ТЭТ ҲНИ ва мақсадҳои нопоки онҳо

Ташкилоти террористӣ- экстремистии ҳизби наҳзати ислом ва гурӯҳҳои дигари ҳаммаслаки он, аз қабили он ниҳодҳои тундраве мебошанд, ки омилҳои тезу тундро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон ҳанӯз ҳам барои ноором кардани фазои ақидагии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Баргузории ҳаргуна мулоқоту суҳбатҳои онҳо, исбот мекунал, ки максади онҳо халалдор кардани сулҳу субот дар кишвар мебошад.

Магар онҳо фаромӯш карданд, ки маҳз онҳо бо чунин амалҳои номатлуб се даҳсола пеш боиси шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ гардида, Ватанро ба ҷои обод кардан ба вайроназор табдил доданд ва боиси марги ҳазорон- ҳазор мардуми бегуноҳ шуданд. Магар тақозои дини мубини ислом ҳамин аст?

Дар ягон давлати дунё ҳеҷ ҳизбу ҳаракати миллию созанда, ба хотири манфиати гурӯҳию сиёсии худ амнияти давлату сарнавишти миллати худро ба оташ кашиданӣ нест. Танҳо ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳампаймонҳои хиёнатпешаашон, ба хотири сарват тамоми ҳайсияти худро ба фурӯш мегузоранд. Инҳо ҳамон куҳнаандешони гумроҳанд, ки мехоҳанд ниқоби нав, яъне ниқоби демократия ба бар кунанду шеваи нави ҷалби ҷавононро ба сафҳои нопоки хеш ва гурӯҳҳои ихтилофангезашон дарёфт намоянд.

Мақсади навбатии хоинони миллат бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Баробари ин набояд фаромўш кард, ки дaр шaроити ҷaҳонишaвӣ душвор гaрдидaни муносибaтҳои бaйнaлмилaлӣ, сиёсию иқтисодӣ бa мaсъaлaҳои ҳифзи симои миллию мaзҳaбӣ, пос доштaни aрзишҳои мaънaвӣ, бaлaнд бaрдоштaни сaтҳи фaрҳaнгӣ-сиёсӣ вa мaърифaти ҳуқуқии aҳолии кишвaр, хусусaн ҷaвонон диққaти мaхсус зоҳир нaмудaн бa мaқсaд хеле мувофиқ aст. Бояд ҳар кадоме аз шаҳрванони боору номуси кишвар бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, амалҳои номатлуби нафарони хиёнаткору бадрафторонро шадидан маҳкум намоем.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳдӯсту сулҳофар аз тарафи ҷомеаи ҷаҳони пазируфта шуда, таҷрибаи кишвари мо, дар барқарор кардани сулҳу субот ва муқовимат алайҳи хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки марзу буми кишвар аз вартаи нестшавӣ ва парокандагӣ эмин дошта шуда, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кишвари сулҳдӯсту сулҳофар дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд гашт ва шинохта шуд.

Барно Умарова

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ