​Дониш-бузургтарин сармояи инсонӣ

Дар доираи ҳафтаи илм бо иқдоми кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа як қатор чорабиниҳо идома доранд. Аз ҷумла, дар доираи ҳамин ташаббус дар факултети филологияи тоҷик маҳфили илмӣ-тарбиявӣ доир гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки маҳфили мазкур ба мавзуи “Дониш-бузургтарин сармояи инсонӣ” бахшида шуда, ин ташаббус таҳти роҳбарии устодони кафедра дотсент Ҳакимова Зумрадхон ва сармуаллима Қурбонова Мусабеъхон ба роҳ монда шуд.

Перомуни мавзуи меҳварии маҳфил маърӯзаҳо ироа шуданд. Тарбияи кадрҳои лаёқатманд, рушди соҳаи маориф, нақши омӯзгорон дар таъмини пешрафти ин соҳа аз мавзуъҳое буданд, ки дар доираи кори маҳфил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ