Терроризм падидаи номатлуби замони муосир

Бино ба изҳороти матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22 майи соли ҷорӣ дар маҳаллаи Хоруғи Боло бар асари муноқишаи байниҳамдигари дохилӣ, саркардаи гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ Мамадбоқир Мамадбокир кушта шуд.

Руйдодҳое, ки рузҳои охир дар ВМКБ рух доданд ба суботи оромии кишвар халалдор мекарданд. Терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, амсоли инҳо дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати чудоихохӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар оқибати экстремизм терроризм аст. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар доранд.

Дар сиёсати амалии Тоҷикистон низ ба масъалаи ҷалби тамоми қишрҳои ҷомеа дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Яке аз ҳадафҳои асосии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, аз 1 июни соли 2021, №187 маҳз ҷалби тамоми қишрҳои ҷомеа дар ин самт мебошад. Стратегия мақсади аввалиндараҷаи давлатро баланд бардоштани сатҳи ҳифзи амнияти ҷамъиятӣ аз таҳдидҳои терроризм ва ифротгароӣ муайян намуда, муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ ва созмонҳои байналмилалӣ доир ба пешгирӣ намудани паҳншавии ѓояҳо ва фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ чун мақсади муҳим шинохта шудааст.

Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро мебояд баҳри ҳифзи ватан аз ин хатарҳои муосир камари сидқу садоқат бандад ва баҳри пойдории сулҳу субот ва амнияти миллӣ содиқона ба ватан хизмат намояд. Хусусан ҷавонони меҳанро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода фирефтаи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ нашаванд.

Ба ҳамин хотир моро зарур аст, ки баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамеша кӯшиш намуда, манфиатҳои шахсиро дар зинаи охир бимонем ва ҳамеша дӯстдори Ватани маҳбубамон бошем. Мо дар якҷоягӣ метавонем бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон барем.

Барно Умарова

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ