Тоҷикистон ба пеш!


Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 30 соли истиқлолияти худ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки ин ҳам дар самти сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷӣ ба даст оварда шуданд. Зеро имрўз сиёсати инсонпарварона ва хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ дастгирӣ менамоянд.Чунончӣ давлатҳои Иттиҳоди Аврупо хамкории дуҷонибаро ба роҳ мондааст.

Дар рафти сафари кории худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои Аврупо санаии 15.10.2021 дар Ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ дар ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вазъи кунунии ҷаҳон ва алалхусус дар минтақаи Иттиҳод андешаронӣ карданд.

Вобаста ба таъсири омилҳои беруна, пандемияи коронавирус (Covid-19) ва дигар хатарҳои ҷаҳони зудтағйирёбанда пешниҳод гардид, ки бояд ба масъалаҳои тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак барои рафъи бўҳрон ва коҳиш додани оқибатҳои манфии он таваҷҷўҳи бештар зоҳир гардад.

Инчунин зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ таъкид шуд, ки мубориза бо терроризм, ифротгароӣ дар ҳама зуҳуроти он, кочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷинояткорӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ҳамчун афзалиятҳои Иттиҳод дар соҳаи амнияти минтақавӣ боқи мемонад.

Аммо дар замони муосир хиёнаткороне ёфт мешаванд, ки аз хориҷи кишвар истода зидди сиёсати ҷумҳурӣ ва халқу миллати тоҷик баромад менамоянд. Барои ба мақсадҳои ғаразноки худ расидан, суханҳои ифротгаротӣ ва иғвоангезонаи худро беасос паҳн менамоянд.Аммо имрўз дигар мардуми тоҷик ба фитнаву суханҳои беасос ва ифротии онҳо дода намешаванд. Зеро мардуми бо нангу номуси тоҷик қадри сулҳу ваҳдат ва Истиқлолияти миллиро дарк намуда, кўшиш ба харҷ медиҳад, ки барои пойдории он бо чунин хоинони миллат мубориза барад. Дигар мардум ба доми онҳо фирефта нахоҳад шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо халқи дўсту меҳнаткашаш ҳамеша барои созандагиву ободкорӣ камари ҳиммат баста, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро дастгирӣ менамояд. Тоҷистон ба пеш ба сўи ободӣ!

Омўзгори кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ Шарипова Моҳира Ҳасановна

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ