​Зиракии сиёсӣ – кафили пешгирӣ аз ифротишавӣ

ТЭТ ҲНИ аз рафторҳои хиёнаткоронаи бунёдгузорону думравонаш ва аз мазҳаб фурӯшиву қатлу куштори онҳо сиёҳ буда, ба варақзании он дигар ниёзе нест.

Чунки дар мавриди мазкур навиштаанду ҳамарӯза менависанд ва мо – шаҳрвандон низ шоҳиди бевоситаи кирдорҳои хабисонаи наҳзатиён будем ва натиҷаи майдон бозиву гирдиҳамоӣ ва исломгароиву маҳалпарастиашон қариб буд, ки Тоҷикистони азизро аз харитаи ҷаҳон пок сохта, миллатро ба гумномӣ кашад.

Хушбахтона, мо - мардуми тоҷик бо сиёсати хирадмандона, ҳисси меҳандӯстиву асолати тоҷикона тавонистем, қомати миллати ба зону кашидаи «худиҳои бегонапарасти фурӯхташуда»-ро рост намуда, таҳти роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат пояҳои давлату Ҳукумати миллиро бунёд гузорем ва тоҷикон, дар умум, тамоми қавму миллатҳои сокини Тоҷикистонро муттаҳид намуда, ба онҳо сулҳу субот, тинҷиву осоиштагӣ ва пуриву сериро ба армуғон созем.

Ҳизби наҳзати ислом, ки мақсаду маромашон ба нобудӣ кашидани миллати тоҷик аст, ҳамаи ин дастовардҳову пешрафтҳои даврони истиқлолият дар комашон заҳру зақум гардида, онҳоро ноорому безобита мекунад. Аз ин рӯ, онҳо роҳу усулҳои нав ба навро барои расидан ба аҳдофи нопокашон имтиҳон доранд.

Аз кули шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорем, ки нисбати фаъолияти иғвокоронаи наҳзатиён бетараф набуда, насли наврасро аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ эмин нигоҳ доранд. Зиракӣ ва ҳушёри сиёсии худро аз даст надиҳанд.

Томирис Нурматова – устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ