​Семинари “Хазинаи ҳикмат”

Дар ҳошияи баргузории чорабиниҳои илмӣ дар кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа семенари “Хазинаи ҳикмат” дар мавзуи “Дасторвардҳои соҳаи маориф дар даврони Истиқлолият” баргузор гардид.

Дар доираи семинари мазкур як қатор маърӯзаҳо шунида шуданд. Аз ҷумла, дотсенти кафедра Абдулатипов таҳти унвони “Дасторвардҳои соҳаи маориф дар даврони Истиқлолият” баромад намуда, ақидаҳои илмиро бо асоснок кардани масъалаҳо пешкаши ҳозирин намуд.

Мавсуф қайд намуд, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сулҳу субот пойдор гардид.

Гуфта шуд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба чор ҳадафи стратегӣ – раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии мамлакат қадамҳои устувор гузошта истодааст. Имрӯз маҳз ба шарофати истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 150 кишвари дунё робитаҳои сиёсӣ, дипломатӣ ва тиҷоратию иқтисодӣ дорад.

“Давоми зиёда аз 30 соли соҳибистиқлолӣ симои Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргун гардида, садҳо мактабу иншоотҳои замонавӣ қомат афрохтанд. Истиқлолият ба мо имкон дод, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Дар фосилаи 30 сол дар тамоми бахшҳои хоҷагии халқ дигаргунӣ ва пешравиҳои назаррас ба амал омаданд. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф пешравиҳои чашмрас ба назар расиданд. Ин соҳаи ҳаётан муҳим пайваста дар зери назару ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад”- зикр шуд зимни ироаи маърӯзаҳо.

Бо масъалагузорӣ ва баррасии муҳтавои маърӯза семенари “Хазинаи ҳикмат” анҷом ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ