​ТОҶИКИСТОН – ҶОНИБДОРИ СУЛҲУ ОСОИШ

Дар шароити ҳозираи сиёсиву иҷтимоии кишвари мо бо мақсади боз ҳам вайрон кардани вазъи сиёсӣ-иҷтимоӣ ҳар қувваи беруниву дохилӣ манфиатдор аст, ки ба паҳн кардани ҳар гуна афкору андеша имкон ёбад. Ин амал, албатта, натиҷаи носолимии қувваҳои харобовар аст. Вусъату густариши терроризм ва зуҳури таҳдидҳои ҷиддии амниятӣ барои аксар кишварҳои олам гӯё руҳи тоза даровардан ба нафаси ин гуна афрод буд, аз ин рӯ, барои вайрон кардани фазо аз ҳар роҳ рӯ намегардонанд. Мағзу ҷавҳари сиёсати имрӯзии Тоҷикистон арзёбии вазъи сиёсӣ ва маншаи таҳдидҳои ҷаҳони муосир, бурду бохти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои миллӣ дар мубориза бо экстремизм ва терроризм, тадбирҳои таъмини амният, таҳкими сулҳу субот, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар мебошад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сиёсатмадори ҷаҳонӣ дар байни ҷомеаҳои давлатдорӣ эътибори хос ва намоён дорад. Сиёсати раҳбарии ӯ аҳаммияти умдаи байналмилалӣ дошта, бар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва аз байн бурдани ихтилоф дар ҷабҳаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ равона шудаанд.

Аз назари Сарвари давлати тоҷикон зуҳуроти нангину адоватовари терроризм таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ ба дини ислом ҳеч иртиботе надорад. Сониян, Пешвои миллат набард бо терроризму экстремизмро василаи фароҳам овардани фазои бовар, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ва иттиҳоди кишварҳои дунё дар муқобили ин хатари умумӣ арзёбӣ кардааст. Сарвари давлати мо барои он «сиёсати дугона»-ро муҳим ва зарурӣ арзёбӣ менамояд, ки «кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад». Фикр мекунам, ин нуктаи мушаххас аз фикри расову устувори Сарвари давлат сар зада, ба дурнамои ҷолиби ҳаллу фасли аз байн бурдани хатарҳои экстремистӣ ишора мекунад.

Сарвари давлат дар ин ҷода ошкоро масъала ба миён мегузорад, ки набояд раванди маблағгузории созмонҳои террористиву ифротгароро нодида гирифт, набояд ба поймолшавии ҳуқуқи инсон роҳ дод.

Ҳар сиёсатмадор имкон надорад бо ин қатъият, ҷасорат ва хиради сиёсӣ ба нуктаҳои мубрами ҷаҳони муосир рӯ биёрад ва онҳоро бо ин сифатҳо арзёбӣ намояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро чунин сифатҳои нотакрор дар арсаи ҷаҳон шуҳрат бахшид ва Тоҷикистон дар ташаккули сиёсати байналмилалӣ ва афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши муассир гузошт.

Равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир хусусиятҳои умдае дорад, ки бо мазмуну мӯҳтавои онҳо аз китобу мақолот ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон метавон ошно шуд. Дар онҳо дуруст қайд шудаанд, ки амали террористиро омилҳое чун истифодаи қувва ва зӯрӣ, ба кор гирифтани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба хотири ҳифзи манфиатҳои худӣ такон ва вусъат медиҳанд.

Вазъи кишварҳои дигар ба мо намунаи асосӣ дар дарки моҳияти нангини ҷангу харобкорӣ аст. Зуҳури пайвастаи муборизаҳои минтақаҳои алоҳидаи кишварҳо моро ба хулосаҳои амиқе бояд биёварад. Наслҳои хирадгурез бояд хуб донанд, ки ҷангу хунрезӣ маънану моҳиятан боиси ба харобазор бадал шудани кишвар, аз байн рафтани боигариҳои миллӣ, сарватҳои табиӣ ва ғорат шудани молу мулки аҳолии он мебошад. Бесабаб Пешвои миллат дар хати аслии раҳбарии худ ба бозгардонии гурезагони тоҷик аз ин кишварҳо рӯй наовардаанд ва дар амалияи кори сиёсат ва давлатдорӣ ин аз дастовардҳои рақами 1 мебошад. Насли имрӯз бояд хуб донад, дар дунё доманаи амалҳои нохуб ва манфури террористӣ вусъат ёфта, таъсири баде ба кишварҳои дунё расониданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хуб кардани вазъи оянда манфиатдор буда, талқини кафолати оромиву осудагии Ватан, рушди сатҳи зиндагӣ ва ояндаи неки фарзандон вазифаи аввалиндараҷа аст.

Фикр мекунам, дар таърихи башар аҳримантинатон маротибае ҳам ба мақсад нарасидаанд. Ин гуна нафарон аз дур истода давлату миллатро ноором менамояд, бар зидди Ҳукумат ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон сухан меронанд, фаъолияти онҳоро дар роҳи ба эътидол овардани вазъи кишвар зери танқид мегиранд, коргоҳи нафароне, ки бо мақолаву вокунишҳояшон амалу кирдори мухолифини тоҷикро маҳкум мекунанд, «фермаи ҷавоб» ном медиҳанд ва ба ин гуна ашхоси ватандӯст таҳқири зиёдеро раво мебинанд. Оё ин гуна нафарон зода ва шаҳрванди Тоҷикистон набуданд, ки ин қадр таҳқирро бар зидди ҳамватанон раво мебинанд ва гӯё бо суханҳои қабеҳаш аз онҳо алам меситонанд.

Бояд донист, мардуми кишвари азизамон нооромии давлату миллатро ҳаргиз намехоҳанд, хоса, иғвоангезу моҷароҷӯро чашми дидан надоранд. Асоси талоши ҳукумат бо сарварии Пешвои миллат таъмини ваҳдату субот дар кишвар буд, аммо душмани ғаддори тоҷик ҳаргиз наметавонад ин ваҳдату суботро таҳаммул бикунад.

Воқеан ниёзи аввалиндараҷаи ҷомеаи мо амният ва ҳифзи сулҳ буд ва қимати худро гум нахоҳад кард.

Истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ба ҳар сокини кишвар давраи озмоиши басо вазнини ҳаёт, давраи расидан ба ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат ва оштии миллӣ буд. Ба гуфтаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлоли давлатии мо ҳанӯз дар оғози роҳ ба зарбаи ҷонкоҳу ҳалокатбор, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд, ки ягон кишвари тоза мустақилгардидаи собиқ давлати абарқудрат дар он айём ба чунин вазъи душвору фоҷиабор гирифтор нашуда буд».

Имрӯз сокинони кишвар, сарфи назар аз миллият ва эътиқоди динӣ бар ин ақидаанд, ки Тоҷикистон ватани умумӣ ва ягонаи шаҳрвандони он буда, дӯст доштан ва таъмин кардани амнияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад. Асоси пешрафти Тоҷикистон дар шароити имрӯза ташаккули фарҳанги сулҳ мебошад, ки пойдевори воқеии ҳалли муқовимат, расидан ба сулҳу ваҳдату ризоияти миллӣ дар мамлакати мо маҳсуб мешавад. Мо назири ин ҳолро дар ягон халқу миллат намебинем. Имрӯз кишвари тоҷикон ба такомули фарҳанги сулҳ чун қутбнамои бунёдкоронаи истиқлоли миллӣ муносибат карда, барои пеш ниҳодани қарорҳои ҳаётан муҳим дар роҳи такомули ҳаёт ва соҳаҳои он ҳиммати баланд ба миён мегузорад.

Имрӯз бунёдгузори давлатдории тоҷикон симои Тоҷикистони соҳиби истиқлол ва рӯба рушдро тамоман дигар, бо рангу хосияти назаррас муаррифӣ карда ва модели наве барои болидану фахридани мардуми тоҷик фароҳам овард.

Натиҷаи хидматҳои бузург, содиқона ва бебозгашти ин фарзанди баландэътибори тоҷикон дар назди Ватан буд, ки ба онҳо халқу миллати тоҷик кайҳо баҳои сазовор додааст. Мардум аз он ифтихор доранд, ки Офаридгор шахси шуҷоъ, далер, ҷонсупор, хидматпеша, равшангар ва маърифатпарварро барояшон насиб гардонидааст. Имрӯз имкони хубу муносиби идома додани хизматҳои шоистаи Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини осоишу шукуфоии кишвар дар сатҳи матлуб ва назаррас фаро расидааст. Ба фазои раҳбарии сиёсӣ омадани шахси муносибу арзанда, албатта, натиҷаи раванди бебозгашти эътирофи сулҳу кафолати осоиштагӣ дар кишвар ва пешбурди ҷомеа мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи омори иқтисодиву иҷтимоӣ сол аз сол рушд дорад. Имрӯз барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайян таҳияи стратегияҳо, барномаҳо ва дурнамоҳои гуногуни арзишманду боаҳаммият дар сатҳи назаррас ба роҳ монда мешаванд. Мақомоти раҳбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зина-зина баланд бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум ва рушди бебозгашти сиёсату иқтисод ва фарҳанги миллӣ имконияти муносиб фароҳам меоварад. Бо мақсади амалкарди тадбирҳои созандаву муассир оид ба муҳайё кардани шароити зиндагии беҳтар барои ҳар шаҳрванд ва инкишофи озодонаи ҳар як фард хизматҳои бузурги дигаре анҷом ёфта истодаанд.

Аъзамов Субҳонҷон,

дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷики

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии

Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ