​Терроризм – хатар ба сулҳу субот ва амнияту осоиштагӣ

Бо ифтихор хотиррасон менамоем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси байналмиллалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» иштирок ва маърўза намуда қайд намуданд: «Имрўзҳо дар гўшаҳои гуногуни сайёра миллионњо нафар одамон гирифтори хавфу тањдид ва оташи ҷангу низоъҳзо гардидаанл ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеаборударозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад».

Таъмини низоми сулҳу субот ва амнияту осудагӣ дар ҷомеа неъмати бебаҳо буда дар натиҷаи мубориза бо терроризмва ифротгароӣ пойдору инкишоф меёбад ва он ҳалли масъалањои муњимтаринро, ба монанди аз байн бурданиомилњои дастгирии сиёсї, низомї ва молиявиро талаб менамояд. Мувофиқи мақсад аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маљмўи тадбиру чорабинињои зарурию муштаракро тартиб дода, амали мунтазами онҳоро барои ноил шудан ба натиљањои нафъовари сиёсию иқтисодӣ дар мамлакат мусоидат намудаанд.

Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони Миллали Муттаҳид фаъолияти самарабахши созандаро зидди хатару тањдидњои терроризм ва ифротгарої густариш дода сулњу субот ва амнияту осоиштагии ањолии мамлакатро ҳамчун гавњараки чашм эњтиёт намуда истодааст, ки онро низ дигар давлатњои мутараќќии љањон эътироф кардаанд.

Шароити мураккаби сиёсии имрўза барои аз байн бурдани сулњу субот ва амнияту осоиштагии тамоми кишварҳои дунё хафу хатар бунёд карда истодааст.

Исботшудааст, ки ноил шудан ба ҳадафҳои нек муборизаи якдилонаи тамоми кишварњои дунёро бар зидди терроризму ифротгароӣ металабад. Гурўҳҳои терористӣ ва ифротгароӣ якљоя бо созмонњзои диниву миллатгароии тундрав дар аксарияти минтаќањои љањон хушунату зўроварӣ, хунрезиву низоъҳои диниву мазҳабиро ташкил дода истодаанд, ки сабаби таҳдиди сулњу вањдат ва амнияти аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ шуда истодаанд.

Бинобар ин, имрȳз мо пешниҳодинавбатии башардȳстонаи Пешвои миллат дар Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» - ро актуалӣмеҳисобем ва инчунин,аз тарафи намояндагони СММ ин пешниҳод пазируфта шуд.

Тољикон аз қадимулайём ватандўст, некному одамдўст буда, бо номи неки худ дар тамоми љањон машњур шудаанд ва боќї мондаанд. Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмин намудани сулҳу субот ва амнияту осудагӣ дар Тоҷикистон ва тамоми дунё равона гардидааст, ки онро мо тољикистониён ҳарҷониба дастгирӣ менамоем ва барои ба онҳо ноил шудан бо фаъолияти самараноки худ мусоидат менамоем.


Дӯсматов Шарифҷон, мудири кафедраи

умумидонишгоҳии тарбияи ҷисмонӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ