​ТОЗАНАШР: ЭЛЕКТР ВА МАГНЕТИЗМ

Китоби дарсии «Электр ва магнетизм», ки ба қалами профессор [Абдуалӣ Абдуманнонов], дотсентон Муҳаммадӣ Раҳматзода ва Мухтор Эгамов тааллуқ дорад, ба муҳимтарин ҳодисаҳои электронмагнитӣ ва татбиқи амалии онҳо бахшида шудааст. Китоб соли 2025 дар нашриёти «Нури маърифат» ба табъ расида, шомили 296 саҳифа мебошад.

Ба китоб докторон ва номзадони илмҳои физика ва математика Тағоймурод Солеҳов, Донёр Ақдодов, [Ҳаким Тошхӯҷаев] ва Зиёваддин Низомов тақриз навиштаанд.

Дар ҳар як боби китоб қонунҳо ба таври муфассал шарҳ дода шуда, намунаи ҳалли масъалаҳо низ оварда шудааст.

Китоб фарогири панҷ боб, 85 зерфасл, бахшҳои «Формулаҳои асосӣ», «Воҳидҳои бузургиҳои физикӣ» ва «Ном ва ишораҳои бузургиҳои физикӣ» мебошад.

Китоб ба доираи васеи донишҷӯён, магистрантон, омӯзгорони ҷавон ваҳамаи онҳое, ки оид ба ҳодисаҳои элекромагнитӣ ва татбиқи амалии онҳо таваҷҷуҳи бештар доранд, тавсия гардидааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ