​Нишасти навбатии "Химикони ҷавон"

Нишасти навбатии маҳфили “Химикони ҷавон” – и кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими факултети биология ва химия баргузор гардид. Дар он муовини декан оид ба илм ва инноватсия Тиллобоев Ҳакимҷон, мудири кафедра Охунова Умеда, устодони кафедра ва аъзои маҳфил иштирок намуданд.

Роҳбари маҳфил муаллими кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими он Умаров Саиданвар маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо нақшаи маҳфил шинос кард. Дар маҳфил таҳти унвони “Истифодаи реаксияҳои барқароршавӣ дар синтези моддаҳои ғайриорганикӣ” аз ҷониби донишҷӯи курси чоруми ихтисоси химия Дарвешзода Салмон шунида шуд.

Чун анъана бо табодули афкор ва суолу ҷавоб миёни иштирокчиён маҳфил ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ