Ваҳдат, таҳаммулпазирӣ - омили муҳими таъмини амният ва рушди ҷомеа
Ваҳдати миллӣ замина ва решаҳои аслии худро аз саҳифаи заррин ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик – яъне рўзи ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дарёфт, ки он 27 июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расида, пайёми ҷонбахше буд аз фарорасии сулҳи деринтизор.
Дар натиҷа, нерўҳои гуногуни сиёсӣ дар Тоҷикистон пурра дарк намуданд, ки Сулҳ ва Истиқлол бузургтарин дастовардҳои миллат ба ҳисоб мераванд.
Осоиши халқ, рушди давлат, таҳкими пояҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, нуфузи мо, пеш аз ҳама аз таъмини волоияти қонун дар саросари мамлакат вобаста мебошад, Фаъолияти тамоми ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳон ҷамъиятӣ, муассисаҳои динӣ бояд фақат дар чорчўбаи Конститутсия сурат гирад. Танҳо дар ҳамин ҳолат, мо метавонем ҷомеаи демократию мутамаддин бунёд намоем.
Мардуми тоҷик пас аз он ки фоҷиаи сахти миллиро паси сар кард, ба шинохти ҳастии хеш рў овард, зарурати вахдати миллӣ ва ҳифзи якпорчагии давлати миллиро беш аз пеш дарк намуд.
Ҳар як фарди соҳибақл бояд дарк намояд, ки расидан ба ваҳдати миллӣ амали якрўзаву дурўза нест, он марҳилаи давомдорест ва расидан ба он рафъи авомили гуногуни ҳоло дар ҷомеа вуҷуд доштаро талаб мекунад.
Устуворшавии арзишҳою ниҳодҳои демократӣ бо такя ба фаъол гардонии амал ва мавқеи созмонҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, такмилу тақвияти механизми таъсири ҷомеа ба шахс ва рафтори ў, тарбияи маърифати баланди сиёсии шаҳрвандон ва санъати идораи ҷомеа, тарбияи ҷавонон дар рўҳи арзишҳои меҳанпарастӣ ва эҳтиром доштани мероси маънавии ниёгон, устуворшавии адолати иҷтимоӣ василаҳои воқеии расидан ба ваҳдати миллӣ мебошанд.
Ваҳдати миллӣ метавонад чун идеологияи ҷомеаи навбунёд пазируфта шуда, дар роҳи боло бурдани ҳуввияти миллӣ ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон хидмат намояд.
Маълум аст, ки муҳимтарин омили ваҳдат – муҳаббату садоқат ба Ватан, ва забону фарҳанг аст. Ваҳдати миллӣ моҳият ва арзишҳои худро дошта, ба қадр, мўҳтаво ва асолати он расидан худ кори муқаддас ва бузург мебошад. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои Миллат президенти ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалии Раҳмон изҳор доштаанд: «Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазири миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».
Дигар ҷиҳати ваҳдати миллии мо ягонагии ҷомеаи Тоҷикистон, таҳаммулпазирӣ нисбат ба дигар ақаллиятҳои миллӣ ё ба таври дигар шаҳрвандоне мебошанд, ки решаҳои этникии худро ҳамчун намояндаи фарҳанги дигар миллатҳо эҳсос мекунанд.
Ҷиҳати сеюми ваҳдати миллӣ, ин муоширати фарҳангҳо ва таҳаммулпазирии онҳо дар доираи як давлати миллӣ ба ҳисоб меравад. Аслан худи мавҷудияти як умумияти фарҳангии гурўҳҳои гуногуни этникӣ, ки дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст натиҷаи ҳамин рўҳияи таҳаммулгароии миллати мо аз тарафи Пешвои муаззами Миллат Эммомалӣ Раҳмон амалӣ кардани сиёсати ваҳдати миллӣ мебошад.
Ормонҳои миллати мо чун озодӣ, истиқлолият, ватандўстиву инсондўстӣ, озодфикуриву илмдўстӣ, ваҳдати милливу дўстии байни миллатҳо, таҳаммулгароиву фарҳанговарӣ аз он ғояҳо ва омилҳое мебошанд, ки метавонанд устувории ҷомеаи моро таъмин намоянд.
Дар таъмини ваҳдати ҷомеа албатта нақши сарвари кишвар, аниқтараш Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои Миллат президенти ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалии Раҳмон бориз аст. Замоне ки Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд, Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рўбарў буд. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар навбати аввал бо таҳаммул ва дарки дурусти воқеиятҳо дар пайи сафару гуфтушунид бо раҳбарони давлатҳои дахлдор дар қазияи ҷанги кишвари мо шуданд, бо гурўҳҳо ва нерўҳои мухталиф ва ҷангандаи дохилӣ рў ба рў шуда, музокира карданд, сулҳ бастанд ва роҳро барои эҷоди сулҳ боз карданд. Имрўз ҳатто камназартарин узви ҷомеа эътироф мекунад, ки барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвари мо истиқлолияти Тоҷикистонро устувор гардонида, амнияти мардуми кишварро таъмин кардааст.
Ба ҳама равшан аст, ки ҳадафҳои номбурда, ҳамчунин ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, барқарории суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, муайянкунандаи самтҳои фаъолияти Президент, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои худидораи маҳаллӣ, корхонаву муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ, инчунин ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд.
Ҳамин тавр, падидаи ваҳдати миллӣ мавзўи баҳсу мунозираҳои назарӣ набуда, балки амри воқеии таърихи навини тоҷикон аст. Маҳз ваҳдати миллӣ ҳачмун омили муайянкунандаи роҳи асосии пешрафти Тоҷикистон арзишҳо ва афзалиятҳои ҷомеаи тоҷикро шакл дод ва қавитар гардонд, гузашта аз ин, пояи устувори давлатдории тоҷикон гардид. Бигзор, дар Тоҷикистони азизи мо то ҷовидон маъвои сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафту ободӣ бошад!
Атаева Ҳафизахон Ғафоровна – дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ
Адабиёт:
1. Акилова М. Интеграция Республики Таджикистан в процессе глобализации // Ученые записки Худжанского государственного университета им. Академика Б. Гафурова. Гуманитарные науки. Выпуск № 1 (29) 2012.
2. Х.Самиев. Пешвои миллат. Лидер нации. The leader of nation. // маҷмуаи Пешвои миллат. Душанбе, 2016. Сс.124 – 142.
2. Х.Самиев. «Сулҳи тоҷикон ва ҳофизаи таърихии мо».- // Маҷмуаи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдати миллӣ». – Душанбе, 2017 с.31 – 36.
3. Х.Самиев. Сулҳи тоҷикон ва ҳофизаи таърихии мо. // Ба қуллаҳои дониш, 21.06.2017, №1112 (1418), С.4-5.
4. Х.Самиев. Сулҳи тоҷикон ва ҳофизаи таърихии мо. Khovar.tj. 27 июни соли 2017.