ТОЗАНАШР: АЗ АМОНӢ ГУФТУГӮ ДОРЕМ МО!
Таҳти чунин унвон зери назари ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ва бо қарори Шурои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ – тадқиқотии Донишгоҳ аз ҷониби Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносӣ маҷмуаи мақолаҳои ҳайати профессорону дотсентон омода ва ба табъ расид.
Маҷмуа дар заминаи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, таҳти рақами 187 дар бораи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ба нашр расидааст.
Таҳқиқи афкори донишмандон ва мутафаккирони барҷастаи адабиёти классикии тоҷик ва мактабҳои фикриву фалсафии куҳан оид ба муқовимат бо ифротгароӣ ва зуроварӣ, фарҳанги сулҳ ва таҳаммулгароӣ, арзишҳои миллӣ дар роҳи пешгирии зуҳуроти номатлуб дар шумори масъалаҳои меҳварии мақолоти ин китоб қарор дошта, барои тарбияи насли имрӯз, дар руҳияи ватандӯстиву инсонгароӣ ва ҳамдиливу ҳамраъйии инсоният нақши муассир мегузорад.
Аз муҳтавои мақолоти шомили он пеш аз ҳама, донишҷӯёну ҷавонони донишгоҳ баҳраманд гардида, дар такмилу тақвияти андешаҳои созандаи хеш аз ин афкори судманд ва пурбор истифода ва дар баробари ин чунин ғояҳои пешқадамро миёни ҳамнаслону ҳамсолони хеш тарғиб хоҳанд намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил