Терроризм вабои аср аст

Масъалаитерроризм ва экстремизм муаммои рақами №1 дар ҷаҳон гаштааст. Ин вабо натанҳо мо балки оламиёнро низ ба таҳлука овардааст. Зеро ин вабо сари чандин ҷавонмардонро ба доми худ кашида ба балову бад гирифтор кардааст.Зеро тероризм ва экстремизм вобаста ба асолат ва моҳияти худ аз ҷумлаи он амалҳо ва падидаҳои нохубе мебошад, ки барои дилхоҳ давлатҳо хатарҳои навро эҷод менамояд. То ба имрўз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои илмҳои ҷомеашиносӣ як қатор сабабҳо ва омилҳои таъсирпазири пайдоиш ва зуҳури ин падидаҳои номатлуб дар кишварҳои ҷаҳон мавриди тадқиқ ва омўзиш қарор гирифта истодааст. Ба ақидаи қисме аз ин олимон пайдоиш ва зуҳури чунин амалҳои барои ҷомеаи ҷаҳони хавфнок, пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти аҳолӣ дар кишварҳо вобастагии амиқ дорад. Дар ҷои дигар бошад зуҳури чунин падидаҳоро ба ангезаҳои сиёсии байнидавлатӣ алоқаманд мешуморанд.

Бояд гуфт, ки сабаби чунин рух додани ҳодисаҳо пеш аз ҳама дар сатҳи паст қарор доштани тарбияи ҷавонон, робитаи нокифояи падару модарон бо мактаб, риоя нагардидани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки боиси ба дарсшиканӣ роҳ додани ҷавонон ва афзоиши ҷинояткорӣ оварда мерасонад, дида мешавад. Моро мебояд, ки нисбати тарбияи насли наврас ва ҷавонон раванди таълиму тарбияро пурзӯр намуда ҷавононро дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намоем.

Президенти ҶТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои милат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни баромаданашон дар конгресси СММ “Доир ба барҳам додани ҷинояткорӣ ва ҷавобгарии онҳо”, 13 апрели соли 2000 дар шаҳри Вена (Австрия) таъкид намуда буданд, ки “Мо терроризмро дар ҳама шаклҳои зуҳураш маҳкум менамоем ва зарур мешуморем, ки тамоми қувваҳои солими ҷаҳонро баҳри барҳам додани ин хатар дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва дараҷаи миллӣ сафарбар намоем”.

Мо ҷавононро мебояд, ки ин гуфтаҳоро сармашқи кори худ намуда баҳри тоза намудани ҷамъият аз ин гуна ифродҳо камари ҳиммат бандему барои ободиву оромии кишвар саҳмгузор бошем.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ