Ҳуввияти миллӣ

Таҷассумгари ҷавҳари худшиносии ботинӣ эътиқоди миллӣ ва фарҳангии инсонро ҳуввияти он инъикос мекунад. Тарақиёту пешрафти муваффаққиятҳои ҳар як қавму миллат ва давлат аз муттаҳидӣ, ягонагии он вобастагии зич дорад. Ин ҳақиқатест пазируфташаванда, ҳақиқатан дар марҳилаҳои гуногуни зиндагӣ бинобар сабаҳо ва омилҳои таъинкунандаи халалдоршавии сулҳу суббот дар ҷаҳон боиси парокандагӣ ва ҳатто нестшавии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо гардида истодааст.

Аз давраҳои пеш ба миллати тоҷик хатари парокандагиию нестшавӣ борҳо таҳдид кардааст, ки як дилу як ҷон бошем. Мардуми тоҷик ҳамеша дар тулӣ асрҳо ҳувияти худро ҳифз намуда то ба боргоҳи истиқлолияти миллию давлатӣ хеш расидааст. Миллати тоҷикро миллати ҷафокашидаи ба мақсади худ расида гуем ҳам хато нахоҳем кард. Мо бояд, иродаи устувору созанда, фарҳанги бузургу эҳёгаронаи хешро боз ҳам тақвият бахшида, зинда нигоҳ дорем.

Сулҳи бо худну ҷони бародарони худ ба дастомадаро зинда нигоҳ дошта, натиҷаи заҳматҳои Пешвои миллатро қадр кунем ва ҳамеша пайрави бунёдгароии он бошем.

Барои пойдор нигоҳ доштани оромӣ мо бояд ҳама аз як гиребон сар барорем, то ки ба ягон шахси манфиятдор ТЭТ имконияти моро ба вартаи гумроҳӣ бурдан ва халалдор сохтани оромии ватани маҳбубамон роҳ надиҳем.

Боиси нигаҳронист, ки баъзе ҷавонони мо бо роҳҳои гуногун ба гуруҳҳои ифротию терористи ҳамроҳ шуда, ҷони худро дар хатар мегузоранд ва ба куштор, қатлу ғорат ва дигар кирдорҳои носавоб машғул мешаванд.

Дар ҷаҳони имрузаи муҳосир чунин душманон миллати мо кам нестанд, ки мехоҳанд бо ҳар роҳу усул дар ҷомеа нооромиро ба вуқуъ оварда хуни миллати моро дубора ҷорӣ намоянд. Ҳодисаҳои хунини имруза дар Сурия, Ироқ ва Афғонистони ҳамсоя ба вуқуъ омада моро водор месозад, ки ҳамаруза ҳушёр бошем ва ба ягон дасисабозӣ ворид нашавем.

Аз он даврае, ки мо бо душвориҳои зиёд нобасомониҳоро паси сар намуда, тавассути сиёсати хирадмандони Пешвои миллат ва халқи азизамон роҳи созиш, оштии миллӣ ва роҳи ваҳдатро пеш гирифтем. Барои ҳифзи ин неъмати бебаҳо мо бояд зиракии сиёси ваҳдати миллиро аз даст надода дар атрофии роҳбари муаззами худ муттаҳид шуда Тоҷикистонро ободу зебо гардонем.

Чунон Президенти кишварамон роҷеъ ба дарки таърихи сабақомӯз ва ҳифзи музафариятҳои миллӣ чунин баён дошта будан: «Ба таърихи миллати худ чун ба оина поку муқаддас назар бояд кард, оинае, ки акси халқро бо шукуҳу ҷамол ё айбу нуқсон нишон медиҳад не. Ин барои худшиносии ҷомеа ва равшан намудани ҳадафҳою роҳи минбаъдаи он, дар ин аёми мураккаб ниҳоят зарур аст.» Яъне таърих дӯсти ҳақиқатгуст ва саҳифаҳои пурифтихору пандомӯзи онро бо сари баланд бояд омухт.

Таъмини сулҳ, ваҳдат ва таҳкими истиқлолият вазифаи муқаддас ва пурифтихори шаҳрвандии ҳар як Тоҷикистонии бо ору номуси мебошад. Мо аз миллату давалатӣ хеш итминони комил дорем, ки мардуми соҳибфарҳанги кишварамон зиракии сиёсиро аз даст надода пайӣ пояндадории истиқлолияту ваҳдати комили халқу ватани хеш мегарданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ