​Фалсафа: силсилаи чорабиниҳо дар доираи ҳафтаи илм

Дар доираи ҳафтаи илм бо иқдоми кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа як қатор чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ гардид. Аз ҷумла, дар хобгоҳи №9 зери унвони “Истиқлолият - кафили рушди илму маориф”, дар хобгоҳи №2 дар мавзуи “Паём – раҳнамои миллат” ва дар хобгоҳи №1 перомуни “Илм чароғи равшан аст” чорабинии илмӣ-сиёсӣ ва тарбиявӣ баргузор гардид.

Ташаббуси мазкур доираи васеи донишҷӯёнро фаро гирифта, дар доираи он маърузаҳои пурмуҳтаво ироа гардиданд.

Устодони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа дар чорабиниҳои мазкур аз тамоми имконият истифода бурда, ҷиҳати таҳкими сатҳи маълумотнокии донишҷӯён кӯшиш намуданд.

Ҳамзамон, дар идомаи ин иқдом маҳфили намунавии “Файласуфи ҷавон” дар мавзуъҳои “Саҳми Пешвои миллат дар рушди илму дониш” баргузор гардид.

Дар кори маҳфил устодони кафедра ва донишҷӯён аз факултетҳои иқтисодӣ ва забонҳои хориҷии донишгоҳ ширкат варзиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ