Терроризм, экстремизм, радикализм ва хатарҳои онҳо ба амният ва суботи ҷомеа

Олами сиёсат гуногун чеҳра аст. Раванду ҳодисаҳое ҳастӣ доранд, ки хусусиятҳои асосии онро муайян месозанд. Дар рафти инкишофи таърихӣ тағйиротҳои ҷиддӣ ба амал меоянд. Ба ҷои ҳодисае ҳодисаи дигар меояд. Ба ҷои насле насли дигар ташаккул меёбад. Насли нав талаботу манфиатҳои хешро дорад. Бинобар ин дар пайи тағйири ҷомеа, арзишҳо ва системаи сиёсии он бо тамоми унсурҳо ва хусусиятҳояш мегардад.

Олами сиёсат зудҳаракат аст. Вақтеки муносибатҳои сиёсии мавҷудаи системаи сиёсӣ ба манфиатҳои субъектҳои навини сиёсат мувофиқ намеоянд, он гоҳ воқеияти объективӣ тағйироти сиёсӣ ва умуман, инкишофи ҷомеаро талаб менамояд. Ҳамин тариқ, номувофиқ омадани воқеияти реалӣ ва тасаввуроти субъектҳои сиёсат боиси рушди сиёсии олам мегардад.

Аз ин рў, сиёсат азалӣ нест. Он натиҷаи инкишофи таърихист. Пайдоиш ва инкишофи он аз мураккаб ва пурихтилоф гаштани ҳаёти иҷтимоӣ дарак медод. Сиёсат дар макон ва замоне пайдо мешавад, ки ризоияти табии байни одамон халалдор ёфта, талабот ва танзими рафтору кирдори онҳо ба амал меояд. Сиёсат қисми таркибии ҳастии инсон, соҳаи муҳимтарини ҳаёти ҷомеа ба шумор меравад. Ҳамчунин падидаи мураккаби ҷамъиятӣ сиёсат кулли одамонро фаро мегирад. Дар ҷомеа шахсе нест, ки ба сиёсат сару кор надошта бошад. Новобаста аз хоҳишашон одамон ба ин ё он сатҳ ба сиёсат кашида мешаванд. Зиёда аз ин, сиёсат ба талаботи кули одамон табдил ёфтааст. Соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ба андозаи зарурӣ хосияҳои сиёсиро пайдо намудаанд.

Терроризм зодаи сиёсати нодуруст ва ноодилонаи кишварҳои абарқудрат мебошад. Ноадолатӣ дар тақсимоти боигариҳои ҷаҳон байни мамолики пешрафта ва сустинкишоф, дар дохили ҳар як кишвар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа сабабҳое мебошанд, ки терроризмро ба майдон оварданд. Беэҳтиромӣ нисбати арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ, динӣ ва анъанаву расму оинҳои хоси мамолики сусттараққӣ ва ақалиятҳои миллию динӣ сабаби дигари мағлубнапазирии терроризми байналхалқӣ боқӣ хохад монд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз 4 апрели соли 2003 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маврид чунин гуфта буд:

«Имрўз ҳамагӣ аз панҷ як ҳиссаи инсоният 80 дар сади боигарии ҷаҳонро дар даст дорад. Агар дар охири асри 19 таносуб дар тақсимоти боигариҳои ҷаҳон байни мамолики тараққикарда ва сусттараққикарда ба сари аҳолӣ 9 бар як бошад, пас имрўз ин таносуб сад бар як аст».

Аз ин нуқта хулоса баровардан мумкин аст, ки одамон новобаста аз хоҳиш ва иродаашон дар робита ва ҳамбастагӣ буда, ба сифати иштирокчии раванди сиёсӣ ва офаридгори сиёсат баромад менамоянд, ки ин дар натиҷа, бо содир намудани ягон амали номатлуб оварда мерасонад.

Тибқи моддаи 179-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризм яъне содир намудани таркиш, сухтор, тирпаронӣ аз яроқи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад. Ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ва расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо мебошад. Барои ин амал аз озодӣ ба мўҳлати аз 5 то 10 сол маҳрум сохта мешавад. Агар ин кирдор:

  • Аз ҷониби гурўҳи ашхос бо маслиҳаим пешакӣ;
  • Такроран содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ аз 8 то 15 сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

Агар кирдори пешбининамудаи зикргардида:

  • Аз ҷониби гурўҳи мутташакил;
  • Дар алоқамандӣ бо таҳдиди истифодаи яроқи қатли ом, маводи радиоактивӣ ё иҷрои дигар кирдоре, ки ба ҳалокати оммавии одамон оварда мерасонад;
  • Дар ҳолати ретсидивии махсусан хавфнок содир шуда бошад;
  • Аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад, бо маҳрум сохтани аз озодӣ ба мўҳлати аз 15 то 25 сол бо мусодираи амвол ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазо дода мешавад.

Тибқи моддаи 180-и Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои паҳн кардани иттилооти баръало бардурўғ оид ба рух додани таркиш, сухтор ё дигар кирдоре,ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба амвол ё ба рух додани оқибатҳои дигари барои ҷомеа ҳавфнок меорад, бо корҳои ислоҳӣ ба муддати то 2 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

Мафҳуми терроризм дар маъниҳои гуногун истифода бурда мешавад. Ҷомеаи ҷаҳониро ҳамин падидаи манфӣ дар ҳавф мондааст. Терроризм – ин амали зўригарии ғайрилегалии муташаккил буда, бар зидди сохти сиёсӣ равона гардида, мақсади тарсонидан, ноумед кардани одамон ва ба худ муттаваҷҷеҳ гардонидани онҳо мебошад. Терроризм мазҳаб, дин, миллат, давлат ва сарҳад надорад. «Террор» аз калимаи лотинӣ - «нест ва нобуд кардани рақибони сиёсии худ мебошад».

Шахсе, ки дар омода сохтани кирдори терористӣ иштирок дорад, агар мақомоти давлатиро сари вақт огоҳ созад ё бо роҳи дигар содир гаштани кирдори террористиро пешгирӣ куна два агар дар ҳаракатҳои ин шахс дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Терроризм зуҳуроти вазнин ва хатарноки замони хозира мебошад, ки ба ти бештари молию ҷонӣ оварда мерасонад ва дар байни одамон кинаву адоват, душманиро кишт менамояд.

Экстремизм – зуҳуроти идеология ва сиёсат дар сатҳи ҷомеа ва сиёсати давлатӣ, ки усули ба мақсад ноилшавӣ бо роҳи зўроварӣ ва терроризм мебошад. Зўроварӣ, зулм, фишороварӣ, таъҳқир ва паст задании шаъну шарафи инсон, хусусан гурўҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат эътирозро ба вуҷуд меорад. Дар натиҷа ифротгароӣ дар ду маврид ба миён меояд:

Дар мавриде, ки дар ҷомеа беадолатӣ вуҷуд дорад ва қисми муайяни ҷомеа дар назди худ мақсад мегузорад, ки бар зидди беадолатӣ мубориза барад. Мавриди дуввум, барои ҳокимият мубориза бурдан.

Терроризм ҳамчуннишонаи зуровари шакли амалҳои ҷинояткорӣ мебошад, ки ба бесабаб мурданиодамонтарсонидани аҳолӣ нигаронидашудааст. Азрафтори террористон одамони тамомичахоназиятмекашанд. Масалан: Мохи апрелисоли 1985 дар ИМА бинои маъмурияти иборат аз 9- қабат тарконида шуд дар натиҷа 168 нафар ҳалок гардидаанд. Терроризм дар кадомшакле, ки набошад аз ҳама хафноктарин аз рўи паҳншави ва натиҷаи масълаҳои ҷамъияти сиёсӣ мадани мубаддал гаштааст.Бапсихакаи одамон сахт таъсир карда сабаби фавти одамони бегунох мегардад. Иштирок карданд ба террор аз террористон худ сафедкуни дохилиро талаб мекунад. Мақсадҳои «Болобардорӣ»динӣ, миллӣ ва дигарҳоро истифодабурда ҷавононро ба худ ҷалб мекунанд. Ҷавонон, ки қувваи ақли ва маънавиашон ҳоло инкишоф наёфтааст тез ба ин таъсирот ҳамроҳ шуда тарафдорӣ мекунанд. Ҷаҳонбинии террористон динӣ, фантастикӣ буда онҳо охири мақсад ва натиҷаи террорро таҳлилнамекунанд. Бо барорбари ин барои террористон ҳиссиёти«мурдан»боломеистад, ки ин имконият медиҳад, ки азоқибати террор фикр накунанд. Дар охир онҳоботайёриихуб бамурданва куштанбаазиятҳои худ ва дигарон аҳамият намедиханд. Барои ташкилотҳои террористи дар замони ҳозира сарҳади давлати барои ҳамкорӣ ва алоқа монеъ шуда наметавонанд. Интихоби дурусти кадрҳо мавҷуд будани вакилҳо дар органҳои ҳифзи ҳуқуқ ва давлати бо воситаҳои техникӣ мусаллаҳ будан шохаҳои бисёри паноҳгоҳ доштан базаи таълимӣ ва машқгоҳҳои барои гузарарониданиамали террористиимконият дошта мавҷуд будан характернок аст. Ташкилотҳои террористӣ органҳои ягонаи роҳбарикунанда системаи идоракунӣ ва қисмҳои ба нақшагириро ташкил медиҳанд. Мунтазам вохўриҳои роҳбарони гурўҳҳои калотарин гузаронида шуда фаъолияти ташкилотҳои миллатҳои гуногун дида баромада мешавад. Сарчашмаи асосии молиявии терроризм зериназорат гирифтаани фурўши наркотик, рэкетҳо, фоҳишагариҳо, фурўши яроқҳо ва ғайраҳо мебошад. Масштаби байни давлати гаштани терроризми ҳозира дар он ифода меёбад, ки нақшаи террактҳои гузаронида мешуда ва тайёри ба онҳо дар дигар мамлакат гузаронида шуда худи терракт низ дар дигар давлат гузаронида мешавад. Бисёри амалҳои терроризми байналҳалқӣ муқобили роҳбарони давлатҳо ва фаъолони сиёсӣ равона карда мешавад. Таҳдиди терроризми байналхалқӣ маҷбурмекунад, кидавлатҳоигуногундармуборизабарзиддитерроризм ҳамкорӣ кунанд. Сиёсати як қатор давлатхои ғарб ба он нигаронида шудааст, ки ба террористон ягон хел гузашт накардан, ба давлатхое, ки террористонро химоя мекунанд, фишор овардан, хамаи кувва ва воситахоро аз он чумла, куввахои харбиро зидди террористон истифода бурдан ба дигар давлатхо барои мубориза бар зидди террористон ёри расонидан иборат аст. Яке аз намудҳоиамалитеррористонгаравгонгирӣ мебошад, кибаъдягонталабихудро (моддӣ, сиёсӣ)- роталаб мекунанд. Одамоне, ки ба гаравгон гирифтор шудаанд, бояд барои бехатарии худ қоидаҳоимуайянирафтор карданирориоянамоянд. Агар як нафар гаравгон гирифта бошад, ба боварии ў даромадан мумкин аст.

1. Фармони террористонро иҷро накунед, барои аз ҷой хестан ё тарк кардани ҷои худ ҳаракат накунед.

2. Ба воҳима наафтед, фарёд назанед ва гиря накунед.

3. Ба рафтори дигар гаравгонҳо аҳамият диҳед, мумкин онҳо ягон нақшаи халосӣ доштабошанд.

Боварӣ ҳосил кунед, ки шуморо озод мекунанд.

Ҳаминтариқ террористон терактҳо бомақсади тарсонидан соҳиби пулу мол шудан ва нест кардани рақибон истифода мебаранд.


Солибоев Ҳ.М. – муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии психология

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ