Таҳдид ба амният ва суботи ҷомеа

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки «Терроризм ватан, забон, наҷод ва дин надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст».
Дар ибтидои асри ХХI инсоният бо хатари ҷиддие рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он «Терроризми байналмилалӣ» мебошад. Терроризм ва эктремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зўроварӣ расонидани зарари вазнини рўҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.
Терроризм ва эктремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда оқибат ба бесуботи ва вайронкорӣ меорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва эктремизмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад.
Имрўз масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм яке аз масъалаҳои асосии хусусиятӣ ҷаҳонӣ дошта пайдо кардааст. Ин вабои аср ба амнияти тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид намуда истодааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз он беканор намондааст.
Экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст.
Имрӯз халқ шоҳиди он гардидааст, ки чӣ гуна терроризми байналмиллалӣ амалиёти таҷовузкоронаи худро таҳти ливои сиёсии моҷароҷӯӣ ва таассуби динӣ амалӣ мегардонад. Тоҷикистон нуқтаи назари онро, ки мубориза бар зидди терроризм, яке аз масъалаҳои муҳимтарин, ки имрӯз инсоният дучори он гардидааст, дастгирӣ менамояд. Терроризм дар тамоми шаклҳо ва зоҳироташ маҳкум карда шуда, зарурати мутобиқати амали ҳамаи ҷамъияти ҷаҳониро оид ба решакан кардани ин золимӣ дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ баромад менамояд.
Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айнӣ замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағ-гузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду талошҳо омадааст: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад».
Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст.
Ифротгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Ќайд кардан ҷоиз аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.
Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Айни замон гурӯҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ», «ҳизб-ут-таҳрир», «ҳизбуллоҳ», «Ал-қоида», «Боко-ҳарам», «Толибон» ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Махсусан барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нафту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, ки паси он миллиардҳо меистанд. Зикр намудан бамаврид аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистӣ мебошад. Вобаста ба гуфтаҳои боло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.
Мо, омӯзгорон ҳамеша ба суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Хонандагонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда ба роҳи дуруст ҳидоят менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгири мекунем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ