​КОНСТИТУТСИЯ – РОҲНАМОИ МИЛЛАТ

Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик ҳамеша барои рушду пешрафт ва ободонии кишварталош намуда, аз ягонмуаммо ва мушкилоти мавҷуда наҳаросида,пайи расидан ба сарманзили мақсуд ҳамаҷонибаҷадал намудаанд. Давлату ҳукумати кишвар ҳамеша барои дифоъ ва пуштибонии манофеи кишвар ва шаҳрвандонашталош доранд. Ин аст, ки Конститутсия кишвар қабул гардида, барои мардум зиндагии шоистаро кафолат додааст. Имрӯз муҳим ва зарур аст, кишаҳрвандони кишвар ҳама чи хурду бузург бояд Конститутсиякишварро эҳтиром намоянду аз руйи он амал намоянд.

Барои кишвари соҳибистиқлоли мо баробари сулҳу ваҳдат Конститутсия чун неъмати бебаҳодар ҳама давру замон муҳим ва зарур аст. Хушбахтона Конститутсияи кишвар имрӯз барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ҳама гуна имтиёзҳоро пешниҳод намудааст. Ин ҳама ободониву рушду пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар имрӯз ҳар як шаҳрвандро водор менамояд, ки бо назардошти ҳуқуқу уҳдадориҳои хеш бароиободиву шукуфоии Ватан талошу ҷадал намоянд.

Конститутсия чун шиноснома миллату давлатро дар арсаи дохилӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Конститутсия барои пешрафт ва рушди давлату миллат хизмат мекунад ва бахтномаи миллат ба ҳисоб меравад. Дар конститутсия мундариҷа ва моҳияти тамоми соҳаҳои зиндагӣ ва дурнамои инкишофи давлату давлатдорӣ: шакли идоракунӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мақомоти ҳокимиятидавлатӣ, хулоса, муҳимтарин самтҳо ва равияҳои рушди ҷомеа ва давлат инъикосёфтаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қарор аст мо имсол 31 – солагии онро ҷашн гирем, ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар таъсиси Конститутсия Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда гузоштаанд.

Конститутсяи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал 6 ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст. Баъдан 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсия тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд, ки минбаъда ҷиҳати гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҷомеа ва халқ замина гузоштанд. Конститутсияи Тоҷикистон, ҳамчун ҳуҷҷати баландэътибори ҳуқуқӣ, консепсияи ҳозиразамони ҳуқуқу озодиҳои инсонро инъикос мекунад ва ин сифати Қонуни асосӣ шароити мусоидро барои рушди ҳама соҳаҳои ҳуқуқ, аз ҷумла, ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи молиявӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ ва дигар ҳуқуқҳо ба вуҷуд овардааст..

Дар ҳоли ҳозир дар ин даврони ҷаҳонишавӣ ки дунё дар ҳоли тағйиру дигаргуниҳост, ҳар нафар бояд дарк намояд, ки кишвари тозаистиқлоли мобо он ҳама талошҳои муассири худ дар ояндаи наздик ба як давлати ободу рушдкарда табдил хоҳад ёфт. Ин ҳама боз ҳам аз ҳар яки мо масъулияти ҷиддиро талаб менамояд, ки бароидифоъ аз манофеи миллату меҳани маҳбуби хешталош намоем.

Хулоса тайи 34 соли истиқлоли давлатӣ Конститутсия ҷиҳати беҳтар намудани вазъи ҳуқуқии сокинони кишвар, кафолати озодиҳои шаҳрвандон заминаи мусоид гузошт.

А.А.Шехов,

устоди Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ