​Зиндагӣ бо муҳаббат зебост

Дар хобгоҳи рақами №1 бо ташаббуси сармуаллимаи кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ Раҳимова Муҳаррамхон ва раиси Шӯрои занони факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ Тоирова Дилоромхон тренинг доир шуд.

Тренинги мазкур дар доираи маъракаи “16 рӯзи мубориза бо зӯроварӣ” ба роҳ монда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки тренинг ба мавзуи “Зиндагӣ бо муҳаббат зебост” бахшида шуд.

Ҳамзамон, дар тренинги мазкур Раиси Шӯрои занони донишгоҳ Султонова Гулбаҳорхон ва ҳуқуқшиноси АЗИТ Муъминова Хуршеда иштирок ва суханронӣ намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ