1

Донишгоҳи азим ва пуриқтидори Тоҷикистон

Кохи мӯҳташами илму ирфон

Маскани илму маърифат ва маъвои хирад

ҲАМОИШ ДАР МАВЗУЪИ РЎЗ

Субҳи имрўз дар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати омўзиш ва баҳрабардории  суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ба муносибати 10 солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш бо иштироки ҳайати роҳбарикунандаи донишгоҳ баргузор гардид.
муфассалтар >>
Аз назар гузарониданд:93 нафар


ҶАМШЕД ҶЎРАЗОДА: “АЗ РОҲҲОИ МУАССИРУ БОСАМАРИ БУНЁДИИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ИСТИФОДА ХОҲЕМ НАМУД...”

Дар толори хурди донишгоҳ нишасти матбуотии ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба натиҷаҳои фаъолияти таълимӣ, илмӣ, тарбиявии ин муассисаи олии мамлакат дар шашмоҳаи аввали соли 2017 баргузор гардид. Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразода зимни суханронии худ аз ҷумла қайд кард, ки фаъолияти таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбиявии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар 16 факултет ва 67 кафедра аз он 8 кафедраҳои умумидонишгоҳӣ, марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ, парки технологӣ, китобхонаи марказӣ ба роҳ монда шудааст.
муфассалтар >>
Аз назар гузарониданд:198 нафар


КОРНОМАИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Маҷмуъи мақолаҳои профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  Ваҳҳоб Набиев таҳти унвони «Корномаи  ҷавонони Тоҷикистон» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ дар ҳаҷми 296 саҳифа тариқи нашриёти «Нури маърифат» аз чоп баромад.
муфассалтар >>
Аз назар гузарониданд:435 нафар


ИХТИЁРОНИ ВАТАНДУСТ САРҶАМЪ ШУДАНД

Дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғаффуров волонтёрон, гирандагони Стипендияи Президентӣ ва ҷавонони фаъоли вилояти Суғд гурӯҳи ихтиёрони Клуби волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як самимияти хоса ва меҳмоннавозии тоҷикона пешвоз гирифтанд. 
муфаcсалтар >>
Аз назар гузарониданд:390 нафар


“БАҲОРИСТОНИ СУХАН” БО ИШТИРОКИ ФАРЗОНАЮ ОЗАРАХШ

Бо дастгирии Мақромоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ташаббуси осоишгоҳи Баҳористон, телевизиони вилояти Суғд ва маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”-и ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 20 солагии Иҷлосияи таърихии 16 уми Шурои олӣ дар канори “Баҳри тоҷик”маҳфили адабиву мусиқии “Баҳористони сухан” бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона ва шоиру ҳунарманди беҳамто Толиби Озарахш баргузор гардид.
муфассалтар >>
Аз назар гузарониданд:421 нафар


ШАНБЕГӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ободониву сарсабзӣ,  тозаву озода нигоҳ доштани хонаву манзил ва ҷои корӣ яке аз суннатҳои деринаи мардуми тоҷик маҳсуб мешавад. Бо муносибати Иди саиди Фитр ва Ваҳдати миллӣ кормандони китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров саҳни ҳавлӣ ва кўчаву роҳравҳоро тозаю озода карданд, ки ба ҳусни маънавии китобхона ҳусни дигар зам намуд. 
муфассалтар >>
Аз назар гузарониданд:435 нафар



1 | 2 | 3 > >>


БОҒИ БОТАНИКӢ | ОСОРХОНА | КИТОБХОНА | РАСМҲО | ИНФОГРАФИКА | ХАРИТАИ СОМОНА | АЛОҚА

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1

ба боло