​Таҷлил аз Рӯзи модарон

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа бахшида ба Рӯзи модарон дар факултетизабонҳои хориҷӣ чорабинӣ гузаронида шуд. Ин иқдом бо роҳбарии муаллимаи кафедра Халилова Зарина роҳандозӣ ёфт.

Дар доираи чорабинӣ дар бораи нақш ва мақоми Зан-модар дар рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа ва давлат ибрози назар гардида, маърӯзаҳои ҷолиб ироа шуданд.

Таъкид гардид, ки ки зан-модар шахси муқаддас буда, офарандаи ҳаёту мамот, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад.

Донишҷӯён зикр намуданд, ки меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад.

Ҳамзамон, шеъру тарона шунида шуда, саҳнаҳои тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуд.

Мудири кафедра дотсент Ҳасанова Зебинисо дар фарҷом аз мақому манзалати модар сухан намуда, иштирокдоронро ба ин муносибат табрик гуфт.

Хотиррасон менамоем, ки чунин ҷамъомад ба ифтихори Рӯзи модарон феълан дар тамоми кафедра ва факултетҳои донишгоҳ идома дорад, ки нишон аз арҷгузорӣ ва қадршиносӣ нисбати модарону бонувон аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ