​Дарси маҳорат барои иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявӣ

Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дарси маҳорат ташкил гардид, ки он аз ҷониби Ҳусейн Зайтметов, дотсенти факултети психология ва таҳсилоти ибтидоии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гузаронида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дарси маҳорат дар мавзуи "Хотираи инсон ва усулҳои дар хотир нигоҳ доштан" ба роҳ монда шуда, дар доираи он ба иштирокчиёни озмун нозукиҳо ва шеваҳои муҳими мустаҳкам намудани хотира омӯзонида шуд.

Ҳусейн Зайтметов, номзади илмҳои психологӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо истифода аз таҷрибаи судманд барои довталабони озмун маҳорати суханварӣ ва роҳҳои қабулу ҳифзи маълумотро ёд дод, ки ҷиҳати ба даст овардани ғолибият дар озмун барои иштирокчиён муфид буд.

Хотиррасон менамоем, ки дар даври ҷумҳуриявии озмун устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолона иштирок ва саҳм гузошта, донишгоҳ бо ишғоли 5 мақоми намоён ва 5 ҷойи ифтихорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми якумро касб намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ