​ТЕРРОРИЗМ СУБОТ ВА НИЗОМИ ДАВЛАТРО ВАЙРОН МЕНАМОЯД

“Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумӣ тақозо менамояд”

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, конститутсионӣ, демократӣ ва дунявӣ буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва тартиботро кафолат медиҳад.

Яке аз масъалаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли ҷорӣ ин мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Ҷаноби Олӣ қайд намуданд, ки “Пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд”.

Дар ҳақиқат имрўзҳо мо зуд - зуд бо калимаҳои терроризму экстремизм дучор мешавему ҳодисаҳои нохуш, хунрезӣ, ноадолатӣ, вайронкорӣ ва дигар амалҳои номатлубро пеши назарамон меорем. Дар ҳақиқат, терроризм ва экстремизм имрўз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Экстремизм ва терроризм имрўз аз мафҳумҳоеанд, ки дар забони тамоми дунё серистеъмоланд. Истилоҳи “терроризм” аз калимаи лотинии “terror” маншаъ гирифта, маънояш тарс ва ваҳм аст.

Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ амалӣ созанд.

Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин рўйпўш карда шуда аст, ки ба зўран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат, барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки дар асл дини мубини ислом инро намехоҳад.

Иддае аз дини поки ислом суиистифода намуда, даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд.

Аксари мусулмонони олам чунин мешуморанд, ки нисбат ба онҳо мамолики Ғарб сиёсати дурўя, меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд. Мутаассифона, онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Вале Қуръон, ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва фармудааст. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба маблағгузории кирдорҳои террористӣ ва экстремистидошта Қонуни махсус “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм” қабул шуда, мавриди амал қарор дорад.

Мо шоҳиди он ҳастем, ки пайваста дар ин ё он гўшаи олам ҳодисаҳои террористӣ ба қайд гирифта шуда, бо оқибатҳои нороҳаткунанда, суботу оромӣ ва низоми давлатдориро вайрон менамоянд. Воқеан, ягон давлати ҷаҳон аз рух додани ҳодисаҳои террористӣ имрўз худро дар канор ҳис намекунад. Бетараф будан ё нодида гирифтан нисбат ба ин гуна ҳодисаҳо метавонад дар оянда ба оқибатҳои нохуб оварда расонад. Ифротгароӣ ҳаёти орому осоиштаи мардуми сайёраро новобаста аз қитъаю минтақа куллан зери хатар мегузорад.

Чунин вазъият ҷомеаи оламро ба хулосае овардааст, ки ба муқобили терроризм ва экстремизм дар якҷоягӣ мубориза баранд, вагарна ин падидаи номатлубро решакан намудан номумкин аст. Имрўз мубориза зидди ифротгароӣ ва терроризм ба муборизаи умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ташаббускорони пурзўр намудани муборизаи беамон алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳон мебошад. Дар ин ҷода мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ дар самти худ субъектҳои пешбарандаи мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб буда, дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ дар таъмини тартибот, ҳифзи моликият ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нақши назаррас доранд. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Амалҳои террористӣ ин пеш аз ҳама, ҳаёти орому осоиштаи моро халалдор сохтан аст. Ин кирдори носазои дар ин ё он гўшаи олам содиршуда моро ҳушдор медиҳад, ки нисбат ба ин амали ношоиста бетараф набошем. Бар зидди ин амали номатлуб муборизаи беамон барем, то ҳаётамон тинҷу осуда бигзарад, давлатамон ором бошад ва мардумаш зиндагии арзандаро пеш баранд.

Ба қадри неъмате чун Истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.

Холматова Мусабехон Муродҷоновна

Муаллимаи кафедраи филологияи араби

факултети забонҳои шарқи МДТ

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба

номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ