Таҳвили ғайрандешӣ – таҳдид ба Ваҳдати миллӣ

Имрўзҳо дар сомонаҳои интернетӣ нисбати вазъи Бадахшон андешаҳои мухталифи созандаву сўзанда густариш дода шуда, аз як тараф мардумро ба ошўбу ҷанҷолҳои сиёсӣ ва аз тарафи дигар ба роҳҳои созандагиву муттаҳидӣ даъват менамоянд.

Барои дарки дурусти ин вазъ лозим ба ёдоварист, ки чунин ҳолат бештар таҳлили ҳамаҷонибаи шароити бавуҷудомадаро тақозо менамояд. Худ Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич кӣ буд тибқи нишондодҳо аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз соли 1995 то моҳи майи соли 2022 нисбаташ 34 маротиба парвандаи ҷиноятӣ кушода шудаасту дар ҳолатҳои даъвати ў қариб ягон маротиба ба мақомоти прокуратура ҳозир нашудааст ва ҳар дафъа аз даъват саркашӣ менамудааст.

Бастани роҳи «Кулма-Мурғоб-Хоруғ», ташкили дастаи муташаккили ҷиноятӣ, ба дастовардани силоҳу аслиҳаҳои ҷангӣ ҳуҷум ба гуруҳи кормандони амнияти давлатӣ, истифодаи силоҳ нисбати онҳо расонидани зарари ҷисмонии ба ҳаёт хатарнок, даъват барои митнгу ошўбҳо, саркуб намудани кормандони ҳокимияти давлатӣ гуноҳҳоест нобахшиданӣ. Модоме ки роҳҳо баста мешаванд ва барои зисту зиндагонии мардум хатар эҷод мешавад, яке аз вазифаҳои муқаддастарини давлат ин ҳифзи амнияти давлативу ҷамъиятист. Бинобар ин гузаронидани амалиёти махсус гузаронида шуда, дар натиҷа чанд нафар силоҳбадастон, ки ҷавонон буданд, безарар карда шуд.

Имрўзҳо нисбати ин ҷавонони кушташуда, доду фарёдҳо зада истодаанд, ки магар онҳо падару модар надоштанд, оила надоштанд, ки аз тарафи давлат қурбон карда шудаанд. Саволе ба миён меояд, ки аввалан чаро бар зидди давлати худ силоҳ гирифтанд, ҳангоми гирифтани силоҳ фикр накарданд, ки кушта мешаванд. Сониян силоҳро ба онҳо кӣ дастрас кардааст ва чӣ ғаразе дошт, ки ҷавононро ба ин амал ҳидоят кардааст?

Ҳар низое ки раҳандозӣ мешавад, ҳатман он пештар тарҳрезӣ мешавад ва мақсаду мароми муайянеро пайгирӣ дорад. Бинобар ин ташкилкунандагони чунин вазъ дар Бадахшон аз хориҷи кишвар буда, барои хуруҷи он муддатҳо омодагии дида шудааст. Агар ин тавр намебуд, аз куҷо ин гуруҳ силоҳу аслиҳаро (монанди автомати Калашников, гранатомёт) дастрас кардаанд? Аз куҷо дигар лавозимоти ҷангиро сохтанду омодаи ҷанг кардаанд? Ин саволҳоест, ки ба шахсони ташкилкунанда бояд дода шавад.

Мамадбоқиров Мамадбоқир ин шахс фақат амаликунандаи нақшаҳои тарҳрезишуда мебошад, зеро ў бо феълу аъмоли хеш дар байни мардум ном бароварда буду ба нои «обрў» дошт. Вале бори каҷ ба манзил намерасад. Ҳамон тавре ки аз тарафи ҳамаслакони худ дар натиҷаи муноқишаи байниҳамдигарӣ кушта шуд.

Бинобар ин бояд решаҳои бамиёноварии вазъи низоиро метавон пеш аз ҳама аз хориҷ ва баъдан дар дохили Бадахшон ҷуст.

Мардуми Бадахшон ҳамеша мардуми созандаву бунёдкоранд ва рисолати хешро дар мустаҳкамсозии сохти конститутсионӣ медонанд. Бинобар ин ташаннуҷи воқеаҳои рухдода тадриҷан аз байн рафта, мардуми Бадахшончун ҳамешагӣ дар ободу зебо намудани минтақаи худ камар мебанданд.

Устоди кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ