​Овозаҳои бедарвоза!

Фазои беканори шабакаи Интернет, алалхусус шабакаҳои иҷтимоӣ майдони васеи маълумотҳои саҳеҳу ноаниқ, пуриштибоҳ, баҳсу андешаҳои солиму ҳарзагӯёнава ҳоказо гаштаасту аз фард ақлу тамиз, донишу заковат, фаҳму фаросат, маърифату фарҳанги муайянеро талаб менамояд. Ҳазорон афсӯс, ки на ҳамаи бандагон Худованди бузург азин неъматҳо бо дараҷаи кофӣ бархӯрдоранд. Маҳз, нафарони камсаводупучмағзи бефарҳанг дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳои беасосу носанҷида ҷой медиҳанд, ки сабабгори шӯру ғавғо, баҳсу мунозираҳо ва ғайра мегардад. Ин тоифа аз оқибати амалҳои худ андеша надоранд, чунки дар ӯ чунин қобилияту тафаккури солим мавҷуд нест!?

Даҳанвозу лабялае дар шабакаҳои иҷтимоӣ овозае паҳн намудааст, ки ҳангоми сафарҳои корииПешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои Аврупобо пайдо кардани фурсати муносиб хоини ватанфурӯш Муҳиддин Кабирии фосиқу маккор - сардори палидони наҳзатиёни ландаҳур зону ба замин зада бо сари хаму рӯйи чармпӯст бахшиши гуноҳҳояш ва иҷозати баргаштаи ба макони аҷдодиро барои худ ва ҳаммаслакони чоплусаш илтиҷоъ кардааст. Аҷабо! Ҳатто, ин мунофиқи худозада фаҳмидааст, ки ватангадо бадтар аз саг асту қадре надорад!

Ҳадафи ин овозаҳои беасосу пуч дар чист? Охир, тамоми олам хуб медонад, ки Пешвои маҳбубу бемисли тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибхираду олиҳиммат, раиятпарвару ғамхор, бенавопарасту дастгири ятимону мӯҳтоҷонаст! Шояд, умед доранд, ки Пешвои мо аз рӯйи ҷавонмардӣ аз гуноҳҳояшон нисбати давлату миллат мегузаранд? Ё худ, то ба андозае ақлу тамиз надоранд, ки нобахшиданӣ будани хиёнату ватанфурӯширо дарк карда наметавонанд? Мумкин аст, ки чунин андеша талвосаи пеш аз марги наҳзатиён бошад?

Эҳтимол меравад, ки чунин овозаҳо аз ҳилаву найранги хоҷагони хориҷӣ бармеояд, ки бо ҳар роҳу восита ба Тоҷикистон баргардонидани наҳзатиёни разили ҳаромитинатро нақша доранд? Зеро, аз дохили кишвар ноором сохтани вазъи ҷомеаи осуда осонтар аст. Ин тарҳрезиҳо бори дигар исбот менамоянд, ки аввало Кабирию ҳаммаслакони ноҷинси чоплусаш лӯхтаки хоҷагони маблағгузорашон мебошанд. Аз ҷониби дигар, тасдиқ мегардад, ки хоҷагони хориҷии наҳзатиёни палид андешаи ғасби ҳокимияти давлатиикишварамонро аз майна дур накардаанд! Кӯзпуштро қабр низ рост карда наметавонад! Ҳақиқати рӯирост ҳамин аст!

Эътимоди комил дорам, ки Пешвои дурандешу дурбин, матиниродаву содиқи мо аз ин вазъият низ хулосаи хирадмандона бардошта, ҳаллу фасли манфиатовар ба Ватанро дарёфт хоҳанд кард. Мардуми шарифи кишвар бошад, ҳар амали Пешвои муаззами худро бо хушҳолӣ мепазирад!

Собиров М.С.- дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ