​Терроризм ва Экстремизм- хатари ҷомеаи ҷаҳонӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърих- бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардида, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлативу ҷамъиятиро сафарбар менамоянд.

Аз ин рӯ кишвари мо барои таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ пойдории Ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи комил барои пешгирӣ аз байн бурдани ва несту нобуд кардани омилҳои манфии сиёсии ҷомеаи имруза махсусан терроризму экстремизм зарурат дорад.

Экстремизм маънои ифротгароӣ тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон –дар дин, сиёсат, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Терроризм худ падидаи номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин аз қабили қатлу куштори инсон , ба гаравгон гирифтани одамон , тарконидани иншоотҳои гуногун истеҳсолӣ ва фароғатӣ ва амсоли инҳо дониста мешавад. Бо тарзи дигар мақсад ва оқибати экстремизм ва терроризм ин комилан хатари калони парокандагиву бесарусомониро доро буда оқибатҳои басо харатоварро доранд.

Чуноне ,ки сарвари давлат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста иброз медоранд, ” терроризм ба ягон дин мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан миллат ва дину мазҳаб надорад”. Аз ин рӯ ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд, месазад ба ин афкори чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯи омӯзиш , барнамоӣ ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони азиз поягузор бошанд.

Чунки суботу амнияти Тоҷикистон устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши муҳим ва калидӣ дорад. Ҳамин тариқ дар баробари муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти давлатӣ ва баҳри амалинамоии онҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм фаъолияти якҷояи қишрҳои гуногуни ҷомеа талаб карда мешавад. Яъне имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ мусоидати аҳолӣ бо мақомотҳо ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то ки суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани азизи хеш Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта ба сар барад. Инчунин мо ҷавонон ҳамчун неруи пешбаранда ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрузу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ медорем, ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбини намудаи қонунгузорӣ мубориза мебарем.

Манонова Дадоевна-муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ