Таърихи ташаккули бехатарии назарияи иттилоот
Муаммои ҳимояи иттилоот бо решаҳои худ аз давраҳои қадим меояд. Ҳамон вақтҳо одамон коркарди усулҳои ҳимояи иттилоотро оғоз намуда буданд. Мисол, дар асрҳои V—IV пеш аз милодӣ дар Юнон воситаҳои рамзӣ истифода бурда мешуд.Ин воситаҳо (аз руи навиштаҳои таърихчии даври қадимии юнонӣ Плутарх) аз ду чӯбаки (палок ) ғафсиаш якхела иборат буда, он ситал ном дошт ва дар ду муштариёни бо ҳамдигар мубодилаи ахбороти махфӣ дошта нигоҳ дошта мешуд.Дар ситал аз руи спирал наматывалась бе шикоф тасмаи борикизазоров узкая полоска папирус печонида мешуд ва дар ҳамин ҳолат сабтҳо навишта (гузаронида) мешуд. Сипас тасмаи папирусро кашида гирифта ба дигар муштарӣ мефиристонид ва ӯ онро дар ситали худ печонида имконияти хондани ахбороти махфииомадаро гирифта метавонист. Элемент, ки махфинокӣ дар ҳамин воситаи рамзӣ таъмин мекард - диаметр ситал буд.
То ин ҳол якҷоя бо усулҳои техникии ҳимояи иттилоот усулҳои гузаришҳои онҳо низ коркард шудааст. Дар замонихуд философи юнонии қадим Аристотел истифодаи конуси дарозро пешниҳод намуд,ки ба он тасма бо ахбороти рамзишуда печонида мешуд.Дар ягон ҷои он қисмҳои ахборот дида мешуд,ки вай имконияти муайянкунии диаметри ситалро ва мувофиқан кушодани ахбороти махфиро медод.
Албатта, усулҳои ҳимояи иттилоот бо мурури замон тағъир меёбад, ба мисли ҷомеаи мо ва технологияҳо. Пайдоиши компютер ва паҳншавии онҳо ба он овард,ки аксарияти аҳолӣ ва муассисаҳо иттилооти худро бо намуди электронӣ нигоҳ медорад. Аз ин бармеояд,ки эҳтиёҷот ба ҳимояи ин иттилоот ба вуҷуд омадаст.
Дар айни замон муҳимияти ҳимояи иттилоотӣ бо рушди техникаи ҳисобкунӣ алоқаманд аст. Рушди шабакаҳои глобалии Интернет ва технологиҳои ҳамгиро ба дараҷаҳои чунонбаланд расидааст,ки фаъолияти имрӯзаи корхонаҳоро бо пуррагӣ ва ҳар як истифодабарандаро бо алоҳидагӣ почтаҳои электронӣ, Web-рекламаҳо, муошират дар реҷаҳои «он-лайн» тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Дар ҷомеаи муосир иттилоот на танҳо ёрдамчӣ, балки яроқ ба ҳисоб меравад. Паҳншавии системаҳои компютерӣ ва муттаҳидкунии онҳо дар шабакаҳои коммуникатсионӣ имкониятҳои воридшавии онҳоро дар он пурқувват мегардонад. Дар ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон муаммои ҷинояткории компютерӣ вуҷуддорад, ки он зарурияти ҷалб намудани диққати махсус ва қувваҳо барои ташкили мубориза бар зидди ин намуди ҷиноятҳо талаб мекунад. Махсусан, вусъати калонроин ҷинояткориҳо дар системаҳои бонкии автоматишуда ва тиҷорати электронӣ гирифтааст. Аз руи маълумотҳои хориҷӣ, талафот дар бонкҳо дар натиҷаи ҷинояткории компютерӣ ҳамасола миллиардҳо долларро тартиб медиҳад.
Дар алоқа бо ҷорикунии оммавии компютерҳо дар ҳамаи доираи фаъолияти инсон ҳаҷми иттилоот дар намуди электронӣ нигоҳ дошта мешавад,ба ҳазорҳо маротиб афзудааст, бо пайдоиши шабакаҳои компютерӣ ҳатто ҳангоми набудани дастрасии физикӣ ба компютер кафолати нигоҳдории захираҳои иттилоотиро намедиҳад. Имрӯзҳо воситаҳои махсусшудаи ҳимояи иттилоотпайдо шудааст,ки барои ҳалҳо, яъне аз руи қоида танҳо барои як вазифа- таъминоти бехатарии система равона карда шудааст. Ҳамин тариқ, муассисаҳо барои муҳофизати худ аз ҷинояткориҳои "компютерӣ" як қатор мейёрҳоро ба иҷро мерасонад. Васеъкунии истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ паҳншавии сӯиистифодаи гуногунро,ки бо истифодаи техникаи ҳисобкунӣ алоқаманд аст, имконпазир мегардонад.
Ҳар як инкори кори шабакаи компютерӣ на танҳо зарари "маънавӣ" барои коркунони корхона ва маъмурияти шабака аст. Бо рушди технологияҳои пардохти электронӣ, ҳуҷҷатгузории "беқоғазӣ" ва диг., нуқсонҳои ҷиддии шабакаҳои локалӣ метавонад ба карахтшавии кори ширкатҳои бутун ва бонкҳо оварад,ки он дар онталафоти моддии таъсирбахш дида мешавад. Дар воқеъ, ҳимояи иттилоот дар шабакаҳои компютерӣ яке аз муаммои ҷиддӣ дар айни замон гардидааст.
Барои камсозии зарарҳо боядмоҳирона мейёрҳо ва воситаҳои таъминоти ҳимояи иттилоот аз дуздиҳо, қасдан вайронсозӣ, дастрасии беиҷозатӣ,осебрасонӣ, хондан ва нусхабардорӣ интихоб намуд. Донистани санадҳои асосии қонунгузорӣ дар ин самт, мейёрҳои иқтисодӣ, ташкилӣ ва диг зарур аст.
Технологияи системаҳои компютерӣ ва шабакаҳои компютерӣ хеле тез рушд меёбад вамувофиқан бовусъат усулҳои навини ҳимояи иттилоотпайдо мешавад.
Мубрамияти ва муҳимияти рисолаи хатмии ман дар мавзӯи «Усулҳо ва воситаҳои ҳимояи иттилоот даршабакаҳо» мавзӯи муҳими ҳамарӯза ҳисоб меёбад, чунки бе дониш ва истифодаи тахассусноки усулҳо ва воситаҳои ҳимояи иттилоот ба дастовардани дараҷаи зарурии бехатарии иттилооти системаҳо ва шабакаҳои компютерӣ имконнопазир аст.
Объекти таҳқиқӣ – иттилооти аз руи шабакаҳои телекоммуникатсионӣ ирсолшаванда аст.
Дар алоқа бо зарурияти таъмин гардонидани махфинокии таҳқиқотҳо дар самтҳои муҳими стратегӣ, дуруст тақсим намудани иттилоот ва танзим сохтани он дар ҷомеаи муосир эҳтиёҷот ба ҳимояи иттилоот меоварад.
Ба ҳимояшаванда иттилоот таалуқ дорад,ки предмети соҳибмулк ҳисобмеёбадва ба ҳимоя мӯҳтоҷ бо мутобиқи талаботҳои соҳибмулк ба иттилоот гузошташуда аст.
Ҳимояи иттилоот гуфта фаъолият барои бартарафкунии ихроҷи иттилооти ҳимояшуда, таъсиротҳои беиҷозатӣ ва барқасдона ба иттилооти ҳимояшуда меноманд.
Зарурияти хеле муҳим ва ҷиддӣ дар ҳимояи маълумотҳо ҳангоми истифодаи компютерҳо барои коркард, инчунин нигоҳдории иттилооти тавсифи махфӣ ва хусусӣ дошта ба вуҷуд меояд.
Муаммои таъминоти дараҷаи зарурии ҳимояи иттилоот хеле вазифаи мураккаб гардид, барои ҳалли он бунъёди системаи бутуни чорабиниҳои ташкилӣ ва истифодаи воситаҳои махсус ва усулҳо барои ҳимояи иттилоот талаб карда мешавад. Яъне муаммои коркарди системаҳои самараноки ҳимояи иттилоот муҳим ва актуалӣ мегардад.
Муаммоҳои асосии ҳимояи иттилоот ҳангоми кор дар шабакаҳои компютериро ба се гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст:
- вайронсозии пинҳониииттилоот;
- вайронсозии пуррагии иттилоот;
-вайронсозии коршоямии системаҳои иттилоотӣ- ҳисобкунӣ.
Яке аз воситаҳоидурнамоиҳимояи иттилоот дар шабакаҳои компютерӣ воситаҳои барномавӣ ба ҳисоб меравад. Онҳо имконияти бунъёди модели системаҳои ҳимояшудабосохти қоидаҳоимаҳдудкуниидастрасӣ, идоракуниимарказонидаи равандҳои ҳимоя, интегратсияи (муттаҳидкунии) механизмҳои гуногун дар системаи ягонаро медиҳадваинчунинимконибаистифодабарандаинтерфейси администратори бехатарӣ қулайрододаметавонад.
Ба афзалиятҳои аёйни коркарди иттилоот дар шабакаҳоикомпютерӣ нигоҳ накарда як қатор мураккабиҳо ҳангоми ташкили ҳимояи онҳо ба вуҷуд меояд:
- минтақаи васеъшудаи санҷишӣ – аз ин бармеояд,ки администратори зершабакаи алоҳида бояд фаъолияти истифодабарандагонро,ки берун аз ҳудуди дастрасӣ воқеъ гардидаанд, тафтиш барад;
- периметри номаълум – шабакаҳо осон васеъ карда мешавад, ва ин ба он меорад, ки муайянкунии сарҳади аниқи шабакаҳо аксар вақт мураккаб аст,як ва ҳамон гиреҳ барои муштариёни шабакаҳои гуногун дастрас шуда метавонад;
- истифодаи воситаҳои барномавӣ-дастгоҳии гуногуннамуд- пайвасти якчанд системаҳо дар шабака норасоии ҳамаи системаҳоро зиёд мекунад,чунки ҳар як система ба иҷроиши талаботҳои бехатарии худ танзим шудааст,ки номутобиқ ба талаботҳо ба дигар системаҳо шуда метавонад;
- мураккабӣ дар идоракунӣ ва тафтиши дастрасӣ ба система – аксари ҳуҷумҳо ба шабака метавонад аз нуқтаҳои дурдаст бе гирифтанидастрасии физикӣ ба гиреҳи муайян иҷро гардад. Дар ин ҳолат муайянкунии вайронкор аз руи қоида, хеле мураккаб мегардад;
- маҷмӯи нуқтаи ҳуҷумҳо – як ва ҳамон маҷмуи иттилоотҳо дар шабака метавонад бо тавассути якчанд гиреҳҳои мобайнӣ интиқол гардад,ки ҳар яки ин гиреҳҳоманбаи имконпазирихавфҳо ҳисоб меёбад. Ба ғайр аз ин, ба аксарияти шабакаҳо дастрасиробо ёрии хатҳои коммутатсияшудаи алоқа ва модем гирифтан мумкин аст,ки бовусъат миқдори нуқтаҳои имконпазири ҳуҷумҳоро зиёд мегардонад. Ин усул хеле осон иҷро мегардад ва ҳамон қадар тафтиши ондушвор аст, бинобар он яке аз хатарнок шуморида мешавад. Ҷойҳои нозук ва хавфноки шабака хатҳои алоқа ва намудҳоитаҷҳизотҳои коммуникатсионӣ ҳисоб меёбад: қувватфизои сигналҳо, ретрансляторҳо, модемҳо ва ғайра.
Хулоса, моҳиятимуаммои ҳимояи шабака дар таснифоти дуҷониба асос гирифтааст. Аз як тараф, шабака - ин системаи ягона бо қоидаҳои якхелаи коркарди иттилоот, аз дигар тараф, - маҷмуи системаҳои алоҳида, ки ҳар яки он қоидаҳои хусусии коркарди иттилооти худро дорад.
Бобоева.Н.Б сармуаллимаи кафедраи электроникаи факултети физикаю техникаи МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Адабиёт:
1 Бабков В.Ю., Вознюк М.А., Дмитриев В.И. Системы мобильной связи. – СпбГТУ. – Спб., 2011.
2 Бабков В.Ю. Сети мобильной связи. Частотно-территориальное планирование.-М.: «Горячая линия-Телеком», 2013.
3.Бабков В.Ю. Сотовые системы мобильной радиосвязи.-СПб.: «БХВ- Петербург»,2013.
4.Берлин А.Н. Сотовые системы связи.-М.: «Бином» , 2012.
5.Лохвицкий М.С.,Сорокин А.С.,Шорин О.А. мобильная связь:стандарты,структурь,алгоритмы,планирование.Москва. горячая линия=телеком 2018.