​Конференсия: Масоили муҳими сиёсӣ баррасӣ шуданд

Дар кафедраи умумидонишгоњии сиёсатшиносї бахши донишљўёни конференсияи илмї-анъанавӣ доир гардид. Ташаббуси мазкур дар доираи эълон гардидани “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї дар соњаи илму маориф”, “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва Рўзи илми тољик гузаронида шуд.

Конференсияро мудири кафедра, дотсент Ойбек Холдоров ифтитоҳ бахшида, ањамият ва зарурати тайёр кардани маърўзаи илмиро барои донишҷӯён дар ташаккули нутќи шифоњї, хаттї, тафаккури маънавї ва љањонбинии илмии онҳо судманд унвон намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин бахш 16 маърӯза шунида шуд. Донишҷӯён тавассути муаррифинома маърӯза намуда, масъалаҳои муҳими соҳаро баррасӣ намуданд.

Маърўзаи Мавлонов Абдумавлон, донишљўи бахши сеюми факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус тањти унвони “Конститутсия - санади олии ҳуқуқӣ” бењтарин дониста шуд.

Бо табодули афкор бахши конференсия анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ