ОМӮЗГОР – ПОЯИ АСОСИИ РУШДИ ҶОМЕАИ МУОСИР
Омӯзгор – ин номест, ки дар дили ҳар як инсон эҳтиром ва эҳсоси меҳру сипосро бедор месозад. Ҳангоме ки калимаи «омӯзгор» ё «устод» ба забон меояд, дар пеши назари мо симои шахсе падидор мегардад, ки меҳрубон, хоксор, поквиҷдон ва чароғи равшани илму маърифат аст. Маҳз омӯзгор аст, ки дар ҳама давру замон мардумро ба роҳи дониш, ахлоқ ва инсонгароӣ ҳидоят менамояд.
Аз рӯзи аввал, вақте ки кӯдак қадам ба остонаи мактаб мегузорад, маҳз омӯзгор ӯро бо муҳаббат истиқбол мегирад. Вай талош мекунад, то ҳар як шогирд на танҳо соҳиби дониш, балки инсони комил, боодоб ва меҳнатдӯст гардад. Бидуни омӯзгор ҳеҷ як пешрафт дар ҷомеа имконнопазир аст, зеро ӯст, ки аз насли нав шахсиятҳои босавод, олимон, табибон, муҳандисон ва роҳбаронро тарбия мекунад.
Бузургон дар васфи омӯзгор суханҳои бисёр гуфтаанд. Аз ҷумла, гуфтаанд: «Ҷабри устод беҳ аз меҳри падар», зеро устод инсонро ба роҳи дуруст раҳнамун месозад, донишу хирад меомӯзад ва маърифати ҳақиқиро дар дили шогирд ҷо мекунад. Ҳатто агар ӯ дар таълим сахтгир бошад ҳам, ин сахтгирӣ аз рӯи дилсӯзӣ ва масъулиятшиносӣ аст.
Дар ҳақиқат, омӯзгор дар ҷомеа мисли чароғест, ки бо нурпошии худ ҷаҳони тираро равшан мекунад. Аз нури ӯ дигарон баҳраманд мешаванд ва хирадро ба дигарон интиқол медиҳанд. Вақте мо аз солҳои мактаб ва устодони худ ёд мекунем, ҳамон сахтгириҳо ва меҳрубониҳои онҳо дар ёдамон зинда мешаванд ва бо эҳтиром мегӯем: «Беҳтарин устод буд».
Имрӯз ҳам омӯзгорӣ яке аз касбҳои пуршараф ва пурмасъулият дар ҷомеа ба шумор меравад. Омӯзгор на танҳо таълим медиҳад, балки ҷомеаро месозад, ҷаҳонбинии наврасонро ташаккул медиҳад ва ба онҳо роҳи зиндагии шоистаро меомӯзонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба рушди соҳаи маориф ва боло бурдани мақому мартабаи омӯзгор таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Дар Паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат таъкид менамоянд, ки рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳими таъмини ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа мебошад.
Дар ҳақиқат, пешрафти кишвар бевосита ба сатҳи маърифат, донишу ҷаҳонбинии шаҳрвандонаш вобастагӣ дорад ва дар ин самт нақши омӯзгор – ҳамчун тарбиятгари насли ояндасоз – ниҳоят бузург аст. Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод ва зиёӣ эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад. Аз ин лиҳоз, ҳукумат пайваста барои беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиву иқтисодии онҳо тадбирҳои судманд меандешад.
Дар Паёми соли 2024 Президенти мамлакат дастур доданд, ки аз 1-уми июли соли ҷорӣ маоши кормандони соҳаҳои маориф 30 фоиз зиёд карда шавад. Ин иқдом шаҳодати равшани он аст, ки давлат мақоми омӯзгорро ҳамчун неруи асосии созандаи ҷомеа қадр менамояд. Баланд шудани музди меҳнат на танҳо шароити зисти омӯзгоронро беҳтар месозад, балки ба болоравии сифати таълиму тарбия мусоидат мекунад.
Имрӯз омӯзгор дар маркази сиёсати маорифпарваронаи давлат қарор дорад. Пешвои миллат маорифро омили калидии амнияти миллӣ арзёбӣ намуда, таъкид кардаанд, ки тақдири насли оянда ва пешрафти давлат дар дасти омӯзгорон аст.
Фаъолияти омӯзгор аз ду ҷанбаи асосӣ – таълим ва тарбия иборат мебошад. Таълим бе тарбия ва тарбия бе таълим пурра нест. Омӯзгор на танҳо дониш медиҳад, балки инсоният, ахлоқ, эҳтиром ва ватанпарастиро дар дили шогирдон парвариш мекунад. Ҳамин аст, ки омӯзгорро «афрӯзандаи чароғи илму маърифат» меноманд. Ӯ мисли шамъест, ки худ месӯзад, то роҳи дигаронро равшан созад.
Дар замони муосир, ки ҷомеа ба сӯи ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ равон аст, нақши омӯзгор боз ҳам бештар мегардад. Имрӯз аз омӯзгор на танҳо дониши баланди фаннӣ, балки ҷаҳонбинии васеъ, маҳорати истифодаи технологияҳои муосир ва тафаккури инноватсионӣ талаб карда мешавад. Барои ҳамин, Пешвои миллат пайваста ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи тахассусии омӯзгорон, таъсиси муассисаҳои таълимии замонавӣ ва такмили системаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Ҳамчунин, Пешвои миллат таъкид карданд, ки бе заҳмати омӯзгор ҳеҷ як соҳаи ҳаёт рушд ёфта наметавонад. Дар ҳақиқат, агар омӯзгорон масъулиятшинос, боинтизом ва аз ҷиҳати маънавӣ устувор бошанд, ҷомеа низ ба сӯи комёбиҳо қадам мегузорад.
Дар солҳои охир, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, худшиносӣ ва ҳисси ватандӯстии насли наврасу ҷавон иқдомҳои муҳими фарҳангӣ ва маърифатӣ амалӣ гардидаанд. Яке аз чунин иқдомҳои арзишманд, ташкил ва баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва дигар мусобиқаҳои илмӣ, эҷодӣ ва фарҳангӣ мебошад.
Пешвои миллат дар мулоқотҳои худ бо аҳли илму фарҳанг ва ҷавонон таъкид мекунанд, ки ҳадафи асосии ин озмунҳо боло бурдани ҳувияти миллӣ, бедор кардани ҳисси ифтихори ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва таърихи пурифтихори тоҷикон мебошад. Ба гуфтаи Роҳбари давлат, маҳз тавассути чунин чорабиниҳои маърифатӣ метавон дар дили ҷавонон муҳаббат ба дониш, китобхонӣ, зебоипарастӣ ва ифтихор аз ватанро бештар намуд.
Ин озмунҳо на танҳо муҳити созандаи маърифатиро дар ҷомеа густариш медиҳанд, балки омӯзгоронро низ ба масъулияти дучанд водор мекунанд, зеро дар омодасозии хонандагон ба чунин чорабиниҳо нақши асосӣ маҳз омӯзгорон мебозанд. Омӯзгорон бо меҳнату заҳмати пайваста шогирдонро ба илму эҷод, мутолиа ва андешаи озод раҳнамоӣ мекунанд.
Бо назардошти ин, метавон гуфт, ки ҳар як комёбии шогирд дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ инъикоси заҳмат, дониш ва садоқати омӯзгор аст. Пешвои миллат борҳо иброз доштаанд, ки омӯзгор дар рушди тафаккури илмиву фарҳангии ҷомеа, дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва ифтихори давлатдорӣ саҳми беҳамто дорад.
Озмунҳои зикршуда сол аз сол доираи васеи иштирокчиёнро фаро гирифта, садҳо нафар ҷавонони лаёқатмандро муаррифӣ менамоянд. Ин худ нишондиҳандаи таваҷҷуҳи хосаи давлат ба илму маърифат аст. Ҳар як иштирокчии чунин озмунҳо, новобаста аз ҷойи ишғолкардааш, ғолиби ҳақиқӣ аст, зеро дар ин роҳ бо илму дониш, забондонӣ ва эҷод машғул мешавад.
Бешубҳа, баргузор гардидани чунин озмунҳо ба афзоиши шавқи хонандагон ба китоб, таҳсил ва омӯзиш таъсири мусбат расонида, дар ҷомеа нуру равшании маърифатро бештар мегардонад.
Дар баробари ин, омӯзгор бояд ин сиёсати маърифатпарваронаи давлатро дастгирӣ намуда, шогирдонро ба зебоандешӣ, таҳаммулпазирӣ ва худогоҳии миллӣ ҳидоят кунад. Зеро танҳо шахсе, ки худ бо китобу дониш ва фарҳанг ҳамнишин аст, метавонад дар шогирдаш эҳсоси ватандӯстиву маърифатро бедор созад.
Ҳамаи ин ташаббусҳои созанда, ки бо роҳбарии Пешвои миллат амалӣ мешаванд, далели онанд, ки давлату ҷомеа ба нерӯи ақлонӣ ва маънавии омӯзгорон такя дорад. Омӯзгорон дар амал татбиқкунандагони сиёсати маърифатпарваронаи давлат мебошанд. Онҳо бо меҳру муҳаббат ва садоқати касбӣ насли ояндаро ба илму дониш, меҳнатдӯстӣ, фарҳанг ва ватанпарварӣ тарбия мекунанд.
Пас, ҳар қадаре ки мақому мартабаи омӯзгор дар ҷомеа баланд бошад, ҳамон андоза ҷомеа рӯ ба пешрафт ва комёбӣ хоҳад овард. Зеро, чунонки Пешвои миллат таъкид мекунанд,
«Фақат бо маърифат ва дониш метавонем Тоҷикистони азизамонро ба кишвари пешрафта, ором ва мунаввар табдил диҳем».
Имрӯз, дар шароити рушду таҳаввулоти босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани мақоми омӯзгор яке аз самтҳои меҳварии сиёсати давлат ба ҳисоб меравад. Ҳамаи талошҳои Ҳукумати кишвар барои қадршиносӣ ва дастгирии омӯзгорон равона шудаанд.
Ҷомеае, ки омӯзгорро эҳтиром мекунад, ба дониш, фарҳанг ва маърифат арҷ мегузорад, бешак ояндаи дурахшон дорад. Омӯзгорон пояи асосии пешрафти миллатанд ва маҳз онҳо тавоноянд, ки бо нури маърифат роҳ ба фардои обод ва мунаввар нишон диҳанд.
З.Қ.Қамаридинзода,
муаллими калони кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷии
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»