Вохўрии судманд баҳри сулҳу субот дар минтақа

Чуноне, ки ҳамаи мо огаҳӣ дорем санаҳои 12-14 октябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон сафари расмӣ ба Фаронса доштанд, ки ин албатта барои пешрафти муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса дар самтҳои гуногуни фаъолият мебошад. Дар радифи вохўриҳое, ки аз тарафи Сарвари давлат Эмомали Раҳмон бо Президенти Фаронса Эманнуэл Макрон ва дигар ашхоси намоёни Фаронса сурат гирифт, якчанд масъалаҳои муҳим вобаста ба соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар рафти ин Сафари расмӣ ба Фаронса вобаста ба соҳаи муносибатҳои дуҷониба байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистону Фаронса, инчунин вобаста ба соҳаи амнияти минтақа бахусус вазъяти имрўзаи Афѓонистон таваљљўҳи хоса зоҳир карда шуд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳар як сафари корӣ ва ё расмии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мамлакатҳои дуру наздик барои беҳдошти амнияти минтақа, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва инчунин барои пешрафти иқтисодиёт, ҳамкориҳои гунонгунҷабҳа дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ ва ғайраҳо мебошад. Дар рафти чунин сафарҳо садхо санадҳои муҳим байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ба имзо мерасанд, ки барои пешбурди муносибатҳои дўстона мусоидат мекунад.

Дар рафти вохўрии сатҳи олӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Фаронса Эманнуэл Макрон нисбати масъалаҳои соҳаи молия низ аҳамияти хоса зоҳир карда шуд.

Фаронса яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ дар соҳаи технологияҳо навтарин ба ҳисоб меравад ва ёрии башардўстонааш обрўю нуфузи вайро дар арсаи байналмиллалӣ баландтар мекунад ва аз ин ягон талафот дар иқтисодиёташ ба назар намерасад.

Нисбати сафарҳои Сарвари давлат ба дигар мамоликҳои дунё дар солҳои охир ин аст, ки Тоҷикистон баъди расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ албатта барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас сиёсати «дарҳои кушод»-ро дар дипломатияи худ эълон дошт. Он мамлакатҳое, ки мехостанд сармояи худро дар пешрафти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешбурди соҳаи тиҷорати худ гузоранд, Тоҷикистон барои онҳо имконият дод то онҳо ин амалҳои беғаразонаи худро иҷро намоянд ва дар натиҷа бисёр корхонаҳои саноатӣ кушода шуданд, ки боиси тараққиёти соҳаи иқтисодӣ ва бо кор таъмин шудани шаҳрвандон гардид.

Тоҷикистон масъалаҳои стратегии худро вобаста ба сулҳу амният дар минтақа, истиқлолияти энергетикӣ, соҳаи маориф, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ ҳал карда, бо давлатҳои дуру наздик робитаҳои гуногунљабҳаро ба роҳ монда, аъзои ташкилотҳои бонуфузтарини ҷаҳон гардида, бо қадамҳои устувори худроба сўи ояндаи дурахшон гузоштаистодааст.

Меҳримоҳ Ватанзода – устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ