Заковатро аз ҷаҳолату разолат боло гузоред!

Ҳадафи асосии миллати қирғиз амалинашаванда аст. Ҳеҷ як миллат дар Осиёи Марказӣ ба манотиқи бештар нисбат ба тоҷикон ҳуқуқи далолат кардан надорад. Чашми ҳарисонаи сокинони Қирғизистон ба томияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муносибати ғайриқонунии онҳо ба амнияти сокинони кишвари маҳбубамон ба ҷуз аз ташкили фоҷиаҳои даҳшатноку гӯшношунид дигар анҷоме надорад. Мо кулли шаҳрвандони Тоҷикистон ҳар як ваҷаби хоки Ватанро бо баҳои ҷони хеш бошад ҳам муҳофизат менамоем. То он даме ки як тоҷик зинда аст, як каф аз хоки Ватан ба миллати қирғиз дода намешавад. Аз ин рӯ, таклиф ба амал баробарда мешавад, ки шаҳрвандони Қирғизистон дар атрофи масъалаи ҳудудиву марзӣ ба иғвоангезӣ, ошӯбсозӣ, хунрезиву оташзанӣ машғул нашаванд. Мардуми таҳаммулпазиру ваҳдатшиори тоҷикро хашмгин насозанд. Онҳо бояд ба хуби дарк намоянд, ки аз ҷиҳати иқтидорӣ ҳарбӣ ва нерӯи зеҳнӣ, инчунин таъриху фарҳанги далолаткунанда ба манотиқи бештари Осиёи Марказӣ бо тоҷикон баробар шуда наметавонанд, ҳатто рақобатпазир ҳам нестанд.

Умед бар он мебандем, ки ақл, заковат ва хиради мардуми Қирғизистон бар ҷаҳолату разолат, кинаву адоват, иғвоангезиву ҳасрат ғолибомада, мақоми хешро дар арсаи байналхалқӣ паст намесозанд. Дар таърихи давлату миллати хеш саҳифаи нангину барояшон нафратангезро боз намегардонанд. Зеро ҳар оғозеро анҷомест. Ва ҳар ҳуҷуми аҳдшиканонаву марздуздонаи онҳоро оқибати шармсор, шикасти фоҷиабор интизор аст. Сокинони кишвари Тоҷикистон қадри сарзамини аҷдодии хешро хуб медонанд, меҳанро неъмати бебаҳову муқаддас меҳисобанд, амнияти онро пос медоранд, ҳар зарра хоку ҳар қатра оби онро чунгавҳари ноёб ҳифз менамоянд. Ҳеҷ гоҳ аз ин раъйи хеш намегарданд.

Зилола Комилова - сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ, ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ