Кафедраи сиёсатшиносӣ

Телефон барои маълумот

Кафедраи сиёсатшиносӣ. Имрӯз мо дар остонаи ҷашни хеле муҳиму таърихӣ- тантанаи 85 –солагии таъсисёбии яке аз марказҳои куҳантарини илму маърифат − Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров қарор дорем. Дар ин марҳала кас ба гузаштаи худ назар афканда, саҳифаҳои ифтихорангез ва ибратомӯзи таърихи худро варақгардон мекунад, аз гузашта барои ҳалли масъалаҳои имрӯзу фардо ҷавоб меҷӯяд.Ба ин маънӣ худогоҳиву худшиносӣ бо иттисолу пайванди маънавию рӯҳӣ, бо дастовардҳои гузаштагон тавъам аст. Бесабаб нест, ки мо низ имрӯз беш аз ҳар вақти дигар ба таърихамон рӯй овардаем, анъана ва суннатҳои аслии миллиамонро эҳё мекунем ва ба қавле рӯзгори ҳаёти хешро ҷӯё ҳастем. Бо ибораи дигар, ҳадафамон аз муроҷиат ба гузашта аз он аст, ки гузаштаро ба хидмати имрӯзу фардоямон вогузорем.

Ташаккул ва инкишофи кафедраи сиёсатшиносӣ (собиқ коммунизми илмӣ) ба ибтидои солҳои 60-ум рост меояд.Собиқ ректори ДДОЛ - шодравон П.Ҳамроқулов, ки дар ташкили кафедра саҳми арзанда гузоштааст, дар асоси ҷамъиятӣ дар соли хониши 1963-64 мудирии ин кафедраи навтаъсисро ба зимма гирифт. Дар ташаккул ва инкишофи кафедра саҳми аввалин мудири он - номзади илмҳои таърих, дотсент С.Ҳомидов хеле назаррас аст. Ӯ соли 1965 аввалин мудири кафедра интихоб шуда дар давраи мушкилтарини таъсисёбии кафед¬ра фаъолият бурда то соли 1978 дар ин вазифаи масъулиятнок пурсамар меҳнат намуд. Таҳти сарварии С.Ҳомидов дастурҳои таълимӣ аз фанни коммунизми илмӣ, мақолаҳои илмӣ роҷеъ ба назария ва амалияи бунёди ҷомеаи навин нашр гардиданд. Маҳз бо кӯшишу талошҳои ин марди накӯном ва наҷиб кафедра бо кадрҳои баландихтисос таъмин карда шуд. Дар он солҳо ба кафедра муаллимони соҳибтаҷрибаву бомаҳорат, аз ҷумла дотсентон П.Каримов, Ш.Охунов, С.Қаюмов, М.Ғозиев, Ҳ.Пӯлодов, сармуаллима С.В.Литвинова ба кор омаданд. Бо кӯшишу талошҳои ин устодони соҳибтаҷриба адабиёти наву тоза ҷамъоварӣ карда шуда, ҳуҷраитаълимӣ таҷҳизонида шуд.

Дертар дар солҳои 1973- 1974 ба ҳайати устодони кафедра мутахассисони ҷавон, аз ҷумла Т.Каримова Ҳ.Файзибоева, М.Оқилова, ворид гардиданд, ки минбаъд дар таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон ва инкишофи нерӯи илмии кафедра саҳми назаррас гузоштанд. Кафедраи коммунизми илмӣ дар қатори кафедраҳои таърихи ҲКИШ, фалсафа ва назарияи иқтисодӣ умумидонишгоҳӣ маҳсуб меёфт. Фаъолияти ин кафедраҳоро Шӯрои кафедраҳои фанҳои ҷомеашиносӣ танзим намуда дар назди он семинари методологӣ амал менамуд, ки дар он устодони ин кафедраҳо бо маърӯзаҳои илмӣ баромад менамуданд ва масъалаҳои мубрами назариявӣ ва методологӣ муҳокима карда мешуданд.Устодон-ҷомеашиносон дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ мегузарониданд, дар маъракаҳои интихоботӣ фаъолона иштирок менамуданд, тарғиботчиёни фаъоли ҷамъияти «Дониш» ба шумор мерафтанд. Фаъолияти онҳо дар ин ҷода борҳо қадршиносӣ карда шудааст. Аз моҳи сентябри соли 1978 то соли 1983 номзади илмҳои таърих, дотсент Каримов П.ба кафедра сарварӣ намудааст. Таҳти сарварии ӯ кафедра ба масъалаи тайёр кардани кадрҳои соҳибунвони илмӣ диққати махсус дод. Маҳз бо саъю кӯшишҳои мавсуф соли 1978 ба кафедра мутахассисони соҳибунвон номзади илмҳои таърих Олимов А., номзади илмҳои фалсафа, дотсент Турсунов Ҳ., Зокирова О. аз марказҳои илмии ҷумҳурӣ ҷалб карда шуда, пойгоҳи илмию методӣ ва таълимии кафедра ғанӣ гардонида шуданд. Кадрҳои ҷавон Қосимов И., Абдухолиқов Ё. дар ҳамин давра ба кор қабул карда шуда, аз мактаби кафедраи мазкур дарси ҳаёт омӯхтаанд.

Солҳои 1984 - 1987 ба кафедра номзади илмҳои таърих, дотсент Олимов А. сарварӣ намудааст. Моҳи сентябри соли 1986 бо насими бозсозӣ кафедраи коммунизми илмӣ кафедраи назарияи сотсиализм унвон гирифт.Дар ин давра бамасъалаҳои такомули дараҷаи назариявӣ ва методии таълими фанни назарияи сотсиализм диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар машваратҳои назариявӣ ва методии кафедра муаммоҳои мубрами фан, коркардҳои методии таълими фан мавриди муҳокима қарор мегиранд. Дар ҳамин давра дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов докторант Пӯлодов Ҳ. рисолаи доктории худро дифоъ менамояд. Муаллимаи кафедра Оқилова М.соли 1988 дар Донишгоҳи давлатии Тошканд ба номи В.И.Ленин рисолаи номзадиро дифоъ намуда соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа мегардад. Дар давраи сӣ соли мавҷудияти кафедра устодони он 1200 рисолаю мақолаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ-оммавии худро нашр менамоянд, ки ҳаҷми он 700 ҷузъи чопиро ташкил медиҳад.

Солҳои 1988-95 профес¬сор Ҳ.Пӯлодов мудири кафедра таъин мегардад. Дар ин давра дар ҳаёти кафедра гардиши куллие ба вуҷуд омад. Бо тақозои замон зарурати тағйир додани номи кафедра ва фанни таълимии он ба миён омад. Аз моҳи феврали соли 1992 дар кафедра таълими фанни сиёсатшиносӣ оғоз ёфт. Бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ кафедра аз моҳи сентябри соли 1992 кафедраи сиёсатшиносӣ унвон гирифт. Баробари таълими фанни сиёсатшиносӣ аз соли хониши 1989-1990 фанни ҳуқуқшиносӣ аз кафедраи фалсафа ба кафедраи мазкур гузаонида шуда, таълими ин фан низ ба дӯши кафедра вогузор гардид. Аз ин лиҳоз барои таълими фанни ҳуқуқшиносӣ мутахассисон - хатмкунандагони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон Худойбердиев З., Баққосов И., Ҳабибуллоева М. ба кор қабул карда шуданд.

Баробари дар соли 1996 бо фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудани шуъбаи ҳуқуқ ва тиҷорати байналхалқӣ дар Донишгоҳ таълими фанни ҳуқуқшиносӣ ба шуъбаи навтаъсис интиқол карда шуд.Диққати асосии устодони кафедра дар ин давра ба ташкил намудани фонди лексионӣ аз фанни сиёсатшиносӣ, таҳияи дастурҳои таълимӣ, коркардҳои методӣ барои машғулиятҳои семинарӣ ва беҳтар намудани сифати таълим равона карда шуда буд. Таълифи китоби дарсии "Асосҳои сиё¬сатшиносӣ", "Основы политоло¬гии", "Сиёсатшунослик асослари" маҳсули меҳнати устодони кафедра дар ин давра буда, солҳои 1993-94 бо се забон ба табъ расид.Қайд карда бамаврид аст, ки маҳз дар ҳамин давра тадқиқотҳои илмии аъзоёни кафедра ба як мавзӯи умумӣ равона карда шуда маҳсули илмии аъзоёни кафедра боз ҳам самаранок гардид. Соли 1989 сармуаллима Каримова Т. дар ДДО ба номи Низомии ш.Тошканд рисолаи номзадии худро муваффақона ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа мегардад. Дар муддати панҷ сол (1988-1993) аз ҷониби устодони кафедра 7 монография, 60 рисола ва 200 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ нашр карда мешаванд.

Натиҷаи тадқиқотҳои илмии кафедра натанҳо дар таълими фанни сиёсатшиносӣ, инчунин дар таҳқиқотҳои илмии муҳаққиқони макотиби олии кишвар ва берун аз он мавриди истифода қарор мегиранд. Маҳсули илмии олимон Пӯлотов Ҳ.Р., Ҳомидов С.Ҳ., Олимов А.А., Ғозиев М.Ғ., Каримов П.Р., Турсунов Ҳ.Ш., Оқилова М.М., Каримова Т. ва бисёр дигарон дар доираҳои илмӣ пазируфта мешаванд. Аз моҳи марти соли 1995 то соли 1997 мудирии кафедраи сиёсатшиносӣ ба зиммаи дотсенти кафедра Оқилова М.М. вогузор карда мешавад. Дар ин давра дар кафедра устодони ҷавон Сатторов Б., Бердишукуров А.А., Ӯлмасова М. ба фаъолият оғоз менамоянд. Ба аспирантураи Донишгоҳ аз рӯи ихтисоси фалсафа аспирантон ва унвонҷӯён ҷалб карда мешаванд. Унвонҷӯ Сатторов Б. ва аспирант Пӯлотов А.Ҳ. рисолаҳои номзадии худро дар риштаи фалсафа бомуваффақият дифоъ менамоянд. Олимони кафедра бо марказҳои илмии бонуфузи Иттиҳоди Шӯравӣ робитаи қавӣ доранд. Бахусус Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов, Донишгоҳи давлатии Тошканд ба номи В.И.Ленин, Институти фалсафаи АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти фалсафа ва ҳуқуқи АУ Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисоси кафедра саҳми арзанда доранд.

Солҳои 1997 – 1998 дотсентон Ҳомидов С. ва Сатторов Б. вазифаи сарварии кафедраро иҷро менамоянд. Аз соли 1998 то соли 2008 профессор А.Пӯлодов муди¬рии кафедраро ба ӯҳда мегирад.Дар ин давра дар кафедра дотсентон Ҳомидов С.Ҳ., Турсунов Ҳ.Ш., Олимов А.А., Қаюмов С.Қ., Оқилова М.М., Сатторов Б., Бердишукуров А.А., муаллима Ӯлмасова М. фаъолият менамоянд. Мудири кафедра А.Пӯлодов соли 1998 бо ҳаммуаллифӣ китоби дарсии «Сиёсатшиносӣ» - ро бо ду забон –тоҷикӣ ва русӣ интишор менамояд ва ба гирифтани Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (2001) шарафёб мегардад. Соли 2003 А.Пӯлодов дар Институти фалсафа ва ҳуқуқи АУ Ҷумҳурии Ӯзбекистон рисолаи доктории худро бомуваффақият ҳимоя намуда ба дараҷаи илмии доктори илмҳои фалсафа ноил мегардад. Устодони кафедра як қатор асарҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ-методиро аз чоп бароварданд. Соли 2004 китоби нави профессор Пӯлодов А.Ҳ. "Муносибатҳои этно-иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ" ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ нашр мегардад. Устодони кафедра дот¬сентон М.Оқилова, А.Бердишукуров, Б.Сатторов ва сармуаллима М.Ӯлмасова дар таълифи китобҳо, мақолаҳои илмӣ, таҳияи маводҳои ёрирасони таълим саҳми арзанда мӯгузоранд. Аз ҷумла, дотсент Оқилова М. дастури таълимӣ зери унвони “Васоити аёнӣ аз фанни сиёсатшиносӣ” (2002), маҷмӯаҳои “Мавқеи илмҳои ҷомеашиносӣ дар раванди демократикунонии ҷомеа” (2002), “Маводи конфронси илмию амалии устодон” (2003), китоби “75 соли макони маърифат” бо ҳаммуаллифӣ дар ҳаҷми 22 ҷузъи чопӣ (2003), маҷмӯаи “Шафақи маърифат” (2008) ва ғайраҳоро интишор менамояд. Сармуаллима Ӯлмасова М. бо ҳаммуаллифӣ “Маводи таълимӣ аз фанни сиёсатшиносӣ” – ро аз чоп мебарорад.

Аз моҳи январи соли 2009 то моҳи январи соли 2013 мудирии кафедра ба дӯши номзади илмҳои фалсафа, дотсент Оқилова М.М. вогузор гардид. Ҳайати кафедраро дар ин давра устодони доимӣ профессор Пӯлотов А.Ҳ., дотсентон Турсунов Ҳ.Ш., Олимов А.А., Сатторов Б., Бердишукуров А. ва ҳамкорон сармуаллимон Ӯлмасова М. ва Одинаев А. ташкил медоданд. Дар соли хониши 2009-2010 бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ ба феҳристи фанҳои кафедра таълими фанни ҳуқуқшиносӣ баргардонида шуд. Аз ин лиҳоз ба кафедра барои таълими ин фан сармуаллим Ҳайдаров Қ., ассистентон Шукуров Н. ва Мухамедова М. аз кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқ гузаронида шуда, устодони ҷавон Исмоилова М., Комилова З., Нурматова Г.ва Сангинов К. ба кор қабул карда шуданд. Соли 2011 дар Шӯрои дифои назди Институти фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи АУ Тоҷикистон мудири кафедра дотсент Оқилова М.М. дар мавзӯи «Аҳамияти категорияҳои ҷузъ ва кулл дар таҳлили равандҳои иҷтимоии муосир (дар мисоли даъватҳои глобалӣ ба Тоҷикистон)» рисолаи доктории худро бомуваффақият ҳимоя намуда ба дараҷаи илмии доктори илмҳои фалсафа мушарраф гардид ва дар вилояти Суғд аввалин ва ягона занест, ки дар соҳаи фалсафа ба ин унвони баланди илмӣ расидааст.

Дар ин давра мудири кафедра Оқилова М.М.китобҳои “Толиби фарҳанг”, “Аҳамияти методологии категорияҳои ҷузъ ва кулл дар ҷанбаи инкишофи тоҷикон, таърих ва давлатдории онон”, “Ҷузъ ва кулл дар ҷанбаи омӯзиши даъватҳои глобалӣ ба Тоҷикистони соҳибистиқлол (таҳлили иҷтимоӣ-фалсафӣ) ”, “Значимость категорий части и целого в анализе современнқх социальнқх процессов (на примере глобальнқх вқовов Таджикистану)” –ро нашр намуд. Мақолаҳои илмии устодони кафедра дар маҷмӯаҳо, маҷаллаҳои бонуфузи илмии Русия “Политика и общество”, Философия и культура” ва “Современнқе гуманитарнқе исследования” , маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, Ахбори АУ ҶТ ва ғайраҳо нашр мегарданд. Устодони кафедра дар се соли охир дар чандин конфронс ва ҳамойишҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамойишҳои байналмилалии «Муколамаи фарҳангҳо: Ҷойгоҳи Имоми Аъзам дар фарҳанги ислом ва ҷаҳон” (Хуҷанд, 2009), «Русия ва Осиёи Марказӣ: ҳамкорӣ дар асри ХХI» (Екатеринбург, 2010); «Амнияти Тоҷикистон дар сохтори кишварҳои абарқудрат» (Маркази Тадқиқоти Стратегии назди Президенти ҶТ, 2010, Душанбе); «Тоҷикистон ва Хитой: заминаҳои маданӣ, таърихӣ ва дурнамои стратегӣ» (Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, 2010с., Душанбе); «Ҷанбаҳои сиёсӣ-ҳуқуқии таъмини амният дар Осиёи Марказӣ» (Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҶТ, Душанбе, 2010с.),конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Таҷрибаи миллии муносибати дину давлат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Душанбе, моҳи декабри соли 2011)ва ғайраҳо бо маърӯзаҳои илмии худ иштирок намудаанд.

Дар назди кафедраи сиёсатшиносӣ маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Сиёсатшинос» амал менамояд, ки он наздик 40 нафар донишҷӯёни лаёқатманд ва толиби илмро аз ҳамаи факултетҳои донишгоҳ муттаҳид менамояд. Маърӯзаҳои донишҷӯён мавзӯоти мухталифи ҳаёти сиёсии ҷомеаро дар бар мегирад. Аъзои маҳфил донишҷӯи соли панҷуми факултети забон ва адабиёти тоҷик Оқилова З. дар соли 2010 дар озмуни умумиҷумҳуриявӣ аз фанни сиёсатшиносӣ ҷои якумро соҳиб гардид. Инчунин донишҷӯи мазкур дар озмуни “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ”, ки бо ибтикори Вазорати маорифи ҶТ гузаронида мешавад, аз фанни сиёсатшиносӣ бо маърӯзаи худ иштирок намуда соҳиби ҷои дуввум гардид ва дар озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол - 2009”, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ҷои сеюмро ишғол намуд.

Моҳи июни соли 2011 бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ кафедраи сиёсатшиносӣ бо кафедраи фалсафаи маданият муттаҳид карда шуда, кафедраи муттаҳида кафедраи сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ унвон гирифт. Дар кафедра 2 нафар докторони илм, профессорон, 5 нафар дотсентон, номзадҳои илм, 5 нафар сармуаллимон, 3 нафар ассистентон, 5 нафар аспирантон ва 2 нафар коргузорон - дар маҷмӯъ 22 нафар ташкил медоданд. Устодони доимиро докторони илм Оқилова М. ва Пӯлотов А., дотсентон- Каримова Т., Сулаймонов Ш., Сатторов Б., Бердишукуров А., Усанов Р., сармуаллимон Исмоилова Д., Каримов Т., Деҳқонова Г., {айитбоева М., Нурматова Г., ассистентон Исмоилова М., Комилова З. ва Сангинов К. ташкил медоданд. Бо ташаббуси мудири кафедра ва дастгирии Раёсати Донишгоҳ кафедра бо воситаҳои техникии муосир таъмин карда шуда кафедра кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад, ки донишҷӯён бо китобҳои дарсӣ, маводҳои таълимӣ, дастурҳо аз фанҳои марбути кафедра таъмин бошанд.

Таъмини босифати раванди таълим танҳо дар ҳамбастагӣ бо тадқиқотҳои илмӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардад. Аз ин лиҳоз барои кафедра ин маҳаки асосии ташкили пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотии устодон ва аспирантон гардид. Мавзӯи барномаи корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра дар ду равия ҷараён гирифтааст. Мавзӯи равияи якум “Таҳлили равандҳои иҷтимоии муосир (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)” буда, роҳбари илмӣ доктори илми фалсафа, профессор Оқилова М. мебошад. Мавзӯи равияи дуйум “Масъалаҳои актуалии фалсафаи гуманизм ва фарҳанги миллӣ” буда роҳбари илмӣ доктори илми фалсафа, профессор Пӯлотов А. мебошад. Натиҷаи асосии КИТ дар соли 2011 нашри маҷмӯа таҳти унвони “Истиқлолият ва равандҳои иҷтимоии муосир” дар ҳачми 14 ҷузъи чопӣ мебошад, ки бо иштироки фаъолонаи устодони кафедра ба иҷро расидааст. Сармуаллими кафедра Каримов Т. дар самти таҳияи лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ кор бурда дар заминаи ҳамкорӣ бо шуъбаи вилоятии фонди молиявии «Сорос» як барномаро зери унвони «Низоъ ва ҷомеа» омода намудааст. Дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи зиёиёни вилояти Суғд семинари илмӣ-амалиро дар мавзӯи «Таҳаммулпазирӣ дар контексти динҳои ҷаҳонӣ ва миллӣ» доир намуд, ки он дар ноҳияҳои Ашт ва Бобоҷон Ғафуров барои омӯзгорону толибилмони синфҳои 10-11 гузаронидааст. Аз моҳи январи соли 2013 то 2017 мудирии кафедра ба дӯши дотсент Усанов Р. вогузор гардид. {айати кафедраро профессор Оқилова М., дотсентон: Сулаймонов Ш., Каримова Т., Сатторов Б., Бердишукуров А., Усанов Р., сармуаллимон Каримов Т., Исмоилова Д., Деҳқонова Г., Ҳайитбоева М., омӯзгорон: Исмоилова М., Комилова З., Нурматова Г. ва Сангинов К.ташкил медоданд. Дар ҳамин давра ба кафедра устодон Ҷӯраева Н., Қурбонова М., Қорихонов С. ва Оқилова М. ба кор қабул карда шуданд. Тибқи барномаи корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра дар ин давра натиҷаи он дар маҷмӯаи “Тоҷикистон дар маҷрои ҷаҳонишавӣ” зери таҳрири профессор Оқилова М. бахшида ба 20 солагии Конститутсияи ҶТ ва 50 солагии кафедраи сиёсатшиносӣ, дар ҳаҷми 10 ҷузъи чопӣ Хуҷанд, 2014 инъикос карда шуд. Дар ҳамин давра дастури таълимӣ аз фанни “Фарҳангшиносӣ” ба забони тоҷикӣ аз ҷониби устодон Оқилова М., Каримов Т. ва Оқилова М. дар ҳаҷми 20 ҷузъи чопӣ нашр карда шуд. Дастури таълимӣ аз фанни “Фарҳангшиносӣ” ба забони ӯзбекӣ аз ҷониби устодон Оқилова М., Каримова Т.,Усанов Р. ва Бердишукуров А. дар ҳаҷми 20 ҷузъи чопӣ нашр карда шуд. Соли 2016 унвонҷӯи кафедра Ҳодибоев Фаридунтаҳти роҳбарии доктори илмҳои фалсафа, профессор Оқилова М.М. дар мавзӯи «Место и роль молодёжи в социальной структуре таджикского общества»дар Институти фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи ба номи академик А.Баҳоваддинови АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуд. Зери роҳнамоии профессор Оқилова М. аспирантон Исмоилова М., Сангинов К., Оқилова М., Шарипова М. ва Саидова П. корҳои илмӣ - таҳқиқотии худро анҷом дода истодаанд. Профессор Пӯлотов А.Ҳ. ба аспирантон Комилова З., Қурбонова М., Мелибоев О. роҳнамоӣ карда истодааст. Алҳол аспирант Оқилова М.дар мавзӯи “Взаимодействие религии и светской культурқ в современном обществе (на примере Таджикистана)” кори илмӣ-таҳқиқотии худро анҷом дод ва аз муҳокимаи кафедра гузашта ба ҳимоя тавсия шудааст. Аз моҳи августи соли 2017 сарварии кафедра ба зиммаи дотсент, номзади илмҳои фалсафа Бердишукуров А. вогузор гардид. Ҳайати кафедраро дар соли таҳсили 2017-2018 19 нафар устодони штатӣ ташкил дод. Ба кафедра дотсент Умаралиева Ӯ., устодони ҷавон Саркорбобоева М., Шарипова М., Абдуҷабборова Р., Холдоров О. ва Салимов Э. ба кор қабул карда шуданд. Дар соли хониши 2018-2019 бошад, аз ҳисоби зиёд шудани соатҳои таълимӣ миқдори устодони штатӣ 23 нафарро ташкил дод. Аз ҷумла, омӯзгорони ҷавон сармуаллима Абдуллоева А., муаллимон Мелибоев О., Болтаева М., Рӯзиев С. ба кор қабул гардиданд. Қобили қайд аст, ки кафедраи сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ бо марказҳои илмии бонуфуз робитаи қавӣ доранд. Бахусус Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов, Донишгоҳи давлатии Тошканд ба номи В.И.Ленин, Институти фалсафа сиёсат ва ҳуқуқи АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи славянӣ-русии Тоҷикистон дар тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисоси кафедра саҳми арзанда доранд. Дар давраи омодагӣ ба ҷашнгирии 85 солагии Донишгоҳ месазад фаъолияти зиёда аз панҷоҳу панҷсолаи кафедраро натиҷабардорӣ намоем. Кафедраи мазкур на танҳо барои ташаккули шуури сиёсии донишҷӯёну мутахассисон, балки барои тайёр кардани кадрҳои илмӣ, ходимони ҳизбӣ, кормандони мақомотҳои давлатӣ мактаби ҳаётӣ гардидааст.

Дар муддати зикргардида 5 нафар доктори илми фалсафа ва наздик 20 нафар номзадҳои илми таърих ва фалсафа дар кафедраи мазкур тайёр карда шуда ба қуллаҳои баланди илм расидаанд. Мудири кафедра профессор С.Ҳомидов аз соли 1977 то соли 1991 ба ҳайси мудири гуруҳи лектории шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи кумитаи ҳизбии вилоят фаъолият намудааст. Профессор Қаюмов С.К. дорандаи ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо, ифтихорномаҳои Раёсати ШО ҶШС Тоҷикистон, медали тиллои ба номи академик А.Вавилов, Шаҳрванди фахрии ш.Хуҷанд ба ҳайси мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти кумитаи шаҳрӣ ва вилоятии ҲК Тоҷикистон, ректори ДДОЛ, раиси раёсати ҷамъияти “Дониш”-и вилоят, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ш.Хуҷанд, вилояти Суғд фаъолият намудааст. Профессор Пӯлодов Ҳ.Р. Ходими шоистаи илм ва техникаи ҶТ, Аълочии ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Аълочии маорифи халқи ҶТ, узви вобастаи Академияи илмҳои байналхалқии мактабҳои олӣ, депутати Маҷлиси Олии ҶТ ба ҳайси ҷонишини раиси вилояти Ленинобод, ёвари Президенти ҶТ дар вилояти Ленинобод, узви Комиссияи мусолиҳаи миллӣ, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолият намудааст. Дотсент Ғозиев М.Г. ба ҳайси котиби якуми кумитаи комсомоли в.Ленинобод, дастурдеҳи КМ ҲК Тоҷикистон, мудири шуъбаи кумитаи Ҳизби коммунисти ш.Ленинобод, раиси садорати ҷамъияти “Дониш”-и вилояти Ленинобод фаъолият намудааст. Дотсент Ё.Абдухолиқов ба ҳайси ноибректори Донишкадаи менеҷменти Тоҷикистон, корманди САҲА дар ҶТ, менеҷери минтақавии барномаи инкишофи СММ дар Тоҷикистон ва кишварҳои Африка фаъолият намудааст. Дотсент Қосимов И.У. дар вазифаҳои дастурдеҳи кумитаи Ҳизби коммунистии ш.Хуҷанд, ноибдекан ва декани факултети ҳуқуқшиносӣ меҳнат намудааст. Дар пешрафт ва дастовардҳои кафедра саҳми О.Норматова, В.Тиде, В.Миллер, Л.Иброҳимова, Л.Орифҷонова, О.Деҳқонова, М.Ӯлмасова, М.Исмоилова, М.Мақсудова, Н.Холматова ва дигарон, ки фаъолияти худро аз коргузори кафедра оғоз намудаанд, хеле назаррас мебошад. Дар хотима зикр кардан бамаврид аст, ки натиҷаи заҳматҳои ҳамин устодон аст, ки имрӯз шумораи зиёди дастпарварони он барои тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа дар тамоми қаламрави вилоят ва берун аз он саҳми арзандаи хешро мегузоранд.