​ТЕРРОРИЗМ - ЗУҲУРОТИ ХАРОБИОВАР

Терроризм чист ва он чӣ гуна падидаест? Бисёриҳо дар бораи терроризм ва моҳияти он фаҳмиши дуруст надоранд, ин падидаи манфиро вобаста ба ҷаҳонбинии худ арзёбӣ мекунанд. Яке онро ҷанги муқаддас, дигаре боло гузоштани ғурури халқу миллати хеш, савумӣ афзалтар донистани нажоди худ аз болои дигар нажодҳо иборат медонад. Аммо ҳақиқати ҳол тамоман дигар аст.

Терроризми исломӣ ҳам мисли дигар амалиёти террористӣ вуҷуд дорад, ҳарчанд ислом зӯроварии ғайриқонунӣ ва ғайришариатиро рад мекунад. Дини мубини ислом талқингари он аст, ки ҳар мусулмон бояд оила, дин ва ҷамъияти худро аз ҳуҷуми аҷнабиён ҳимоя намояд. Ин на бо он маъност, ки баҳри расидан ба ин мақсад хуни бегуноҳон рехта шавад, ғасбу таҷовузи бегонагон сурат гирад.
Ба ин гурӯҳҳо бештар киҳо шомил мешаванд? Аввал, гурӯҳе, ки мақсадаш ба даст овардани сарват ва ҳокимият аст. Дуюм, гурӯҳи одамоне, ки дар зери парчами душмани ғоявӣ, мисли динӣ, мазҳабӣ гирд омадаанд. Ҳадафи гурӯҳи сеюм нажодпарастӣ мебошад. Гурӯҳи чорумро масоили сиёсӣ ба ҳам гирд овардааст. Дар аксари мавридҳо сабаби асосии ин муноқишаҳо мушкилоти сиёсию иқтисодӣ буда, дин барои онҳо ҳамчун восита ва силоҳ хизмат мекунад. Инро дар мисоли воқеаҳои Фаластин, Ироқ, Сурия, Яман ва Афғонистон мушоҳида кардан мумкин аст. Мақсади террористон бештар мазмуни миллатгароӣ ва мазҳабпарастиро дорад. Барои ҳамаи ин гурӯҳҳо ҷангҳои хонумонсӯз хос аст.
Акнун назаре ба таърихи амалиёти гурӯҳҳои террористӣ. Амалиёти ин гурӯҳҳо таърихи дуру дароз дорад. Он ҳанӯз аз лашкаркашиҳои Искандари Мақдуниву аъроб, ки мардумро ба қатл расонда, тамоми осори маданӣ ва китобхонаҳоро оташ заданд, ибтидо гирифта, дар давраи ҷангҳои салибӣ, ҳуҷуми муғулҳо, ғоратгарӣ ва бедодгариҳои туркзабонон нисбат ба халқҳои эронитабори Осиёи Марказӣ, ҳаракати босмачигарӣ, ҷанги фашистии Олмон, ҳаракати «Толибон», «Ал-қоида» ва ғайра боз ҳам қуввати бештарро дар худ касб кардаанд. Дар амалиёти онҳо ягон зарра падидаи мусбат дида намешавад, ҳарчанд Абдураҳмони Ҷомӣ ва Саъдӣ барои тақвияти фикрашон Искандари Мақдуниро чун шоҳи одил ба сифати идеал қабул кардаанд. Ин тамоман гапи дигар аст.
Бузургтарин амалиёти террористӣ дар қитъаи Амрико пас аз онро кашф кардани Христофор Колумб (соли 1492) сурат гирифта буд. Ишғолгарон ба сари мардуми бумӣ, яъне қабилаҳои сурхпӯст (апачиҳо) бало оварданд. Соли 1493 Христофор Колумб эъзомияи (экспедитсия) дуюми худро дар Олами Нав ба роҳ монд. Вай ба ин ҷо ғайр аз баҳрнавардон ва коҳинон теъдоди зиёди сагҳоро низ, ки «мастиф» ва «грейхуанд» ном доштанд, овард. Ин сагҳо махсус барои ба одамон ҳуҷум кардан, онҳоро пора-пора намудаву хӯрдан парвариш шуда буданд. Дар рафти эъзомия куштори сартосарии мардуми маҳаллӣ сурат гирифт. Онҳоро ба дор кашиданд.
Христофор Колумб аз пайи ҷустуҷӯи тилло шуда, ҳамзамон ҳиндуҳои Амрикоро ҳамчун ғулом мефурӯхт. Мувофиқи қонуне, ки интишор дода буд, ҳиндуёни аз 14 - сола боло бояд ҳар се моҳ андоз месупурданд. Дар ҳолати напардохтани андоз панҷаҳои дастонашонро бурида, ба гарданашон меовехтанд. Соли 1598 дар як эъзомияи навбатӣ дар тӯли се рӯз 800 нафар ҳинду кушта шуд ва пойи чапи мардони аз 25 - сола болоро бурида партофтанд. Занҳои ҳомиларо кушта, тифлҳоро аз батни онҳо берун оварда, ваҳшиёна ба қатл расонданд. Дар натиҷаи ин амалиёт ҳазорҳо ҳиндуи Амрико ба ҳалокат расид. Ин даҳшатноктарин амалиёти террористии он замон ба ҳисоб меравад.
Созмони дигари террористӣ «Ал - қоида» мебошад. Асосгузори он Усома бинни Лодан - террористи №1 маҳсуб меёбад. Ҳадафи асосии бинни Лодан ва ҷонибдорони ӯ паҳн намудани дини ислом дар ҷаҳон буд. Бо ин мақсад қароргоҳу базаҳои «Ҷанговарони ислом» - ро таъсис доданд. Ҳазрати Муҳаммад салаллоҳи ва олиҳи вассалам фармуда буд, ки исломро бо хунрезӣ, зарби шамшер паҳн намудан гуноҳ аст, зеро дигаронро ҳам Худо барои зиндагӣ кардан офаридаасту онҳо низ бандаи Худоянд. Исломро дар дили онҳо аз рӯи раҳм ворид созед. Дар замони Паёмбар ислом бо зарби шамшер паҳн ва ҷорӣ нагашта буд, ин амал дар замони халифаҳои охир амалӣ гашт. Асли мақсади роҳбарият ва аъзои «Ал- қоида» - ро равшан карданӣ бошем, аввал манфиати иқтисодӣ, нуфузи саркардаҳои он буд ва дар охир ҷорӣ намудани ислом. Тавре, ки худи бинни Лодан тиҷорати маводи мухаддири Афғонистонро пурра ба дасти худ гирифта буд. Ин дар ҳолест, ки мувофиқи шариат харидан, фурӯхтан ва истеъмоли он ҳаром аст. Пас, бини Лодану ҷонибдоронаш чӣ хел шаҳид мешудаанд, модоме хуни ноҳақ мерезанду пули ҳаром ба даст меоранд?
Толибон ҳам аз ҷумлаи гурӯҳҳои террористӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар ибтидо идеологияи онҳо ҷорӣ намудани исломи фундаменталистӣ вобаста ба расму оини маҳаллӣ буд. Роҳбарии ин гурӯҳро Мулло Умари паштун ба ӯҳда дошт. Толибон радио, телевизион, шунидани мусиқиро комилан манъ карданд. Ҳуқуқу озодиҳои занонро поймол намуданд. Гунаҳгоронро бо усулҳои асримиёнагӣ бераҳмона дар назди издиҳом ҷазо медоданд. Дар давраи зимоми ҳокимиятро дар даст доштан онҳо тамоми ёдгориҳои таърихӣ ва маданиро нобуд карданд. Далели равшани он ба хок яксон намудани ёдгориҳои буддоии музофоти Бомиёни Афғонистон мебошад.

Дар охир бояд зикр намуд, ки дин сарчашмаи ғоявии пурқудрат барои расидан ба ҳар гуна аҳдоф аст. Дар аксари ҳолатҳо террорист аз дин моҳирона истифода бурда, шахсони бесавод, камтаҷриба ва ноогоҳро ба доми фиребаш мекашад. Ҷавонон, ки неруи пешбарандаи ҷомеа мебошанд, набояд фирефтаи ташвиқоти дурӯғини гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро гарданд. Ин андеша, ки ҷавонони мо дар ҷангҳои кишварҳои бегона иштирок мекунанду дар ҳолати ҳалок гардидан шаҳид мешаванд, тамоман ғалат аст. Чӣ тавр ӯ шаҳид мегаштааст, вақте тифлаконро ятим, занҳоро бева, ҷигари модари нафареро, ки ба қатл расондааст, реш-реш мекунад?!

Имрӯз дар кишвари мо барои кору зиндагии ҷавонон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Бо вуҷуди ин, бархе ҳанӯз ҳам вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ, шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, инчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа шомили гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мешаванд.

Ба назари мо, вақти он расидааст, ки ҳар як фарди солимфикри ҷомеа ба масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд. Ба гуфтаи Сарвари давлат, бо назардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масоили тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди неруҳои созандаи кишвар, ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва хурофотпарастӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Дар сурати иҷрои ин ҳидояти Президент ва якдилу яктан будани сокинони мамлакат пеши роҳи ҳар гуна хатар гирифта мешавад ва Тоҷикистони ободу зебои мо шукуфотар мегардад.

Каримова Дилноза, омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносии МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ