​ Терроризм ва экстремизм ҳамчун хатари глобалӣ

Яке аз зуҳуроте, ки дар ҷаҳони имрӯза ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст, терроризм ва экстремизми байналмилалӣ мебошад. Ҳақиқатан ҳам ин калимаҳо калимаҳои даҳшатнок, ноором сохтани ҷомеа, дар дили мардум тарсу ҳарос , куштору нобасомиҳоро пеши назар меорад. Касе ки шомили ин гурӯҳ мешавад, аз муҳити инсонгарӣ баромада, мақсаду маромаш ноором сохтани халқу ватан аст. Терроризм ва экстремизмро вабои аср низ мегӯянд, ки барои башарият хатаровар аст. Хушунатҳои терроризм ва экстремизм сол то сол боз ҳам васеътар гардида, дар аксарияти мавридҳо инкишофи ин зуҳурот аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз эътиқоди динии аҳолӣ ва номукаммал будани дониши динии ҷавонон ба амал бароварда мешавад. Ба ҳама маълум аст, ки бо гароиш ёфтан ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҷони чандин нафар ҷавонон аз даст меравад. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама худи ҷавононро зарур аст, ки дар навбати аввал ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, барои такмил додани донишу маънавиёт ва андешаву афкори маънавии хеш талош варзанд.

Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ, ҷиноятӣ дорои хусусияти ҷаҳонӣ буда, мубориза зидди он ҳамкории пайвастаи доимӣ ва мутақобилаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва ҷавононро тақозо менамояд.

Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, чорабиниҳо, маҳфилҳо, мизи мудаввар, вохӯриҳо бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронидан аз манфиат холӣ нест. Экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилаӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ , миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст.

Вазифаи ҳар як шахс ҳифз кардани истиқлолият ва якпорчагии кишвар аст. Сулҳ асоси зиндагии мост. Бинобар ин мо ҷавонон бояд ба хатогиҳо роҳ надиҳем, ба ҳар гуна суханҳои бардурӯғу фитнаангез гӯш надиҳем. Барои ободу зебо гардонидани кишвари маҳбубамон саҳми босазои хешро гузорем.

Низомова С., омӯзгори кафедраи грамматикаи забони арабӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ