаи var — «пӯшидан») ҳам ба маънои ранг ва ҳам ба маънои табақаи иҷтимоӣ будааст. Дар забони эронии бостон низ pistra — ҳам мафҳуми ранг дошта ва ҳам маънии табақаи иҷтимоӣ. Вожаи пеша ба маънои шуғл дар забони форсӣ-тоҷикӣ аз ҳамин вожа аст.
Дар он рӯзгор ранги сафед вижаи руҳониён, сурх вижаи размиён ва кабуд вижаи мардум (кишоварзон ва чорводорон) будааст. Ду ранг аз он се ранг ҳанӯз ҳам дар дирафши Эрон ҳастанд: сурху сафед. Аммо ранги севум ба ҷойи кабуд сабз гаштааст ва иттифоқан ба кори кишоварзон наздиктар аст.
Дар Эрон пеш аз густариши ислом табақаҳои суннатии ҷомеа ҷомаҳое мепӯшиданд, ки аз назари ранг бо якдигар муаррифгари шахсияти табақотии соҳиби ҷома буданд. Руҳониён, ки онҳоро осрунон мехонданд, ҷомаи сафед мепӯшиданд ва мазҳари осмонии онҳо Ҳурмузд буд. Руҳониёни зардуштӣ ҳанӯз ҳам ҷомаи сафед бар тан доранд. Востриюшон (Авесто: vаstrya-fsuyant-) ки дар давраи Сосониён бештар деҳқонони содаи рустоҳоро бад-он ном мехонданд, ҷомае нилӣ ё кабуд мепӯшиданд ва мазҳари осмонии онҳо Сипеҳр буд. Ҷомаи нилиранги деҳқонон то чанд даҳа пеш дар Эрон ҳанӯз ривоҷ ёфта буд.
Дар адабиёти паҳлавӣ Ҳурмузд (Авесто: ahura.mazdа-; паҳлавӣ: ohrmazd) ҷомаи сафеди руҳониён, Вой (Авесто: vayu-/vayaw-; паҳлавӣ: way – ба маънии фазо, – эзиди ҷанг) ҷомаи арғувонии артишторон ва Сипеҳр (Авесто: оwаsa; паҳлавӣ: spihr) ҷомаи нилии кишоварзонро бар тан доранд ва ҳар як муаррифгари минуи яке аз табақаҳои сегонаи ҷомеа ҳастанд.
Рӯзи Парчами давлатӣ на танҳо як санаи рамзӣ, балки василаи таҳкими ҳувияти миллӣ ва ваҳдати мардум мебошад. Парчам дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва сулҳҷӯ муаррифӣ мекунад. Дар дохили кишвар бошад, он ба ҷавонон ҳисси ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдориро меомӯзонад. Ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, илмӣ ва варзишӣ бахшида ба ин рӯз баргузор мегарданд. Ин анъана барои таҳкими ҷаҳонбинии ватандӯстона ва баланд бардоштани эҳсоси масъулиятшиносии шаҳрвандон нақши назаррас дорад.
Парчам ҳамчун як рамзи идеологӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим мебозад. Таҳқиқоти олимон нишон медиҳанд, ки рамзҳои давлатӣ (мисли Парчам) дар ташаккули идентификатсияи миллӣ ва таҳкими қудрати давлат нақши асосӣ доранд. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва таъсири фарҳангҳои гуногун, нигоҳдории рамзҳои миллӣ яке аз воситаҳои асосии ҳифзи суботи маънавии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, таҷлили Рӯзи Парчам на танҳо як ҷашни давлатӣ, балки як амали муҳими иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад.
Хулоса, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ваҳдат, истиқлолият ва худшиносии миллӣ аст. Ҷашни Рӯзи Парчам боиси баланд шудани сатҳи ифтихори миллӣ, ваҳдати мардум ва тақвияти ҳисси ватандӯстӣ мегардад. Дар шароити муосири ҷаҳонӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ – пеш аз ҳама, эҳтиром ба давлат ва миллат аст.
Сарвиноз Ҷӯраева,
доктори илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи
забон ва адабиёти тоҷики факултети забонҳои шарқи
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»