Терроризм, экстремизм ва хатарҳои онҳо ба амният ва суботи ҷомеа
Имрӯзҳо яке аз муаммоҳои муосир терроризм ва экстремизм тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла кишвари моро низ ба ташвиш овардааст. Муқовимат ба терроризм ва экстремизм солҳои охир мавзуи мубрами рӯз дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамоянд: “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.
Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодааст, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияти суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст. Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯӣ намегардонад.
Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқ, содир шудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Зӯроварӣ, зулм, фишор, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан, гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат эътирози воқеиро ба вуҷуд меоварад, зеро поёни ин ҳама амалҳои зишт ифротгароӣ мебошад.
Ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ хусусияту дараҷаи баланди ба ҷамъият хавфнокро доро мебошанд, зеро ба амнияти ҷамъиятӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат, инчунин ба сулҳу амнияти инсоният таҷовуз мекунанд.
Бояд тазаккур дод, ки терроризм ва экстремизм аз рӯйи оқибатҳои худ аз таҳдидҳои ҷиддии ҷомеаи ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, амнияти инсоният, сулҳу субот ва истиқлолияти давлатии кишварҳоро зери хатар мегузоранд.
Таъсири манфии ин зуҳуроти номатлуб, бахусус пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Осиёи Марказӣ баръало зоҳир шуд. Аз шароити номусоид ва ноустувории давлатҳои тозаистиқлол, аз ҷумла, Тоҷикистон истифода бурда, ба кишвар нерӯҳои бунёдгарои исломӣ ва ифротгароӣ роҳ ёфта, ба таблиғу ташвиқ ва амалӣ намудани ақидаҳои ифротгароёнаи худ шуруъ намуданд.
Дар сафи пеши ин гурӯҳҳои ифротгароӣ қабл аз ҳама иттиҳоди ҷиноятии экстремистию террористии “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати Исломии Туркистон”, “Ҷабҳат-ун-Нусра”, “Давлат-ул-Ислом”, “Ҷамоати Таблиғ”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, равияи “Салафия”, “Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон” ва ғайраҳо қарор доранд, ки бо ҳар роњу васила ба ташвиқу тарғиби ғояҳои ба мардуми мо бегона кӯшиш карда истодаанд.
Ғояи асосии ин иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ноором кардани вазъи сиёсиву иҷтимоии давлат ва ҷомеа, дигаргун намудани сохти конститутсионии кишвар, маҳв кардани арзишҳои умумибашарӣ ва урфу одатҳои миллӣ буда, баҳри расидан ба мақсадҳои ниҳоии худ онҳо дар зери ниқоби дини мубини Ислом ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз қабили бо истифодаи зӯроварӣ дигаргун кардани сохти конститутсионии давлатҳо, ноором намудани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, кушторҳо, ғоратгарӣ, таҷовуз ба номус ва ғайраҳо даст мезананд.
Барҳақ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст қайд намуданд, ки “Террорист – дин, мазҳаб ва миллат надорад”.Ҳеҷ вақт дини мубини Ислом мусулмононро ҳидоят ба содир кардани ҷиноят накардааст.
Баръакс, дар оятҳои Қуръони Маҷид ва ҳадисҳо “сухани нек гуфтан”, “ба паймони хеш вафо кардан”, “адл намудан”, “ёрӣ расонидан ба муҳтоҷон”, “таҳаммулпазирӣ” ва “накӯкорӣ” – аз хислатҳои неки инсон пазируфта шудаанд.
Дар баробари ин “золимӣ”, “ситамгарӣ” ва “хиёнаткорӣ” аз хислатҳои бади инсон дониста шуда, Ислом – покизагӣ, росткорӣ ва ростгӯиро талаб менамояд.
Вазъияти ба амаломада аз мо талаб менамояд, ки дар давраи ҳассос зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгароӣ, иштироки онҳоро дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо пешгирӣ намоем.
Ҳамин тариқ, аз омӯзиш ва таҳлилҳои боло дар ишорагардида чунин хулосабарориҳои тавсиявиро мувофиқи мақсад мешуморем:
- Ҳимояи Ватан, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ бояд, ки мавзуъҳои асосии соҳаи кино, телевизион, радио ва тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, шоирону нависандагон, рӯзноманигорон ва аҳли эҷод гардад;
- Андешидани тадбирҳои иловагии дастаҷамъона дар самти иқтисодиву иҷтимоӣ бо ҳадафҳои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва халқи ҷумҳурӣ;
- Ба роҳ мондани корҳои самарабахши таълимию тарбиявӣ аз ҷониби мақомоту идораҳои соҳаи маориф ва фарҳанг барои баланд бардоштани сатҳи мафкура, маърифат ва фарҳанги зебоишиносиву инсондӯстии насли ҷавон дар кишвар;
- Дар доираи имкониятҳои мавҷуда боз ҳам ҷоннок намудани назорати расмӣ, соҳавӣ ва идоравии паҳншавии иттилооти бемақсадона ва пастсифат дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои интернетӣ, ки метавонанд ба мафкураи солими шахсият таъсири манфӣ расонанд.
Дар ҳошияи таҳлилҳои болозикр боиси дастгирӣ аст, ки бевосита аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 махсус пешниҳод гардид, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025» таҳия ва қабул карда шавад. Дар шароити кунунӣ муайян намудани стратегияи миллии кишвар оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм барои панҷ соли оянда басо саривақтӣ мебошад.
Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати давлату Ҳукумат боқӣ мемонад. Насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад.
Яке аз самтҳои асосии мубориза бо зуҳуроти террористӣ ва экстремистӣ дар муҳити ҷамъиятӣ, махсусан, дар таълимгоҳҳо анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва амалҳои пешгирикунанда мебошад. Махсусан, баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон хеле муҳим аст, чунки маҳз муҳити ҷавонон вобаста ба як қатор омилҳои объективӣ ва субъективӣ аз нигоҳи гаравидан ба гурӯҳҳои гуногуни ҷиноятӣ ва зиддииҷтимоӣ хеле заиф мебошад.
Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки ҷавонони ватандӯсту худогоҳи мамлакат дар татбиқи сиёсати давлату ҳукумат кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Ҳар яки моро лозим аст, ки бо эҳсоси баланди ватандӯстию масъулияти хештаншиносӣ муқобили ин падидаи манфӣ муборизаи дастҷамъона барем, то ки суботу оромии ҷомеаи Ватани маҳбубамон устувору пойдор бимонад. Дар ин самт масъулияти мо – омӯзгорон ва ҷавонон бештар аст.
Дар зиндагӣ ва ҳаёте, ки ба инсон як маротиба муяссар мешавад, бояд он аз шодмониву хурсандӣ саршор бошад, на бо нокомию нобаробариҳои зиндагӣ. Барои Ватани азизамон ҷавонони солим, ки ояндаи миллат мебошанд, зарур аст.
Умед ва боварии комил дорам, ки тамоми зиёиёни шарафманди кишвар бо пуштибонӣ аз сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон баҳри бунёди ҷомеаи навини Тоҷикистони азиз талош меварзанд ва баҳри ободию осоиштагии кишвари маҳбуб зидди неруҳои манфӣ ва гурӯҳҳои экстремистию террористӣ муборизаи беамон мебаранд.
Мамадова Салима Турдибоевна муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ