​Коррупсия — зуҳуроти хавфноки ҷомеа

Муқовимат бо коррупсия гуфта ягона роҳи мубориза бурдан бо ин амали номатлуб аст. Тавре, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сухарониҳояшон зимни вохӯрӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қайд намудаанд, ҳанӯз дар аҳди бостон калимаи «коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод карда шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиати шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал даст зада, дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд. Дар робита ба ин, дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар гардидааст, ки коррупсия ин кирдори (ҳаракат ё беҳаракатие) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайриммодӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамояд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, мебошад.Бояд қайд намуд, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб меёбад. Аз ин хотир дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия низ махсус қайд гардида, аз ҷумла дар моддаи 7 Кодекси рафтори шахсони мансабдор оид ба таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, ки бо қатъномаи Ассамблеияи генералии СММ аз 17 декабри соли 1979 қабул шудааст, дарҷ ёфтааст, ки шахсони мансабдор оид ба таъмини тартиботи ҳуқуқӣ бояд ягон намуди кирдори коррупсиониро содир накунанд ва барои пешгирии ҳамаҷонибаи чунин омилҳо ва мубориза бар зидди он кушиш намоянд. Бо шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар кишвари мо фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст. Аз ҷумла дар ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавобгуй қабул шуда, ниҳоди махсусгардонидашудаи давлатӣ-Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ниҳоди умумимиллӣ - Шурои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шудаанд.

Ҳамзамон дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати пешгирии омилҳо коррупсионӣ ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани шахсоне, ки ба чунин кирдори номатлуб даст мезананд муқарраротҳои дахлдор пешбинӣ гардидааст. Боиси тазакур аст, ки аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ баланд бардоштани маоши вазифавии хизматчиёни давлати дар ин сол низ пешбинӣ гардиааст. Мавриди зикр аст, ки Тадбирҳои амаликунандаи роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки барои аз байн бурдани зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои корупсиони ҳамаи моро водор месозад, ки дар ин кори басо муҳими давлатӣ бетараф набошем ва дар ин самт бо фаъолияти масъулиятноки хизматӣ ҳиссаи худро гузорем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ