​Таҷлили Наврӯз дар Китобхонаи илмии донишгоҳ

Дар Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз Наврӯз таҷлил намуданд. Ба ин муносибат дар толори китобхона ҷамъомад доир гардид, ки дар он муовинони ректор, сардорони шуъбаву сохторҳои донишгоҳ ва намояндагони раёсати донишгоҳ иштирок намуданд.

Дилбар Самадова, директори Китобхонаи илмӣ иштирокчиёни ҷамъомадро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфта, саодату саломатӣ орзу намуд.

Абдуфаттоҳ Раҳимов, муовини ректор оид ба корҳои таълим доир ба таърихи Наврӯз ва суннату анъанаҳои ин ҷашни аҷдодӣ сухан намуд.

Таъкид гардид, ки Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ва соли нави аҷдодии мо буда, ниёкони некноми мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил мекарданд, омадани баҳор ва эҳёи табиатро бо шодиву хурсандӣ ва бо иштироки хурду бузурги диёр истиқбол мегирифтанд.

“Мардуми тоҷик Наврӯзро дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, то замони мо расонидаанд. Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд” – зикр намуд Абдуфаттоҳ Раҳимов.

Ҳамзамон, ба ин муносибат дар саҳни ҳавлии Китобхона суманак гузошта шуд, ки рамзи баҳору Наврӯз буда, ба чорабинӣ мазмуни бештар эҳдо намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ