Тоҷикистон хонаи умеди ман
Ҳифзи арзишҳои Истиқлоли давлатӣ, соҳибихтиёрӣ, якпорчагии Ватани азизамон ҳадафи аслии тамоми сокинони сарбаланди Тоҷикистони азиз ба ҳисоб меравад.
Таҳаввулоту ҳодисоте, ки вақтҳои охир дар дунё ба амал омада истодаанд, моро ҳушдор медиҳанд, ки ба масъалаи пок сохтани ҷомеа аз унсурҳои ҷиноятпеша, муборизаи беамон бо ҷинояткории муташаккил, пешгирӣ кардани содиршавии ҷинояту бетартибиҳо аз ҳарвақта бештар аҳамият диҳем. Мушоҳида мегардад, ин табақаи бонуфузи ҷомеа, ҳазорон нафар кормандони муассисаҳои таълимӣ, яъне аҳли зиё, падару модарон ва шахсиятҳои обрӯманд дар решакан кардани ҷинояткорӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, хештаншиносӣ, дар ҳақиқат дӯст доштани Ватан, дастгирии падару модар, пешгирӣ кардани фарзандон, хешу табору пайвандон ва ҳамдеҳагони худ аз алоқамандӣ бо муомилоти ғайриқонуниву истеъмоли маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, қонуншиканӣ, бетартибӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ як навъ мавқеи бетарафиро ишғол намудаанд.
Аз ин рӯ, ҳамаи моро зарур аст, ки ба масъалаи сатҳу сифати корҳои тарбиявӣ, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва инсондӯстиву рафоқат тарбия кардани ҷавонон ва таъмини ҳатмии волоияти қонун диққати боз ҳам бештар диҳем.
Хушбахтона ҳодисаҳои нохуш ва амалҳои террористие, ки дар Бадахшон ба амал омада буданд аз ҷониби кормандони ҳивзи ҳуқуқ ба итмом расонида шуданд.
Ба муқобили амалиёти зиддитеррористии мақомоти ҳифзи ҳуқуқимамлакат дар ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ алайҳи дастаҳои муташаккилиҷиноятӣ, ки муддати сӣ сол вазъи вилоятро ноором мекарданд, ба тарҳрезӣ ва татбиқиамалиёти муназзами террористӣ, қатлу куштор, ва бетартибиҳои оммавӣ даст мезаданд, ҳама дастгир карда шуданд. Қонун барои ҳама як аст. Чуноне, ки дар урфият мегӯянд:
Зи ноумедиҳо басо умед аст,
Поёни шаби сияҳ сафед аст.
Ҷавонони имрӯза бояд аз гузаштаи пурифтихору ибратомӯзи миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик сабақи мардонагӣ гирифта, ба Ватани худ – Тоҷикистони соҳибистиқлол ва миллати тоҷик содиқона хизмат намоянд.
Биоишаи Назар