Тамаддуни инсонӣ хатари ягонаи доимафзоянда доранд

Терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, аз ҷумла навъи динӣ ва дигар зуҳуроти онҳо, имрӯз ба тамоми кишварҳои олам ва умуман тамаддуни инсонӣ хатари ягонаи доимафзоянда доранд. Равнақ гирифтани фаъолияти ташкилотҳои террористӣ, ки дорои характери трансмиллӣ мебошад, муттаҳидсозии кӯшишу талоши ҷомеаи ҷаҳониро оид ба коркард ва татбиқи амалии тадбирҳои ҷавобӣ ҷиҳати таъмини амният ва субот дар сатҳи ҳар як кишвар ва умуман минтақа тақозо менамояд.

Ҳар ҳизбу созмон бо нияти ташаккул ва пешравии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин хидмат ба Ватану миллат ва дар асоси садоқату посдории муқаддасоти миллӣ ташкил мешавад, вале дар асл созмондиҳандагони онҳо ба хотири ба даст овардани манфиатҳои хеш ва ба даст овардани ҳокимият дар сар орзуву ҳавасҳоеро мепарваранд. Бархе аз онҳо содиқона ба гуфтаҳояшон собит мемонанд ва қисмати дигари онҳо, ки ба дасти бегонагон идора ва маблағгузорӣ мешаванд, дар андак замон чеҳраи аслии онҳо кушода ва нияти шумашон баръало намоён мегардад.

Мусаллам аст, ки аз нимаи дуюми садаи нуздаҳум коргирӣ аз исломи сиёсӣ ва ба манфиати ҷомеаи сармоядорӣ истифода шудани он аз силсилаи барномарезиҳои калидии сармоядорони ғарбӣ буда, бо андӯхтани таҷрибаю собиқа, минбаъд истифодаи дин ва мазҳаб дар баҳам задани бофтҳои иҷтимоӣ ба амри зарурӣ ва стратегӣ табдил ёфт. Ин раванд дар ибтидои асри бист ба стратегияи самти сиёсати хориҷии ҷаҳонӣ табдил ёфта, таъсиси гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ аз ҳисоби ифротиёни исломӣ ва ташкил додани ҳизбу сектаҳои динӣ ҷиҳати дар ҳоли парешонӣ нигаҳ доштани давлатҳоишарқи мусулмонӣ ва таҳти назорати ҳамешагӣ қарор додани онҳо ба ҳукми анъана даромад. Ин аст, ки тамоми созмонҳои сиррии динӣ-мазҳабӣ даркишварҳои шарқи исломӣ таҳти назар ва ҳимояти империализми ҷаҳонӣ амал карда, баҳри манфиат ва ниёзҳои сиёсию иқтисодии бегонагон хизмат кардаанд.

Созмондиҳӣ ва барномарезии гурeҳҳои сиёсӣ ва динӣ, ки одатан ба хотири ба вуҷуд овардани фазои ноорому бесубот дар ҷомеа ва минтақаҳо амалӣ мешаванд, сухани тоза нест. Бахусус, аз ибтидои асри бист сарпарастони гурeҳҳои исломи сиёсӣ дар мамолики арабӣ «иқдомот»-и густурда рӯйи даст гирифта, бар асоси консепсияи динӣ-мазҳабӣ ва истифода аз нуфузи лидерони маҳаллии мазҳабӣ тарҳҳоеро таҳия ва роҳандозӣ намуданд. Ҳамин гуна тарҳи сиёсӣ ва динӣ, албатта, таҳти сарпарастии молиявию иқтисодии созмонҳои пасипардагии ғарбӣ дар кишварҳои исломӣ аз ҷониби исломиёни салтанатталаб ва худбохта ҳамсадоӣ пайдо кард.

Муҳаққиқоне, ки дар заминаи қолабҳои мафкуравӣ ва сиёсӣ таҳқиқ мекунанд, тамоми созмонҳои сиёсии исломиро, маҳсули сарпарастии бевоситаи хадамоти хориҷӣ медонанд. Яъне созмонҳои сиёсии исломӣ аз берун коргардонӣ ва маблағгузорӣ мешуданд. Аз машҳуртарин созмон – «Ихвон-ул-муслимин» шурӯъ карда, то ба ДИИШ (давлати исломии Ироқ- Шом) ва гурӯҳҳои ба он тобеъ сарпараст ва пуштибони хориҷӣ доранд ва бозиҳо, асосан аз хориҷ тарҳррезӣ мешаванд.

Ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳо, аз ҷумла ҳизбу ҳаракатҳои исломие, ки дар ҷаҳони исломӣ вуҷуд доранд, гарчанде бисёре аз онҳо даъвои сохтани Хилофати умумиҷаҳонии исломӣ мекунанд, ҳама қудратхоҳ мебошанд ва ҳеч гоҳ ба хотири ҳадафи ягона муттаҳид намешаванд. Ба ҳамин хотир, сармоядорони Ғарбӣ дар кишварҳои исломӣ ҳизбу ҳаракатҳоеро дастгирӣ мекунад, ки ҳуввияти исломии мардумро афзоиш медиҳанд, сатҳи саводнокии мардумро коҳиш медиҳад ва дар давлатдорӣ исломи сиёсиро чун ягона дурнамо пешбинӣ мекунад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон тўли садсолаҳо аз мазҳаби ҳанафӣ пайравӣ мекунад. Мазҳаби ҳанафӣ мардумро дар ин муддат ба таҳаммулгароӣ, ҳамзистӣ ва эҳтиром ба урфу одат ва арзишҳои миллӣ тарғибу ташвиқ менамуд.

Исломе, ки асрҳо боз тоҷикро ба тоату ибодат, таълиму насиҳат, некхоҳию накӯкорӣ даъват менамуд, якбора ба ӯ амр кард, ки майдондорӣ кун, силоҳ бигир, мансабро ба зӯр соҳиб шав, интиқомгирӣ кун, одам бикуш ва ғайраву ҳоказо. Табиист, ки ин гуна таълимоти диниро ҷомеаи суннатии тоҷикқабул надоштанд. Барои ҳар як фарди солимақл пайдост, ки барои гирдиҳамоиҳо, бесарусомониҳо, қатлу куштор ва ба коми оташ кашидани биноҳои маъмурӣ ва маишӣ кӣ ва барои чӣ маблағгузорӣ мекунад. Барои “мухолифон” ҳам ин пўшида нест. Барои ҳамин, онҳо бисёр иштиёқманд ҳастанд, ки чунин “сармоягузорон”-ро ҷалб кунанд.

Мо, тоҷикистониён, дар пешгирии ин ҳама хатарҳои замони муосир чӣ иқдом карда метавонем? Албатта, мақомоти қудратӣ ва ҳифзи тартибот вазифаи худро иҷро мекунанд. Аҳли ҷомеа ҳам дар ин самт дар канор буда наметавонад. Падару модарон, муассисаҳои таълимӣ, уламои дин ва дигар ниҳодҳои давлатӣ барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб мусоидат карда метавонанд.

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон роҳи худро дар мавриди бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намудааст. Аз ин рӯ, давлат ва Ҳукумати мамлакат намегузоранд, ки гурӯҳҳои тағрибкор бо истифода аз арзишҳои динӣ ва расидан ба мақсадҳои носолими худ ба рӯзгори осоиштаи мардум халал ворид созанд.

Қурбонова Мусабеъхон Усмонхӯҷаевна – сармуаллимаи кафедраи фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ