​Тарғибгари ҳаёти солим бошем!

Имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ бар асари нуфузи падидаҳои номатлуб ба ҳамдилӣ, ваҳдату ягонагӣ новобаста аз дину мазҳаб ва миллату халқиятҳо ниёз доранд. Аз ин рў, зарурате пеш меояд, ки дар миёни тамоми қишрҳои ҷомеа берун аз дину мазҳаб ва миллат арзишҳои олии инсонӣ, чун ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, фарҳанги олии инсониро тарғибу ташвиқ намуда, аз ин роҳ зиддиятҳои мафкуравиро аз миён бардорем. Дар пиёда кардани ин андешаҳо лоиҳаҳои хурду бузург аз ҷониби ҷавонони эҷодкор дар ҳамаи соҳаҳо бояд ба тавсиб расад.

Имрӯз аксари ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд ва кам нестанд насли ҷавоне, ки ғояҳои нав дар самти муқовимат бо ифротгароӣ ва терроризму экстремизмро дошта бошанд. Ҳамарўза ҳар як амал, рафтору гуфтор ва муносибати ҷомеа бар зидди ин падидаи хатарноки аср нигаронида шуда, тарғибгару ташвиқгари асосии ҳадафи дурбинонаи созандагӣ ва таҳкимбахшандаи ваҳдати миллӣ бояд бошад.

Амалӣ намудани лоиҳаҳои илмӣ ва грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст ва осебпазир байни ҷавонон аз тадбирҳои муҳиму саривақтӣ буда, амалишавии он дар пойдории сулҳу ваҳдати комил ва решакан намудани падидаҳои манфӣ таъсиргузор хоҳад буд.

Ин ташаббусҳо ҷавононро ҳушдор медиҳад, ки аз гуруҳҳои мамнуъ ва ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ дурӣ ҷуста, тарғибгари ҳаёти солим бошанд.

Ҷӯраева Гулафзо – омӯзгори ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ