Паёми Пешвои миллат – барномаи рушди ҷомеа ва давлат

Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб буда, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Воқеан, гарчанде, ки Паём барои таҳқиқи сиёсати давлатии Сарвари давлат дар давраи муайян ҳамчун барномаи асосӣ хизмат мекунад, аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ ин ҳисоботи Сарвари давлат ва Ҳукумат дар назди тамоми сокинони мамлакат мебошад. Пеш аз ҳама ин таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси он муайян намудани дурнамои он дар солҳои наздик мебошад.

Агар Паёми Сарвари давлатро аз нигоҳи сохтори давлатдорӣ ва функсияи давлат дар назди шаҳрвандон таҳлил намоем, маълум мегардад, ки сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таъмини рушди устувори иқтисодии давлат дар асоси ин таҳлилҳои муқоисавӣ бар меояд:

- маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд;

- қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд;

- аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад;

- соли 2023 дороии сохторҳои молиявию қарзии кишвар нисбат ба соли гузашта 22 фоиз зиёд гардида, 39,6 миллиард сомониро ташкил кард;

- пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби низоми бонкӣ дар муқоиса бо соли 2022-юм 31,1 фоиз афзоиш ёфта, ба 18,5 миллиард сомонӣ баробар гардид;

- њаҷми қарзҳои хурди додашуда 32,1 фоиз зиёд гардида, 13,3 миллиард сомониро ташкил дод;

- қарзҳои ба занону бонувони соҳибкор пешниҳодшуда 30 фоиз афзоиш ёфта, ба 4,8 миллиард сомонӣ расонида шуд;

- бақияи умумии пасандозҳои аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар ташкилотҳои қарзии ватанӣ 32 фоиз зиёд гардида, ба 18,6 миллиард сомонӣ расид;

- шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид;

- аз ҷониби соҳибкорони кишвар беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду азнавсозӣ карда шуданд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар ҳафт соли охир ба кишвар ба маблағи беш аз 95 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки зиёда аз 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад.

Дар ин давра дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст.

Ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Тибқи «Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030» ҳаҷми сармояи мустақим то соли 2026 нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 10 фоиз расонида шуда, солҳои 2022 – 2026, яъне дар панҷ сол бояд ба иқтисоди миллӣ беш аз 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шавад.

Соли 2023 барои ташкили истеҳсолоти нави саноатӣ, васеъгардонии фондҳои асосӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти наву рақобатнок аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ва маблағи корхонаҳо зиёда аз 7 миллиард сомонӣ равона гардидааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 1,5 баробар зиёд мебошад.

Зарур аст, ки дар ин раванд ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, сармоягузорон, шарикони рушд ва созмонҳои молиявии байналмилалӣ барои ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо воридоти технологияҳои муосири каммасраф ва дар ин замина ноил гардидан ба ҳадафҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Мазмун ва мундариҷаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 бори дигар шаҳодати сиёсати халқпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Таҳлили Паёми имсола нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати Пешвои муаззами миллат маҳз беҳбуди вазъияти зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ ва ғайра қарор гирифтаанд.

Ҳамин тариқ, Паёми навбатии соли 2023 бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як марҳилаи таърихии давлатдориро сипарӣ намуд. Мазмун ва мундариҷаи асосии Паёми Пешвои муаззами миллат мазкур ин инъикоси ҳаёти воқеии халқи тоҷик буда, дар он қадриятҳои истиқлолу озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷассум шудааст.

Абдувалиева Н.А. – н.и.и., дотсенти кафедраи назарияи иқтисодӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ