Терроризму экстремизм – таҳдид ба амният ва суботи ҷомеа

Терроризм ва экстремизм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваста аст. Экстремизми тундрав аз андоза гузашта ба терроризм меорад. Истилоҳи терроризм аз калимаи лотини «террор» сарчашма гирифта маънояш тарсу ваҳм аст. Террористон мехоҳанд мақсаду маромҳои нопоки худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ҷомеъаро ба ҳолати тарсу ваҳм ва ноумедӣ афканда аст. Дар замони мо шахсон ва ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро ба ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд.

Ба ақидаи аксарияи муҳаққиқон сиёсатшиносон, рӯзноманигорон эктремизи бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳар вақта авҷ гирифта бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаҳои ҷиддитарини инсоният дар асри 21 табдил ёфтааст. Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳоншавӣ муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад. Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои ҳурофотпараст ва тундрави дин ҳанӯз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносии Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост.

Мутаассифона дар тӯли чанд соли охир дар баъзе кишварҳои Ғарб амалҳое ба вуқӯъ омаданд, ки боиси қаҳру ғазаби мусулмонони олам гардидаанд. Чунин низоъро имрӯз мо метавонем дар Сурия мушоҳида кунем, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ дорад. Гурӯҳҳои террористӣ бо амалҳои номатлуби худ ҷомеаи ҷаҳониро ноором месозанд. Вазъияти ҷвҳони имрӯза моро водор мекунад, ки фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем ва ҳаёти бо осоиштаро муҳайё намоем. Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки бо мақсади таъмини амнияти давлат ба ҷомеа маблағгузориро барои таъминоти мақомати ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бо техникаву технологияҳои замонавӣ ва таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир бунёди иншооти сарҳадӣ, мустаҳкам намудани заминаҳои моддиву техникӣ муҳайё кардани тамоми шароити зарурии зиндагӣ ва хизмат барои сохтору мақомоти зикршуда сол ба сол зиёд намояд. Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботу сиёсии ҷомеа мо ҳам бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чунвабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар амали он гувоҳ аст, ки террористи ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёраи Замин аст.

Ифратгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъияти хатар дорад, балки ин амали номатлуби бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад. Терроризм ва ифротгарои дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан миёни ҷавонон яке аз муаамоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботи ва вайронкорӣ меорад. Ин маънои онро дорад, ки дар замони муосир, будани пешрафти илму техника, рушду инкишофи бемайлони соҳаҳои хоҷагии халқ ва омӯзишу паҷӯҳишоти зарарҳои дохилиатомию метагалактикаҳои олами нопайдоканори коинот, масъалаи терроризм ва ифротгарӣ ҳанӯз хатарафзо, ташвишовар даҳшатнок боқи мемонад.

Зуҳури экстремизм дар Тоҷикистон аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма мегирад. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яку якбора низоми маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати худро аз даст дод. Фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ, бӯҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз назорат дур мондани таъмини амнияти давлатию ҷамъиятиро ба вуҷуд овард. Вазъияти баамаломада, ки идорааш аз ҷониби фишангҳои ҳокимияти иҷроия ва давлатӣ ғайриимкон гардид, ба он боис шуд, ки зуҳуроти таҳдид ва зӯроварӣ дар ҷамъият ба худ роҳ кушояд.

Аз ин ҳолат намояндагони ташкилотҳои террористию экстремистӣ истифода намуда, ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намуданд. Онҳо, пеш аз ҳама, ба торҳои эҳсоси мазҳабию динӣ нохун зада, аҳолиро ба масҷидҳо ва тавассути онҳо ба фикри амалӣ намудани мақсаду мароми худ ҷалб намуданд.

Яке аз омилҳои боло рафтани радикализатсияи ҷавонон нарасидани ашхоси соҳибмаълумоти динист. Чавонон бештар дар муассисаҳои динии хориҷа – Миср, Эрон, Покистон, Арабистони Саудӣ, Яман ва Афғонистон маълумот мегиранд.

Гурӯҳҳои ифротгаро бештар ҷавононеро, ки дар вартаи қашоқи ҷой доранд, ба худ ҷалб карда ба онҳо пулу маблағҳои зиёд ваъда медиҳанд. Терроризм аксаран дар байни чавонони бемаълумот, ки зери таъсири андешаҳои ғайрианъанавӣ меафтанд, бештар реша давондааст.

Маҳдии Собир коршиноси масоили амниятӣ мегӯяд, ки пас аз барҳам хурдани Шӯравӣ ҷавононро як рӯҳияи нобовари ба ояндаи худ ба ташвиш овардааст.

Чун ҷои кори мувофиқ, донишу касбу ҳунари мувофиқ гирифта наметавонанд онҳоро бо пул ташкилотҳои махсус аз худ мекунанд. Ҷанг як роҳи сарватмандшавии баъзеҳост. Шахси силоҳдор осон пулу нон пайдо мекунад. Онҳо роҳи доро шуданро дар пайвастан ба ин гурӯҳҳо мебинанд. «Дуюм баъзеҳо аз сиёсати кишварашон норозианд, сеюм дигаре мехоҳад дар роҳи ислом ба шаҳодат бирасад. Ва гӯё ҳар ки дар ин роҳ бимирад шаҳидӣ ҷовидони аст. Чорум бештари ҷавонон аз бекори ва фақирӣ ба ин роҳ мераванд».

Масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва тағйири муҳити зист яке аз муҳимтарин масъалаҳое мебошад, ки ба амнияти кишвар таъсиррасон аст. Марбут ба зарурати воқеии муҳочирати меҳнатии мардум аз Тоҷикистон ба кишварҳои ИДМ ва пеш ҳама, ба Русия воқеан ҷанбаҳои гуногун дошта, боиси таҳлилу баррасии махсус гардидааст. Хусусан баъзе равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар соли охир чунон ба монеа рӯ ба ӯ шудаанд, ки худ ба худ сарчашмаи эҷоди хавфу хатар ва дигар таҳдидҳои навиҷаҳони гардидаанд.

Баъд аз соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон як силсила мушкилотҳоро барои табақаҳои гуногуни ҷомеа овард. Бӯҳрони сохти иқтисодии аввала ва кӯшиши тағйирдиҳии он фалокатовар паст шудани сатҳи зиндагӣ ва истеҳсолот овард.

Бесарусомонии иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷангии шаҳрвандӣ, дар навбати худ, вазъияти муҳоҷирати меҳнатии Тоҷикистонро тезу тунд намуд.

Муҳоҷират ҳамчун падидаи иҷтимоӣ -иқтисодии замони муосир яке аз беҳтарин нигоҳдорандаи вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа мебошад. Дигаргуниҳои ҷамъияти даҳсолаи охир вазъияти сиёсӣ ва иҷтимоиро тағйир дода, милионҳо одамонро муҳоҷир гардонид.

Мувофиқи Маълумоти СММ дар гардиши раванди муҳоҷират 218 давлат иштирок мекунад ва шумораи умумии муҳоҷирон 195 млн. нафарро ташкил медиҳанд.

Масъалаи мазкур дар қатори дигар кишварҳои олам, барои Тоҷикистон низ ба яке аз масоили мухими иҷтимоӣ ва сиёсӣ табдил ёфта, нақши он дар рӯзгори ҳар як оилаи Тоҷикистони эхсос мегардад. Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон мафҳуми «муҳоҷират» ба мисли «ифротгароӣ» хеле маъмул буда аҳамияти муҳим пайдо намудааст.

Аз кулли масъалаҳое, ки оид ба тарафҳо ва паҳлӯҳои гуногуни раванди муҳоҷират баҳсу мунозираҳоро ба миён меоранд, яке аз онҳо масъалаи ифротгароӣ ва терроризм мебошад. Экстремизм аз масъалаҳои ҷиддитарини инсоният дар асри ХХI ба ҳисоб меравад, ки бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ хатари байналмилалиро ба бор овардааст.

Дар ин раванди муосири ҷаҳонишави Тоҷикистон низ аз ин воқеаҳо дар канор набуда, мубориза бар зидди ин амалро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои зиёде дида истодааст.

Яке аз воситаҳои асоси пайвастани ҷомеаи Тоҷикистони ба ин раванди ғайри инсони муҳоҷират ба ҳисоб меравад. Зеро имрӯз равандест, ки дар баробари оқибатҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ доштани яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвадон (бахусус, ҷавонон)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳу равияҳои экстремистӣ мебошад.

Тибқи маълумотҳо аксари кулли ҷавонони тоҷик дар муҳоҷират буда дониши касбию ҳуқуқӣ ва таҷрибаи кофии рӯзгорро надошта, донишҳои дини ва дунявиашон сатҳӣ ҳастанд, ва баъзан аз ҷониби гурӯҳҳо ва шахсони алоҳида идора карда мешаванд. Намояндагони гурӯҳҳои террористӣ дар навбати аввал ба чунин ҷавонон сару кор гирифта бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд.

Мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки баъзе ҷавон ба тафаккур ва ҷаҳонбинии дунявӣ ба Русия рафта вале аз он тараф бо тафаккур ва ҷаҳонбинии ифротӣ ва хурофотӣ ба ватан бар мегарданд.

Яке аз сабабҳои тағйири ақидаву ҷаҳонбинии муҳоҷирон ба доми чунин ҳаракату гурӯҳҳои террористӣ гирифтор шудани онҳо мебошад.

Дар баробари ин нуқтаи назарҳо дар бораи сабабу натиҷаҳои муҳоҷирати меҳнатии тоҷикон дар дунё хеле гуногун аст. Масалан рӯзномаи «Вашинтон Пост» оид ба сиёсати Русия дар баробари муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳадафҳои ДИИШ омадааст, ки ҳамаи ин на танҳо бо таъсири қуваи идеологӣ, балки бештар сабаби иқтисодӣ дорад.

Мувофиқи натиҷаҳои тадқиқотҳои сотсиологӣ, оиди симои иҷтимоии шахси экстремист ақидаи мусоҳибон гуногун аст. Пурсишшавандагон экстремистро шахси зидди давлат (16,9%), террорист (15,7%), шахси ҷангҷӯй ва иғвоандоз (11,9%), шахси хиёнаткор (10,5%), шахси зидди оромию тенҷии давлат (36,4%) ва гумроҳсозандаи ҷавонон (22,6%) ҷинояткор (7,6%), шахси бесавод (7,6%), беватан (7,3%), ифротгаро (4,9%), бедин (2,9%) ва дорои шуури пасти динӣ (2,9%) мепиндоранд. Албатта, чунин ҷаҳонбинӣ ва муносибати шаҳрвандон барои муқовимат ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва экстремизм хело муҳим аст.

Дар мулоқоти охирон бо зиёиёни мамлакат Сарвари давлат пиромуни хатари муосир сухан ронда бо назардошти вазъи кунуни ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба хусус Ироқу Сурия ба таваҷҷӯҳи равшанфикрони кишварро ба афзоиши хатари терроризму ифротгарӣ ҷалб намуданд. Дар паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз интишори фаъоляту ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва экстремистӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид, ки бесабаб нест.

Зеро чунон ки таъкид гардид, ки дар шароити муосир терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср на танҳо ба амнияти ҷаҳон ва сокинони сайёра таҳдид мекунад, балки барои башарият хатари он камтар аз силоҳи ядроӣ нест. Аз ин хотир, ҳифзи ҷавонон аз чунин гурӯҳу равияҳо ва мубориза ба муқобили ин зуҳуроти хатарафзо вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯсту озодихоҳ мебошад.

Мақсади мо ҷавонон аз нигоҳ доштани рисолаи мазкур низ дар ҳамин аст, то ки мазмун ва мундариҷаи ғояҳои хатарноки равияҳои номатлуби хислати экстремистӣ ва террористӣ – доштаро ба доираи васеи хонандагон, махсусан ҷавонон, дастрас намуда, собит созем, ки ғояҳои равияҳои мазкур барои ҷомеаи мо тамоман хатарнок ва бегона буда, пайравии ба он оқибатои сангини иҷтимоӣ ба бор меорад.

Бо мақсади он, ки ҷавонони имрӯза доир ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб маълумот дошта бошанд, ин ҷо зарур шуморидем таърих, моҳияти иртиҷоӣ ва симои ҳақиқии онҳоро то як анзода равшан намоем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ