​Вақт моро интихоб кард

Бо ташаббуси омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ дар хобгоҳи №3 чорабинии тарбиявӣ доир шуд. Чорабинии мазкур таҳти унвони «Вақт моро интихоб кард» баргузор гардид ва он ба Иди Ғалаба бахшида шуд.

Дар доираи чорабинии мазкур доир ба саҳми халқи тоҷик дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ маърӯзаҳо ироа шуд.

Аз тарафи донишҷӯён шеъру гуфтор низ қироат шуданд.

Намоиши саҳнаҳои тарбиявӣ дар мавзуи ватандӯстӣ ва сулҳу субот ба чорабинӣ мазмуни бештар эҳдо намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ