​Саҳми тоҷикон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар факултети биология ва химия чорабинӣ доир шуд.

Гуфта шуд, ки чорабинӣ бо номи “Саҳми тоҷикон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ” роҳандозӣ гардида, ба он донишҷӯёни соли дуюм ҷалб гардиданд.

Дотсенти кафедра Абдулатипов Усуф дар бораи хидмати тоҷикон ҷиҳати ба даст овардани ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ маърӯза намуда, аз саҳму ташаббусҳои халқи тоҷик ҷиҳати даст ёфтан ба зафар таъкид дошт.

Дар доираи ин ташаббус ба донишҷӯён филми мустанад ба намоиш гузошта шуд.

Мақсад аз ин ҷамъомад арҷгузорӣ ба хидматҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ арзёбӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ